Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД дар сӯхтор раиси бозори Кӯлобро айбдор мекунад (ВИДЕО ва 7 АКС)


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, раис ва соҳибкорони бозори сӯхтаи шаҳри Кӯлоб дар соли ҷорӣ чандин бор аз мақомоти сӯхторнишонӣ ҳушдор гирифта буданд, ки қоидаҳои зиддисӯхторро риоя кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи сӯхтори ахир дар бозори шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки ин сӯхтор тахминан соати 00:15-и шаби 22 июл дар Маркази савдои «Шаҳбоз»-и шаҳри Кӯлоб рух дода, соати 00:39 хабараш ба шӯъбаи хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб расидааст. Бино бар ин манбаъ, барои хомӯш намудани сӯхтор 18 мошини оташнишонӣ ва 2 мотопомпаи қисмҳои оташнишонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва 4 мошини обкаши шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд. Ба навиштаи сомонаи вазорати умури дохила, «масоҳати умумии сӯхтор 965 метри мураббаъ, зиёда аз 90 нуқтаи савдоро ташкил медиҳад. Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар мағозаи маркази савдои «Шаҳбоз» мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.» Аммо гуфта мешавад, ки моли мардум ба маблағи 82 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шудааст.

Вазорати умури дохила мегӯяд, мақомоти сӯхторнишонӣ чандин бор мудири маркази савдои «Шаҳбоз» Рашид Ризоевро ҳушдор дода буданд, ки меъёрҳои амният аз сӯхторро дар ин бозор риоя кунад. Аз ҷумла рӯзи 18 январи соли равон ба Ризоев як амрнома ирсол шуда, рӯзи 20 январӯ барои вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ба маблағи 600 сомонӣ ва 10 соҳибкори маркази савдои «Шаҳбоз» ба маблағи 1200 сомонӣ ҷарима баста шуданд ва ҳатто «1 дӯкони савдо ва 4 нуқтаи барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд, аз манбаи барқ ҷудо карда шудааст.»

Ҳамин тавр, ба гуфтаи вазорат, рӯзи 2 июн амрномае иборат аз 25 банд ба раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Кӯлоб З. Ҳакназарова ирсол шуд ва «нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 43 протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5240 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Инчунин қарор дар бораи боздоштани сохтмони мағозаҳо дар бозори «Саховат» аз 03.07.соли 2014 қабул карда шуда, амалӣ гардонида шудааст.»

Бозори "Саховат"-и Кӯлоб боз ба коми оташ рафт

Бар асари сӯхторе, ки шаби 21 ба 22 июл дар бозори "Саховат" - и Кӯлоб рух дод, беш аз 100 нуқтаи тиҷорӣ ба коми оташ рафт. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб рӯзи сешанбеи 22 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор тахминан соатҳои 00.40 дақиқа аз маркази савдои «Шаҳбоз», воқеъ дар қисмати ҷанубии бозори «Саховат»-и шаҳри Кўлоб сар зад ва 46 нуқтаи тиҷорӣ дар масоҳати 480 метри мураббаъ сўхта валангор шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Фаррухшоҳ, оташ ҳамчунин як қисми бозори «Саховат» - ро фаро гирифта, дар натиҷа ба 60 нуқтаи савдо, 10 дукон ва 1 адад ошхонаро дар масоҳати 450 метри мураббаъ, ҳамчунин Маркази савдои «Баракат» зарари ҷиддӣ расидааст. Ҷаноби Фаррухшоҳ мегӯяд, барои хомӯш кардани алангаи оташ 20 автомашинаи сўхторнишонӣ ва таҷҳизоти хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб ва 4 автомашинаи обкаши идораҳои коммуналии шаҳр сафарбар шуданд.

Сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб афзкуд, ки бештар аз 82 миллион сомонӣ муодили беш аз 16 миллион доллари амрикоӣ амволи тоҷирон аз коми оташ наҷот дода шудааст. Ба иттилои Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, аз дақиқаҳои аввали сўхтор роҳбарияти шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, барои хомӯш кардани оташ тамоми чораҳоро рӯи даст гирифтанд. Ба таъкиди сухангӯи шаҳрдории Кӯлоб ба манзури мушаххас кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва рафъи паёмадҳои он комиссиуни муштарак таъсис ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол иддае аз занони савдогари бозори "Саховат" -и Кӯлоб, ки амволашон ба коми оташ рафтааст, барои додгоҳӣ ба назди шаҳрдорӣ рафтанд. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб дар мулоқот бо онҳо ваъда додааст, ки барои барқарор кардани дуконашон кӯмак хоҳад кард ва ҳамчунин аз пардохти ҳаққи чек онҳоро озод хоҳад намуд.

Зимнан ин дуввумин маротиба дар соли ҷорӣ аст, ки бозори "Саховат" -и Кӯлоб ба коми оташ меравад. Бори аввал шаби 12 ба 13 январ сӯхтор дар қисмати савдои либос рух дода буд, ки ба иттилои мақомот маблағи тахминии амволи зарардида 2, 8 миллион сомониро ташкил дода буд. Дар пайи ин сӯхтор 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дида буданд.

Шаҳрдории Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо раёсати "Тоҷикматлубот" дӯконҳои зарардидаро дубора барқарор карда ва қисмати осебдида дар остонаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2009 низ бозори "Саховат"-и Кӯлоб ба коми оташ рафта буд ва дар натиҷаи ин сӯхтор дастикам 20 дӯкони ин бозор комилан хароб шуда буд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG