Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудаҳо дар таркиши рӯзи 8 ноябр дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 3 нафар расид. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сӯхтор бар асари беэҳтиётӣ ба амал омадааст.

Теъдоди қурбониёни дар таркиши рӯзи 8 ноябр дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 3 нафар расид. Заҳматшоҳ Саидови 48-сола, ки дар пайи ин таркиш ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, шаби 8 -уми октябр дар бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам даргузаштааст. Заҳматшоҳ Саидов, ронандаи мошини тамғаи “Лексус”, ки он дар таркиш дар нуқтаи бензинфурӯшии ҷамоати Зайнабобод пора пора шуда буд, соҳибкор буда, дар кӯчаи Тургеневи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт зиндагӣ мекард.

Дар рӯзи ҳодиса – 8 ноябр - мақомот аз ҳалокати 2 нафар ва ҷароҳат бардоштани то 10 тани дигар дар ин таркиш иттилоъ доданд. Ҳоло гуфта мешавад, вазъи саломатии 2 нафари дигар аз зарардидагони таркиш вазнин аст.

8 ноябр: Дар Зайнабобод чӣ гузашт?

Гулнамо Давлатҷони 21-сола, дар роҳ ба сӯи ҷои кор ва Ҳасан Хидиров ҳангоми иҷрои кор, дар нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ фавтидаанд. Ба гуфтаи масъулини ноҳия, бар асари таркиш дар ин нуқта 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва як нафар ҳам дар ҳолати вазнин дар беморхона аст ва табибон эҳтимоли зинда мондани ӯро хеле кам арзёбӣ мекунанд. Гулнамо, дар ошхонае ба ҳайси пешхизмат кор мекардааст ва дар роҳ ба ҷойи кораш, ҳангоми гузаштан аз назди нуқтаи сӯзишворӣ ба ин фоҷеа гирифтор шудааст. Ҳасан Хидиров корманди ин ин нуқтаи бензинфурӯшӣ будааст.

Дар пайи ин таркиш, ки соатҳои 11 рӯзи 8 уми ноябр ба гуфтаи мақомот ба эҳтимоли ғолиб аз гази моеъ сар задааст, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар ҷамоати Зайнабободи Рӯдакӣ, комилан валангор шуда, 4 мошин, ки он соат барои гирифтани сӯзишворӣ дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, комилан корношоям шуданд. Ҳатто аз ду мошин, мошини тамғаи Лексус ва 011 танҳо оҳанпорае боқӣ монда буду халос. Мавҷуда Бобоева, муовини раиси ноҳияи Рӯдаки рӯзи ҳаштуми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо ҳоло аз беморхона омадем. Дар маҷмӯъ ҳашт нафар дар беморхонаи ноҳия бистарӣ шуд, 4 нафар, ки ҷароҳати сабук доштанд, ҷавоб дода шуданд. 4 нафар ҳоло дар беморхона ҳастанду ду нафар ҷарроҳӣ шуда, ҳоло вазъашон мӯътадил аст. Ҳоло вазъи саломатии як нафар хеле бад аст ва як нафари дигар ҳам бо вазъи бад дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудааст.”

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри як баёния шумори фавтидагонро 3 нафар гуфтааст. Бархе аз сокинони атрофи ин нуқтаи таркида шуда ҳам мегӯянд, эҳтимолан шумори фавтидаҳо аз ду нафар бештар бошад. Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки таркиш дар пайи ба амал омадани шарора аз гази моеъ сар задааст. Аммо масъулини кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва пулису дигар сохторҳо, дар ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омили аслии таркиш ҳанӯз дақиқ нест.

Замони ҳузури мо ҳам дар нуқтаи валангоршудаи сӯзишворӣ, гурӯҳи корие иборат аз намояндагони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, додистонӣ, мақомоти интизомӣ ва намояндаҳои ноҳия омилҳои аслии рух додани ҳодисаро меомӯхтанд. Муфаттишон барои ташхис дар як гӯша ду халта ашёҳои гуногунро ҷамъ оварда буданд, ки дар байни онҳо як балони хурди маишӣ ҳам буд ва дар он осори таркиш дида мешуд буд. Чунин фарзия ҳам буд, ки шояд таркиш ҳангоми пур кардани он балон бо гази моеъ ба амал омада бошад.

Сайёҳат Додоҷонова, раиси шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ҷамоати Зайналобод мегӯяд, онҳо ҳоло як рӯйхати пешакии ҷабрдидагонро таҳия кардаанд, ки дар миёни онҳо занон ҳам ҳастанд: “Соатҳои 11 буд, мо дар ҷамоат шишта будем, як садои баланди таркишро шунидем, омадем, ки ин воқеа рух додааст. Ҳама сокинони гирду гӯша то омадани сӯхторхомушкунҳо об оварда оташро хомӯш карданд. Баъдан мо ба мақомоти дахлдор занг задем. Дар ҷойи ҳодиса аллакай ду нафар фавтида буд.”

Хисороти молии ин фалокат ҳоло маълум нашудааст, вале аз садҳо ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Аммо ба ҷуз аз 4 мошин таркиш ҳамчунин ба мағозаи хӯрокворӣ ва нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, ки дар паҳлӯи нуқтаи сӯзишворӣ қарор доштанд осеб расонидааст. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Зайналобод, нуқтаи фурӯши гази моеъ хусусӣ ва аз ҷавоне бо номи Кенҷа будааст. Дар Тоҷикистон таркиш дар нуқтаҳои бензинфурушӣ зиёд дида нашудааст, вале ин ҳодиса яке аз таркишҳои маргбортарин аст, ки дар чанд соли ахир рух медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG