Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сӯхтори шаби 15 ба 16 ноябр дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо дӯкони матоъ ва либосфурӯшӣ ва намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони тоҷик ба коми оташ рафтааст.

Шумораи дақиқи дӯконҳои ба коми оташрафта маълум нест вале, бархе аз тоҷирон мегӯянд, дар ин сӯхтор то 70 дукон зарар дидааст.

Майор Равшан Исроилов аз Хадамоти давлатии сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Суғд рӯзи 16-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари сар задани оташ дар ошхонаи “Ҳаниф” соати даҳи шаб ба хадамоти оташнишонӣ расид: “Санаи 15-уми ноябр, соати 22:14 хабари сӯхтори ошхонаи “Ҳаниф” дар ҳудуди маркази савдои ҶДММ “Сино” дар ошёнаи дувум дар кӯчаи Б. Зокиров, 241 ба Хадамоти оташнишонӣ расид. Соати 22:20 алакай ду мошини оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Ҳангоми ҳозир шудани оташнишонҳо алангаи оташ алакай ҳудуди марказҳои савдои “Сино”, “Тоҷир” ва “Баҳор”-ро фаро гирифта буд.”

Аммо Исроилов гуфт, ҳоло масоҳати дақиқи сӯхтор, шумори дӯконҳо ва зарари молиявии ба тоҷирон расида маълум нашудааст ва сохторҳои махсус машғули ин кор ҳастанд. Ба таъкиди вай, то ба ҳол сабаби аслии сар задани сӯхтор низ дақиқ нашудааст.

Аммо шоҳидон ва бархе аз тоҷриони бозор мегӯянд ба эҳтимоли зиёд, таркиши балони гази маишӣ дар ошхонаи “Ҳаниф” боиси сар задани сӯхтор шудааст. Чунки бархе аз шоҳидон ва сокинони гирду атрофи бозор пеш аз сар задани сӯхтор садои таркишро шунидаанд.

Се маркази савдо, ки дар канори рости бозори “Панҷшанбе” дар сӯхтори шаби 15 ба 16−ум ба оташ рафтанд, ба гуфтаи шоҳидон, як силсила мағозаву дӯконҳои фурӯши либосҳо ва пойафзоли мардонаву занонаро дар бар мегирифтанд. Ҳамчунин дар ин сӯхтор намоишгоҳи рассомони вилояти Суғд низ ба коми оташ рафтааст.

Насибахон Эшонова, роҳбари Иттиҳодияи рассомон дар вилояти Суғд дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки марказҳои савдои “Баҳор” ва “Сино” дар бинои вилоятии Иттиҳодияи рассомон ҷойгир шуда буд. Хонум Эшонова афзуд, ки ин биноро моликони ин ду ширкат ғайриқонунӣ харидорӣ карда буданд ва як сол қабл пас аз муроҷиати рассомон ба президент дар мулоқот бо зиёиён додгоҳ бо судури як ҳалнома ин биноро ба Иттиҳодияи рассомон бозпас дод.

Аммо Эшонова мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ то ба ҳол иҷро нашуда буд ва онҳо танҳо дар як қисмати хурди ин бино намоишгоҳ ташкил карда буданд. Вай мегӯяд: “Ман аз ин сӯхтор ҳамин субҳ хабар ёфтам. Рафта дидам, ки беш аз 100 мусаввараҳои рассмон сӯхта нобуд шудааст. То ба ҳол ба худ наомадаам ва дар ҳолати шок қарор дорам. Аз тасвирҳои худам низ 25 наққошиаш сӯхтааст. Инҳо медонед, мисли фарзандонам буданд. Мо, эҷодкоронро медонед- ку, “худамро кушу бузамро не!” мегӯем.”

Насибахон Эшонова афзуд, дар пайи ин оташсӯзӣ муссавараҳое барои ҳамешагӣ нобуд шуданд, ки барқарор кардани эшон имкон надорад. Ба таъкиди Эшонова онҳо ният доштанд дар рафаи соли нав намоишгоҳи рассмони ҷавонро барпо кунанд ва бисёре аз рассмони ҷавон мусаввараҳои хешро ба намоишгоҳ оварда убданд. Ба гуфтаи Эшонова ҳамаи он муссавараҳое, ки ба ин намоишгоҳ рассмони ҷавон оварда буданд сухта нобуд шуданд.

Сӯхтори бозорҳо дар Тоҷикистон зуд зуд рух медиҳад. Дар аксар маврид ба далели наздик ҷойгир будани дӯконҳо пас аз сар задани оташ мошинҳои оташнишонӣ намтавонанд дохили растаҳои бозор шаванд. Дар натиҷа алангаи оташ бузург шуда аз худ хисороти зиёд боқӣ мегузорад. Дар се соли охир сӯхторҳои бузург, ки ҳадди ақал аз як миллион сомонӣ бештар хисорот доштанд, дар бозорҳои Душанбе - “Саховат”( соли 2011), Ҷал-ҷам” (соли 2012, 21 ноябр), Корвон (соли 2012, 5 –уми сентябр), бозори марказии Хоруғ, бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа ва ду маротиба дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб рух доданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG