Пайвандҳои дастрасӣ

Хисороти сӯхтор дар бозори Кӯлоб 2,8 млн сомонӣ будааст


Хисороти оташсӯзӣ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб тахминан маблағи 2, 8 миллион сомониро ташкил додааст.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб рӯзи сешанбеи 14-уми январ дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки маблағи тахминии амволи зарардида 2, 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар пайи ин сӯхтор 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дидаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Фаррухшоҳ, қарор аст, қисмати осебдидаи бозори "Саховат" -и Кӯлоб то ҷашни Наврӯз аз нав бунёд карда шавад, ки раёсати "Тоҷикматлубот" ин масъулиятро ба дӯш гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки пас аз вуқӯи ҳодисаи сӯхтор Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва Валӣ Сироҷов, раҳбари "Тоҷикматлубот" аз маҳалли ҳодиса дидан карданд ва ба соҳибкорони осебдида ваъда доданд, ки хисороти ворида ҷуброн хоҳад шуд. Ҳатто Валӣ Сироҷов гуфт, соҳибкороне, ки дӯконҳояшон сӯхта нобуд шудааст, барояшон дӯкони нав бунёд карда мешавад ва як сол куллия савдогарони зарардида аз андоз ва дигар пардохтҳо озод хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол барои бунёди қисмати сӯхтаи бозор маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ба таъкиди сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб, айни ҳол макони ҳодиса аз хоку хокистар тоза карда мешавад ва барои тоза кардани бозор тамоми корхонаҳои коммуналии шаҳри Кўлоб, сарбозони воҳиди низомии 3503 - Вазорати корҳои дохила сафарбар карда шудаанд. Ба ин тартиб тибқи нақша муддати се рӯзи оянда қисмати осебдидаи бозор пурра тоза карда мешавад.

Ҳамчунин ба иттилои Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, раҳбарияти шаҳри Кӯлоб тамоми чораҳоро баҳри ҳарчӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офат ва кўмак ба мардуми зарардида рӯи даст гирифтааст.


ВКД: Бозори Кӯлоб аз расидани ноқили барқ сӯхтааст

Вазорати корҳои дохила бо пахши як баёния гуфт, «расиши кӯтоҳи ноқилҳое, ки аз манбаи қувваи барқ ба нуқтаҳои савдо кашида шудааст» сабаби сӯхтор дар бозори марказии Кӯлоб шудааст.
Дар шарҳи ҳодисаи сӯхтори шаби 12-ум ба 13-уми январ дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ омадааст, ки «ҳангоми хомӯшу даргиронии қувваи барқ шарораи аз ноқилҳо ба амал омада, ба болопўши селофании нуқтаи савдо афтида, сабаби сар задани сўхтори шадид гардид.»

Тибқи маълумоти мақомот, аз сабаби он ки молу ашёи бозор аз маҳсулоти синтетикӣ ва оташангез иборат будааст, сӯхтор дар як фурсати кӯтоҳ масоҳати зиёдеро фаро гирифта, дар натиҷа нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 3028 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст.


Вазорати корҳои дохилӣ 4 сокини шаҳри Кӯлоб - Валӣ Файзов, Тӯрахон Файзов, Зоирхон Файзов ва Шӯҳрат Шарифовро ҳамчун шоҳиди ҳодиса, ки сӯхтор «аз расиши ноқилҳои барқ ба амал омадааст,» зикр кардааст.

М. Алимардон дар пайи сӯхтор ба Кӯлоб рафт

Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба манзури баррасии сӯхтор дар бозори Кӯлоб вориди ин шаҳр шудааст.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "пас аз вуруд ба шаҳри Кулоб Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон аз маҳалли "сӯхтор" дар бозори "Саховат" дидан кард."

Ҳамакнун ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдори Кулоб, муовини нахуствазир бо масъулон ва ниҳодҳои марбутаи давлатии ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар маврид сӯхтор дар бозори "Саховат" ва чораҳои бартараф кардани хисороти ворида ба тоҷирону соҳибкорон мулоқот дорад.

Ба таъкиди ҷаноби Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, дар пайи ин нишаст, тадобири лозим ва иқдомоти зарурӣ дар ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти тоҷирону соҳибкорони бозори "Саховат" -и Кӯлоб, ки дар пайи сӯхтор зарар дидаанд, руи даст гирифта мешавад.

Зарардидагони сӯхтор 1 сол аз молиёт озод мешаванд


Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб ҳам аз маҳалли сӯхтор дар бозори «Саховат»-и ин шаҳр дидан карда ва бо тоҷирони он мулоқот намуда буд.

Дар ин мулоқот ҳудуди 500 тан аз тоҷирону соҳибкорони бозор ширкат карданд, ки дӯкону нуқтаҳои фурӯши аксари онҳо бар асари оташсӯзӣ зарар дидааст.

Дар канори шаҳрдори Кӯлоб, ҳамчунин роҳбарияти ширкати «Тоҷикматлубот» низ бо тоҷирону соҳибкорон сӯҳбат кардаанд.

Мақомот ба тоҷирону соҳибкорон ваъда доданд, ки тамоми дӯконҳои бар асари оташсӯзӣ нобудшуда барқарор шуда ва фурӯшандаҳое, ки зарар дидаанд 1 сол аз молиёт ва дигар пардохтҳо озод хоҳанд шуд.

Дар пайи сӯхторе, ки шаби гузашта дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтод, ҳудуди 480 фурӯшгоҳ ва нуқтаи савдо зарар дидаанд.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдории Кӯлоб рӯзи душанбеи 13-уми январ зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки "тахминан соатҳои 23:30 дақиқаи шаби 12-уми январ сӯхтор қисмати савдои либоси бозорро ба коми оташ фурӯ бурд."

Ба гуфтаи ҷаноби Фаррухшоҳ, барои хомӯш кардани он 16 автомашинаи сӯхторнишонӣ, чаҳор мошинаи обкаш ва ду мотопомба сафарбар шуда, баъд аз се соат оташ хомӯш карда шуд. Ҳамакнун сухангӯи шаҳрдории Кулоб гуфт, ки тибқи тахминҳои пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш ба амал омада аст.

Масъулони Идораи сӯхторнишонии Кӯлоб мегӯянд, онҳо чанд бозори хурди дигари паҳлӯи бозори марказии Кӯлобро аз коми оташ наҷот додаанд.

Саидмуддассир Раҳматов, як масъули Идораи сӯхторнишонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар паҳлӯи бозори Марказии шаҳр ду бозори дигар ҷойгир аст, ки эҳтимоли зиёд дошт, алангаи оташ ба онҳо низ бичаспад, аммо бо талоши сӯхторнишонон алангаи оташ дар зудтарин маврид хомӯш карда шуд.

Масоҳати бозори «Саховат», ки аз бузургтарин бозорҳои ин шаҳр аст, дар маҷмӯъ 3,1 гекторро ташкил медиҳад, ки ба ғайр аз қисмати фурӯши либос, ҳамчунин дорои бинои пӯшидаи савдои хӯрока низ мебошад. Масъулони шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, сӯхтор ба қисмати савдои хӯрокаи бозор осеб нарасонидааст.

Дар ҳамин ҳол ба таъкиди Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, барои рӯшан кардани сабабҳои аслии сӯхтор комиссияи давлатӣ таъсис дода шуда, таҳқиқ оғоз шудааст.

Қаблан ҳам бозори "Саховат"-и Кӯлоб ба коми оташ рафта буд. Соли 2009 дар натиҷаи сӯхтор дастикам 20 дӯкони ин бозор комилан хароб шуда буд.

Навори сӯхтори бозори "Саховат"-и Кӯлоб шаби 12-ум ба 13-уми январи соли 2014.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG