Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Хадамоти сӯхторхомӯшкунии Озарбойҷон рӯзи ҷумъа талош доштанд оташеро, ки дар Маркази Ҳайдар Алиев дар шарҳи Боку сар зад, хомӯш кунанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳалли сӯхтор 10 мошин кор мекунанд.


Маркази ба номи Ҳайдар Алиев ба ифтихори раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар ва падари президенти амалкунанда Илҳом Алиев гузошта шуда, моҳи маи соли ҷорӣ ифтитоҳ шуд. Барои бунёди ин марказ садҳо миллион доллар сарф шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби сар задани сӯхтор чӣ будааст.


XS
SM
MD
LG