Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе рӯзномаи яҳудии сад соли пешро ёфтанд. ВИДЕО


Намунаи нашрияи "Раҳмим" ба забони яҳудӣ дар Тоҷикистон

Намунаи нашрияи "Раҳмим" ба забони яҳудӣ дар Тоҷикистон

Пайдо шудани ду бастаи рӯзнома бо забони яҳудӣ дар бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон муҳаққиқонро ба ҳайрат овардааст. Дар ин ду баста чорсад шумораи рӯзномаи яҳудиёни Осиёи Марказӣ ҷой дода шудааст, ки аз соли 1910 то 1916 рӯи чоп омадаанд.

Қурбоналӣ Бӯриев, мудири Хонаи китоби Тоҷикистон, рӯзи 17 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бастаҳо ҳангоми азназаргузаронии бойгонӣ пайдо шудаанд. "Ҳангоми ҳисобот ба қайд гирифта шуда буд, ки дар инҷо рӯзномаҳо аз соли 1924 ва адабиёт аз соли 1922 вуҷуд доранд. Лекин дарёфти ин баста моро ба 14 соли пештар аз ин санаҳои муайяншуда бурд," – афзуд ӯ.

Муҳтавои ин рӯзномаҳо бо сабаби нофаҳмо будани хатти он то ҳол норӯшан боқӣ мондаанд. Танҳо чизе ки маълум аст, таърихи нашр, муассис ва суроғаи рӯзнома аст, ки бо забони русӣ навишта шудааст.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, бо омӯзиши ин бастаҳо мешавад, вазъи он давраи таърихро, ки ба замони бедории миллатҳои Осиёи Марказӣ рост меояд, каме равшан кард.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Мурод Муродӣ, профессор ва муҳақиқи матбуоти тоҷик гуфт, ин рӯзнома бо унвони "Раҳмим" дар вилояти Фарғона дар шаҳри Скобел ва баъдтар дар худи хонигарии Қуқанд нашр шудааст.

"Муассиси рӯзнома Давидбаев ишора шудааст. Аз ин рӯ, гумон мекунам, бо пайдо кардани нафаре, ки воқеан аз мутолиаи ин хат огоҳ аст ва баҳра бардоштан аз мундариҷаи ин нашрия бисёр масъалаҳое ки ба яҳудиёни Осиёи Миёна ва халқҳои дигар минҷумла тоҷикон аз инҷо пайдо шавад," - шарҳ дод Муродӣ.

Роҳ ёфтани рӯзномаи яҳудии 100 соли пеш дар ин бойгониро танҳо тахмин мекунанд, ки шояд касе аз яҳудитаборон дар солҳои аввали истиқлолият ин бастаҳоро ба хотири нобуд нашудан инҷо оварда, худаш тарки Тоҷикистон карда бошад.

Бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон

Бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон

Чунки дар ҳеч санаде ворид шудани ин гуна рӯзномае дар бойгонӣ сабт нашудааст. Баъзе аз пажӯҳишгарон тахмин мекунанд, ки мазмуни рӯзномаи “Раҳмим” бояд тоҷикӣ бошад, чунки яҳудиёни Фарғона, Бухоро ва Самарқанд маҳз бо ин забон муошират мекардаанд. Масъулони Хонаи китоби Тоҷикистон тасмим доранд, дар сурати фаҳмо шудани мазмуни рӯзнома онро дар шакли рақамӣ дастраси ҳамагон намоянд.

Қурбоналӣ Бӯриев, мудири Хонаи китоби Тоҷикистон гуфт, “чаро ки на фақат барои мо, барои халқи яҳуд ҳам ягон дастоварди хуб бошад. Онҳо дар бораи ҳаёту фаъолияти халқи худ маълумоти саҳеҳ пайдо мекунанд.”

Рӯзномаи “Раҳмим” дар формати А-3 ва дар ҳаҷми як, якуним ва ду саҳифа дар як ҳафта ду рӯз - сешанбе ва ҷумъа - нашр шудааст. Моҳияту мазмуни мавзӯъҳои дар ин рӯзнома нашршуда танҳо баъди пайдо шудани нафаре ба даст меояд, ки аз ин ҳуруф воқиф бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG