Пайвандҳои дастрасӣ

Билохира Низомхон Ҷӯраев куҷо шуд?


Акс аз моҳи маи соли 2012, Душанбе

Акс аз моҳи маи соли 2012, Душанбе

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мегӯянд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев дар қаламрави ин кишвар нест.

Манобеи радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гуфтанд, ки эҳтимол Ҷӯраев муҳлати кӯтоҳе дар хоки ин кишвар будааст ва ин қаламравро ҳамчун транзит барои рафтан ба давлати сеюм истифода кардааст. Манбае дар сохторҳои амниятии Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, ки “маъмулан ингуна афрод зери ҳимояти шахсият ё гурӯҳҳои муайян дар хоки кишварҳои дигар панаҳ мебаранд. Вале ҳукумати Қирғизистон ба равобит бо давлати ҳамсояи Тоҷикистон эҳтиром қоил аст ва ба хотири ҳеҷ шахсияте муносибати хуб бо президент Раҳмонро бад намекунад.” Ин манбаъ афзудааст, ки агар Ҷӯраев дар қаламрави Қирғизистон мебуд ва боздошт мешуд, ҷониби Қирғизистон ӯро ҳатман ба Тоҷикистон истирдод мекард.

Низомхон Ҷӯраев, собиқ раҳбари корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд дар вилояти Суғд ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, даст доштан дар қатли Толиб Бобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон, хусусигардонии ғайриқонунии 16 иншооти давлатӣ ва дуздии 38 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 11 миллион доллар муттаҳам шудааст. Ҷӯраев соли дар 2010 дар Русия боздошт ва сипас соли 2011 бо ҳукми Додситонии кулли Русия ва ризоияти Додгоҳи шаҳри Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Баъд аз ин муҳокимаи Низомхон Ҷӯраев соли 2012 шурӯъ шуд ва ӯ дар чанд парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи ҷиноии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат шаҳодат дод, ки гӯё корхонаи “Тоҷикатлас”-ро ба зӯрӣ аз худ кардааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, соҳибкори тоҷикро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ нигаҳ медоштанд, вале баъди чанде гуфтанд, ки ӯ аз хоки кишвар фирор кардааст ва исми ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалии Интерпол ворид карданд.

Нопадидшавии Ҷӯраев баъди он расонаӣ шуд, ки вай рӯзи 18 июн ба додгоҳ ҳозир нашуд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки ӯ метавонист аз зери назари тафтишот фирор кунад. Муддате баъд хабаре пахш шуд, ки гӯё Ҷӯраев дар хоки Қирғизистон паноҳ бурдааст.

Рӯзи 25 ноябр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, Оҷонсии зидди фасод ва ҳам вакили дифои Низомхон Ҷӯраев ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи маҳалли будубоши ин шахс ҳамоно ҳеҷ иттилое надоранд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG