Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ "Ситораи афғон" мешавад - Панҷшанбе Мафтун ё Алӣ Соқӣ?


Рӯзи 21 март барандаи озмуни “Ситораи афғон” маълум хоҳад шуд. Дар даври ниҳоии ин сабқат Панҷшанбе Мафтун ва Алӣ Соқӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Озмуни овозадори “Ситораи афғон”, ки аз сӯи телевизиони “Тулӯъ”-и Афғонистон роҳандозӣ шудааст, ин ҳафта ба охир мерасад. Ҳоло дар даври ниҳоӣ Панҷшанбе Мафтун, аз вилояти Бадахшон, ки сурудҳои маҳаллии тоҷикони он кишварро месарояд ва Алӣ Соқӣ, намояндаи ақаллияти ҳазора, барои мақоми аввал, сабқат мекунанд.

Ҳафтаи гузашта ин ду сароянда сурудаҳои худро тақдим карданд ва ҳоло давоми ин ҳафта бояд дӯстдорони ин ду ҳунарманд, тариқи паёмак ва ё СМС, аз яке аз ин ду ҷонибдорӣ намоянд. Ғолибон аз тариқи орои мардум, ки тариқи паёмак ва ё СМС аз дохил ва хориҷи Афғонистон ирсол мешаванд, муайян карда мешаванд.

Панҷшанбе Мафтун, ки дар марҳилаҳои ибтидоии ин озмун аз Бадахшону Балх то ба Кобул расид, дар чанд давр аз сӯи доварон баҳои арзанда дарёфт кард ва рӯзи панҷшанбеи 12 март, ба марҳилаи поёнӣ расид. Ӯ аз шогирдони маҳаллихони машҳур дар шимоли Афғонистон Мир Мафтун мебошад. Мир Мафтун дар Тоҷикистон низ миёни дӯстдорони санъату мусиқӣ аз маҳбубият бархӯрдор аст.

Рақиби Панҷшанбе Мафтун дар даври ниҳоӣ - Алӣ Соқӣ - аз ақалияти ҳазора дар он кишвар намояндагӣ мекунад ва асосан сурудаҳои маҳаллии ин қавмро бо забони дарӣ месарояд.

Раъйдиҳӣ аз хориҷи Афғонистон барои ин ду ситора ба тариқи зайл сурат мегирад. Раъйдиҳанда бо шумораи +93799780456 занг зада, баъд аз интихоби забон, барои рафтан ба менюи "Ситораи афғон", калиди 5-ро фишор медиҳад. Шумораи 1-ро барои рафтан ба бахши раъйдиҳӣ фишор дода, коди раъйдиҳии иштироккунандаи мавриди назари худро фишор медиҳад. (Коди раъйдиҳӣ фақат дар байни шумораҳои 1 то 13 мебошад) мебошад. Коди раъйдиҳӣ барои Панҷшанбе Мафтун 11 ва барои Алӣ Соқӣ 10 мебошад.

БАРОИ МАЪЛУМОТИ БЕШТАР БА ИН САФҲА САР БИЗАНЕД

http://www.afghanstar.tv/how-to-vote

ДУ СУРУДИ ПАНҶШАНБЕ МАФТУН:

Соли гузашта низ намояндаи вилояти Бадахшон Довуди Пажмон, ки бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд, дар “Ситораи афғон” шӯру валвала ба по кард. Довуди Пажмон дар озмуни соли гузашта, ба мақоми чаҳорум расида буд. Дар озмуни "Ситораи афғон" дар соли 2014 Ноиби Ноёб, Рабӣ Беҳзод ва Ораши Бориз се мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад. Барандаи озмуни "Ситораи афғон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз эълон мешавад.

СУРУДИ ҲАЗОРАГӢ ДАР ИҶРОИ АЛӢ СОҚӢ

XS
SM
MD
LG