Пайвандҳои дастрасӣ

Филм барои ҷавонон: "Хунрезӣ дар Сурия ҷиҳод нест"


Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Дар ҳамоиши мардумие бо ширкати мақомоти давлатӣ, рӯҳониён, падару модарон ва ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа филме намоиш дода шуд, ки аз нигоҳи офарандагонаш бояд аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ пешгирӣ кунад.

Дар ҳамоиши мардумие бо ширкати мақомоти давлатӣ, рӯҳониён, падару модарон ва ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа филме намоиш дода шуд, ки аз нигоҳи офарандагонаш бояд аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ пешгирӣ кунад.

Саҳнаҳои бераҳмӣ ва ғамангез, ки дар ин филм канори ҳам қарор ёфтаанд, ба ҳиссиёти бинанда таъсир мегузоранд.

Куштор ва марги ҷавонон ва лаҳзаҳои хунине рӯи парда ба навмоиш омаданд, ки занон ва хонандагони мактаб дар баъзе мавридҳо ҷуръати нигоҳ кардан ба онҳоро надоштанд. Манзараҳои ваҳшатангези Сурияро чеҳраҳои андӯҳгини падару модар ва наздикони онҳое иваз карданд, ки писар ё хешу пайвандашон ба таблиғот дода шуда, ҳоло дар Ховари Миёнаанд ва сарнавишти онҳо номаълум аст.

Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Модару падарон аз чунин фарзандон илтиҷо мекарданд, ки ба ватан баргарданд. Лаҳзае, ки ду кӯдак -- яке чаҳорсола ва дигаре панҷсола, падарашонро аз Сурия даъват мекарданд чандин нафар аз бинандагон гиря сар доданд.

Гулчеҳра Толибова, зани 50-сола, сокини маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа, ки писараш Фарҳод Бӯронов моҳи сентябри соли 2014 аз Русия ба Сурия рафтааст, баъд аз тамошои филм дар ҳоле ки ашк гӯлугираш мекард, аз ҷавонон хоҳиш кард, ба роҳе, ки писари ӯ рафтааст, нараванд.

"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки кореро, ки писари ман кард, накунед, ягона писарам буд, ки ӯро танҳо бузург кардам ва намехоҳам, ки ин рӯз насиби дигарон гардад. Писарам ором ва меҳрубон буд, баъзеҳо аз ин толор ӯро мешиносанд, вале намедонам, кӣ ӯро ба ин роҳ бурд, як сол бо ҳамсараш онҷо кор кард, вале дубора ҳамсарашро баргардонда худаш ба Сурия рафт," -- гуфт Гулчеҳра Толибова.

Ин зан афзуд, ки бо писараш тамос надорад, вале орзуеро мераварад, ки ягона писараш Фарҳод зинда баргардад ва дар канори ӯ ва хоҳаронаш бошад.

Додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Баҳриддин Сафарзода дар ин ҳамоиш эълони мақомоти давлатии Тоҷикистонро такрор кард, ки ҷавонони бозгашта аз Сурия ва Ироқ, агар дар ҷинояте даст надошта бошанд, ҳадафи таъқиб ва ҷазо қарор нахоҳанд гирифт.

Вай афзуд, қисме аз ҷавонон дар интернет бо афроди бад робита мегиранд ва ба доми онҳо меафтанд: "Ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ майл доранд, ки ин аз ҷониби бадхоҳон ба майдони ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфта, ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мегузорад."

Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Намоиши филм дар Қӯрғонтеппа

Дар ин ҷаласа ҷавони тоҷик Парвиз Набиеви 24-сола, сокини деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус, ки аз нимароҳи сафари Сурия пушаймон шуда баргаштааст, сухан кард ва аз ҷавонон даъват намуд, оқибати ҳар қадами худро андеша кунанд. Иттифоқан, бахши умдаи бинандагони филм ҷавонон буданд.

Шаҳрдори Қӯрғонтеппа Амируллои Асадулло, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, ҳукумат барои ҷавонон шароит фароҳам меорад, то ба нафъи ватани худ кору хидмат кунанд. Вай афзуд, бераҳмиҳое, ки бо номи ислом сурат мегиранд, симои исломро доғдор мекунад.

Ирфониддини Шамсиддин, сархатиби масҷиди ба номи Имоми Азами шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки даст ба куштор задан, танҳо гузоштани зану фарзанд ва бепарастор мондани падару модар ҷиҳод нест ва ҷавононе, ки ба доми фиреби тундгароён меафтанд, аз исломи ноб огаҳӣ надоранд.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки 22 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудаанд ва шумораи ҷавонони "ҷиҳод"-ӣ аз минтақаи Қӯрғонтеппа 30 нафар ва дар вилоят 65 нафар будааст.

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки тибқи иттилои онҳо, 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд, ки аксарияти онҳо ҷавонанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамоишҳое мисли маҳфили Қӯрғонтеппа ба коҳиши сафи ҷавонони ифротӣ мусоадат кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG