Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиҷи - аҷали қочоқбарон


Фиҷи - лақаби саги бӯгири сесолаест, ки солона то 200 кило маводи мухаддирро аз бағоҷ ва пинҳонгоҳҳои қочоқбарон ошкор мекунад.

Ин саги бӯгирро, ки чандин ҷоиза дорад, се соли пеш аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Маркази кинологии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон оварданд. Фиҷи барои ошкор кардани маводи мухаддир бо аксари сохторҳои қудратӣ хизмат мекунад ва дар тӯли се сол ҳудудан 600 кило маводи мухаддирро ошкор кардааст.

Мирзо Каримов, корманди Маркази кинологӣ ва соҳиби Фиҷӣ мегӯяд, бо кӯмаки дӯсти вафодораш борҳо аз ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ҷилавгирӣ шудааст. Дар Маркази кинологии Оҷонсии зидди маводи мухаддир феълан 18 саг нигоҳдорӣ мешавад. Аммо Фиҷи беҳтарини онҳост. Масъулини марказ мегӯянд, агар солҳои қаблӣ ин сагҳоро аз Русия, Қирғизистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон меоварданд, ҳоло онҳо талош дорад, ки аз сагҳои мавҷуд дар марказ насл бигиранд. Музаффар Мирзоев, сардори Маркази кинологии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд ин ақида, ки сагҳоро қабл аз бӯгир кардан бо маводи мухаддир мӯътод мекунанд, комилан ғалат аст.

Дар маркази кинологии оҷонсӣ сагҳоро аз ҳашт ва ёздаҳмоҳагӣ тамрин медиҳанд. Қабл аз оғози тамрин ин сагҳо, дар заминаи мушаххас кардани тавони биниш, шунавоӣ ва шамидан, аз ташхис мегузаранд. Танҳо баъд аз ин сагҳо бо дарсҳои семоҳа фаро гирифта мешаванд. Субҳи сагҳои бӯгир ҳамарӯза аз соати 7 то 8-и субҳ бо ташхиси байторӣ оғоз мешаванд ва танҳо баъд аз он сагҳо метавонанд ба дарсҳои амалӣ гузаранд.

Мухтор Тиллоев, бойтори маркази кинологӣ мегӯяд, дар маркази онҳо тамоми шароит барои ташхис, муолиҷа ва ҷарроҳии сагон муҳайё аст. Вай гуфт, аксари сагон солим буда, барои кор омодаанд. Агар Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир солона то 1 тонна нашъаро ошкор ва мусодира кунад, наздик ба 350 кило ё то 30 дар сади он бо кӯмаки сагҳои бӯгир мусодира мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, то моҳи августи соли равон сагҳои бӯгир аз қочоқи 340 кило маводи мухаддир ҷилвгирӣ кардаанд.

Фиҷи-аҷали қочоқбарони Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

XS
SM
MD
LG