Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин авохир навъи варзиши муҳорибаи омехта ва ё ба истилоҳ “Бои без правил” миёни ҷавонони тоҷик ҳарчӣ бештар муд мешавад.

Масъулини Федератсияи муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар як соли ахир теъдоди хоҳишмандони ин намуди варзиш ҳазор нафар ва ё бештар аз 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Саидалӣ Уразалиев, раҳбари федератсияи муҳорибаи омехта дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, ин намуди варзиш, ки дар панҷ соли пеш таъсис ёфта буд, ҳоло ҳаводоронаш марзи 4 ҳазор нафарро убур кардаанд. Муҳорибаи омехта ё ба истилоҳ “бой без правил”, ки аз Амрико ба кишварҳои Осиёи Миёна омада расидааст дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро қавитар мекунад. Оқои Уразалиев ҳамчунин мегӯяд, шогирдони ин федератсия ҳатто дар мусобиқаҳои берун аз кишвар низ сазовори мақоми аввал шудаанд.

Ахиран, низ видоеи пирузии як ҷавони тоҷик бо ҳамсоли чечени худ дар саҳнаи ринг дар Доғистон аз сербинандатарин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном бурда мешавад. Дар ин навори видеоӣ ду варзишгар, ки яке тоҷик ва дигари шаҳрванди Чеченистон аст аз рӯи варзиши муҳорибаи омехта ва ё “бои без Саидалӣ Уразалиев, раҳбари Федератсияи муҳорибаи омехта.

Саидалӣ Уразалиев, раҳбари Федератсияи муҳорибаи омехта.

правил” қувваозмоӣ мекунанд, ки дар охир шаҳрванди Тоҷикистон пирӯз шудааст. Ин ҷавони 26-солаи тоҷик, Манучеҳр Давлатов аст, ки ин намуди варзишро дар Федератсия муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон аз худ кардаву номи Тоҷикистонро дар чандин мусобиқаҳои байнулмилалӣ боло бурдааст. Манучеҳр мегӯяд, аз 16-солагӣ ба варзиш машғул шудаву ҳоло бештар аз 40 медали тилло дорад.

Ҳарчанд таваҷҷӯҳи ҷавонон, ба ин намуди варзиш рӯз то рӯз бештар мешавад, аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, ин намуди варзиш таъсири манфӣ доранд метавонад муноқишаву бетартибиҳоро миёни ҷавонон ба дунбол дошта бошад.

Сайфуллоҳ, як ҷавони тоҷик, ки аз рушди ин намуди варзиш дар кишвар нигаронӣ дорад, дар сӯҳбат бо “Озодӣ” зарари онро аз манофеаш бештар унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷавононе, ки ба ин навъи варзиш машғуланд, аксар ба бетартибиҳову муноқишаҳо даст мезанад. Вай афзуд: “Дар ринг чунин набардро меомӯзанд, баъд ба кӯчаҳо баромада бо дигарон занозанӣ мекунанд. Шахсан ман фоидаи онро намебинам, балки ба одам фақат бадӣ меорад. Ман худам шоҳид будам, ҷавононе, ки ба варзиши "бои без правила" машғул буданд ва берун аз ринг бо рафиқони худ занозанӣ мекарданд”. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, хуб буд, агар ҷавонон ба ҷои муҳорибаи омехта ба дигар намуди варзиш машғул шаванд, аз ҷумла ба гуштии миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон низ дар тақвияти ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо мегӯянд, аз шеваи тамрин дар толорҳои ин намуди варзиш нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ин навъи варзиш ба менталитети мардуми тоҷик бегона аст. Саидраҳмон Раҳмонов, як масъули ин кумита гуфт, тамрин дар толорҳои варзишӣ, ки ҷавонон дар он муҳорибаи омехтаро меомӯзанд, чандон чаҳорчӯбаи муайян надоранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, арзу шикоятҳо дар ин маврид дар росто ба онҳо расидааст, ки баъди мусобиқаҳо ҷавонон ба ҷанҷолу интиқомгирӣ мепардозанд, ки ин паҳлӯҳои манфии он ба ҳисоб меравад.

Вай иддао дорад, ки бояд аз болои ин намуди варзиш назорати ҷиддӣ сурат бигирад ва мураббиҳои варзидаву лаёқатманд рӯи кор ояанд. Ҷаноби Раҳмонов гуфт: “Муҳорибаи дар ринг бидуни қоида, ё "бои без правила" айни ҳол дар мактабҳои варзишие, ки дар сохтори кумита қарор доранд, амал намекунад. Кумита ҳама навъи варзишро дастгирӣ мекунад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Агар мо ба таври дуруст истифода кунем барои артиш ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони обу тобёфтаро метавонем тайёр кунем.”

Аммо масъулини ин федератсия мегӯянд, ҳадафи муҳорибаи омехта ба зӯровариву муноқишаҳо бурдани ҷавонон нест, балки манъи ҷавонон аз бекориву кӯчагардӣ мебошад. Саидалӣ Уразалиев гуфт, бо он, ки ин намуди варзиш дар Тоҷикистон аз соли 2008 таъсис шуда, то ҳанӯз касе аз ин намуди варзиш ба ниҳоде шикоят накардааст “ва афроде аз иштирокчиёни муҳориба ба ҷуз осебҳои сабук зарарҳои ҷиддӣ набардоштаанд ва нафаре ба марг, низ рӯбарӯ нашудааст”.




Варзиши муҳорибаи омехта, ки миёни ҷавонон ҳамчун “бои без правила” маъруф аст, ба фарқ аз дигар намудҳои варзиш дар кишвар маъруфияти бештар дорад. Ба гуфтаи масъулини Федератсияи муҳорибаи омехта, агар дар гуштии миллӣ танҳо гуштигирон ҳозир шаванд ва дар бокс муштзанн, аммо дар муҳорибаи омехта ё худ "бои без правила" то 12 намуди варзишгарон иштирок мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар муҳорибаи омехта афроде муваффақ мешаванд, ки аз навъи мухталифи варзиш огоҳӣ доранд. Яъне, муҳорибаи бидуни қоида, дар ин намуди варзиш то андозае усулҳои махсуси худро надорад, ки варзишгар тибқи он амал кунад ва худро идора карда тавонад.

Ҳоло барои хоҳишмандони варзиши навъи муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон наздики 80 толорҳои тамрин фаъолият мекунанд, ки ҳар як ҷавон бо пардохти аз 30 то 70 сомонӣ барои як моҳ метавонад дар онҷо тамрин гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG