Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар марз. Як афсари тоҷик кушта шудааст


Бар асари задухӯрд миёни афроди мусаллаҳ ва марзбонони тоҷик дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ", як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудааст.

Субҳи рӯзи 5-уми март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин даргирӣ, прапоршик Суҳроб Сафолов, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Дар иттилоияи Сарраёсати марзбонӣ гуфта мешавад, ки "соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои даста мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд". Манбаъ мегӯяд, ки "дар ҳоли ҳозир амалиёт барои дастгирӣ ва безарар гардонидани ин гурӯҳи идома дорад."

Як манбаъ аз фурӯдгоҳи Кӯлоб шомгоҳи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади як афсари ҳалокшуда оварда шуд ва эҳтимол дорад фардо маросими ҷанозаи ӯ баргузор шавад., Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва дақиқан нагуфт, ки ин афсар дар куҷо ва чигуна вафот кардааст.

Сокинони минтақаҳои марзӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ вуқӯи даргирӣ ва садои тирпарониро таъйид карданд. Як масъули идораи ҷангали ноҳияи Панҷ рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар марз вазъият хуб нест ва занозанӣ ва гардиши зиёди чархболҳо онҳоро нигарон кардааст. Ӯ афзуд, ки онҳо ҳини шинонидани дарахтҳо ва гашт дар ҷангалзори ноҳия, садои тирпаронӣ ва занозаниро мушоҳида кардаанд. Меҳроҷиддин, сокини дигари ноҳияи Панҷ гуфт, ин задухӯрд аз шаб оғоз шуда буд ва ҳоло вазъ як каме ором шудааст.

Ин задхӯрд ва убури гурӯҳҳои террористӣ дар ҳолест, ки аз қабл коршиносон як баҳори хунин барои Афғонистон ва ҳамсояҳош пешбинӣ мекарданд. Задухӯрдҳо дар сарҳад, аслан кори нав нест, аммо бештар бо қочоқчиёни маводи мухаддир сурат мегирифт. Ҳоло Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эътироф мекунад, ки воқеан, ин гурӯҳи террористӣ ҳаст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

XS
SM
MD
LG