Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди нерӯҳои Асад ва мухолифон барои контроли Ҳалаб


Дуруст як ҳафта пеш шӯришиёне, ки чанд маҳалларо дар шаҳри Ҳалаб зери контроли худ доштанд, эҳсос карданд, ки онҳо дар муҳосира мондаанд ва вақт барояшон танг аст. Ин маҳаллаҳо дар дасти мухолифон қарор доштанд.

Нируҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони он ин шаҳри бузурги Сурия ва маркази молии ин кишварро ба муҳосира дароварда буданд. Бисёриҳо бим доштанд, ки фоҷеаи башарӣ оғоз меёбад ва тасарруфи дубораи ин шаҳр тавассути нируҳои режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бохти нируҳои мухолифони Асад хоҳад шуд. Мухолифони Асад дар ҳеҷ шаҳри Сурия назоратро комилан дар ихтиёр надоранд.

Вале имрӯз вазъ дигар аст. 6 август нируҳои шӯришӣ деворҳои муҳимтарин пойгоҳи низомиро дар шимоли Сурия шикастанд ва вориди он шуданд. Аз замони нахустин ҳамлаи шӯришиён ба Ҳалаб дар соли 2012 пойгоҳи тӯпчии Рамусе чун яке аз пойгоҳҳои контроли режими Асад дар шаҳр ва вилояти Ҳалаб хидмат мекард.

Аз тобистони соли 2012 то ҳол пойгоҳи тӯпхона ва фарҳангистони низомии он барои режими Асад як навъ василаи назорат бар Ҳалаб буд. Ҳар гоҳ дар лаҳзаҳои барои режим номуносиб ин тӯпхона вориди амал мешуд.

Ҳоло пирузӣ метавонад вазъи башариро беҳтар кунад, вале боз ҳам бояд мунтазир шуд. Гузашта аз ин, агар ин пойгоҳ суқут кунад ва режими Башор Асад натавонад ба зудӣ онро дубора дар ихтиёри худ бигирад, ин хатар вуҷуд дорад, ки мумкин аст режими Асад контроли ҳамаи шаҳри Ҳалабро аз даст диҳад.

Ин даргириҳо нишонаи он аст, ки нируҳои низомии режими Асад чӣ қадр заъифанд. Бо вуҷуди кӯмаки мустақими нируҳои ҳавоии Русия, тонкҳову нируҳои он ва кӯмакҳо аз Лубнону Ироқ ва Эрон Асад шояд аз пирузӣ маҳрум шавад.

Пас суоле пеш меояд, ки дар чунин шароит чӣ гуна вай метавонад дар Сурия назмро барқарор кунад? Ин пирузӣ ҳам дар ивази он ба даст омадааст, ки яке аз гурӯҳҳои калидии ҳампаймон бо Ал-Қоида дар ҳамлаҳо ба ин шаҳр ёрӣ расондааст.

Ҷабҳаи Ан-Нусра, ки ҳоло номи Ҷабҳату Фатҳ-аш-Шом-ро гирифтааст, бо фаъолиятҳои худ дар зери чатри Ҷайш Ал-Фатҳ бо истифода аз маргталабону нақбҳои зерзаминӣ ҳалқаҳои дифоии артиши Сурияро рахна карданд ва акнун шӯришиён вориди он мешаванд.

Бори аввал эътирозгарон моҳи марти соли 2011 бар зидди режими Башор Асад ба кӯчаву хиёбонҳо баромада буданд ва ба ин тартиб ҷунбиши эътирозии зидди Асад минтақаи Ховари Миёнаро фаро гирифт. Дар оғоз ин ҷунбиш истеъфои Асадро талаб намекард, балки мехост, то ислоҳоти демократӣ анҷом бигирад. Нируҳои Асад бар зидди ин эътирозгарон бархурди бераҳмона нишон доданд.

Ба дунболи он дар шаҳрҳову шаҳракҳои мухталиф эътирозгарони бештар ба хиёбонҳо баромаданд. Бераҳмиву хушунат бар зидди онҳо вазъро печидатар кард. Дар оғоз эътирозгаронро боздошт ва лату кӯб мекарданд. Баъдтар онҳоро ба қатл мерсонданд. Низомиён ва пулис намехостанд бар зидди мардуми бесилоҳ оташ кушоянд. Боварӣ ба ин гуна низомиҳову пулис ҳам камтар шуд. Худи онҳоро ҳам низомиён ҳадафи тир қарор медоданд.

То тобистони соли 2011 эътирозгарон ё аз артишу пулис гурехтагон дар биёбонҳову кӯҳистонҳо пинҳон мешуданд. Баъдтар муборизаҳо барои ояндаи Сурия сар шуд. То моҳи феврали соли 2012 ҷунбиши эътирозии Сурия ташкил ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. То ин вақт Ҳумс-шаҳри коргарӣ дар маркази Сурия ба нуқтаи шӯриш табдил ёфт. Асад ӯҳдадориҳои худро дар назди кишварҳои Ҷомеаи Араб риоят накард ва дар ин шаҳр тонкҳову тӯпхонаи худро ҷойгир кард.

Шумораи кушташудагон афзоиш ёфт ва эътирозгарон дарк карданд, ки Асад барои куштори мухолифони худ аз ҳеҷ кор даст намекашад. Ин замоне буд, ки бояд бар зидди режими Башор Асад аслиҳаро ба даст мегирифтанд. Ба ин тартиб гурӯҳҳои мухталиф бо номҳои мухталиф ташкил шуданд ва ё норозиён ба чунин гурӯҳҳо пайвастанд.

XS
SM
MD
LG