Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ Мирзиёевро табрик кард


Дабири кулли СММ Пан Ги Мун Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзиаш дар интихоботи президентии Ӯзбекистон табрик кард.

"Дабири кулли СММ аз ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ даъват мекунад, ки барои рушди босуботи кишвар дар якҷоягӣ фаъолият намоянд", - менависад сомонаи СММ.

Дабири СММ мардуми Ӯзбекистонро мутмаин кардааст, ки СММ аз онҳо ҳимоят мекунад.

Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон 5 декабр хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61 дарсади раъйи мардум президент интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG