Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар вилояти Тахори ҳаммарз бо Хатлон


Даргириҳои сангин миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар минтақаҳои Хоҷа Ғор ва Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор ҳаммарз бо Тоҷикистон идома дорад.

Сухангӯи волии Тахор рӯзи 30 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даргириҳои шадид дар минтақаи Хоҷа Ғор ва Хоҷа Баҳоуддини ин вилоят идома дорад ва даҳҳо шӯришӣ ба шумули ҷангиёни хориҷӣ дар ин минтақа кушта шудаанд.

Cунаттуло Темур, сухангӯи волии Тахор афзуд, ки пас аз озодсозии комили Хоҷа Ғор, навбати амалиёт дар вулусволии Дарқад хоҳад буд. Дар натиҷаи даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар вилояти Тахор, беш аз си тан аз шӯришиён кушта ва сӣ тани дигарашон захмӣ шудаанд.

Ҷанг дар Тахор пас аз он авҷ гирифт, ки Толибон барои нахустин бор як вулусволии ин вилояро тасарруф карданд. Дарқад, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон қарор дорад, субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба дасти Толибон суқут кард.

Бо он, ки вулусволии Дарқад ҳанӯз дар контроли Толибон аст, рӯзи гузашта дар ду деҳа дар ноҳияҳои Хоҷа Баҳоуддин ва Хоҷа Ғор, ки дар наздикии Дарқад қарор доранд, даргириҳои шадид рух додааст. Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои амниятии афғон пас аз задухӯрдҳои мусаллаҳона тавонистанд минтақаи Рӯзбачаро дубора бигиранд.

Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ба ҳол барои бозпасгирии Дарқад амалиёти густурда оғоз нашудааст. Ба гуфтаи оқои Темур, нерӯҳои амниятии афғон мехоҳанд пеш аз тасарруфи дубораи Дарқад, вулусволии Хоҷа Баҳоуддинро аз вуҷуди Толибон пок намоянд.

"Вулусволии Дарқад дар ҷое аст, ки дар се тарафаш дарёи Ому қарор гирифтааст ва киштиҳое, ки дар онҷо кор мекард, дар дасти Толибон аст. Ҳеҷ нерӯи наметавонад аз онҷо убур кунад, ҷуз амалиёти ҳавоӣ."

Cуханги волии Тахор дар айни ҳол гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҷанг миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар вулусволии Хоҷа Ғор ҳам идома дорад. Хоҷа Ғор дар ҳамсоягии вулусволии Дашти Арчии Кундуз қарор дорад ва дар чанд рӯзи ахир шоҳиди шадидтарин даргириҳо будааст. Нерӯҳои амниятии афғон пас аз тақрибан ду сол тавонистанд рӯзи чаҳоршанбе маркази Дашти Арчиро пас бигиранд.

Сухангӯи волии Тахор мегӯяд, ки дар натиҷаи даргириҳои Дарқад панҷ пулиси афғон кушта шуда ва як пулиси дигар ҳам дар дарёи Ому ғарқ шудааст. Ба гуфтаи Суннатуллоҳ Темур, шуморе аз ғайринизомиён дар минтақаи Дарқад нопадид ҳастанд, ки то ба ҳол аз онҳо хабаре ба даст наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони рустоҳои наздимарзӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон мегӯянд, садои тирро дар ин сӯи марз мешунаванд ва фарзандонашон аз ин чиз дар ҳарос мешаванд. Дар як боздид аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода аз сокинони маҳаллӣ пурсид, ки оё садои тиру туфанг дар кишвари ҳамсоя онҳоро нигарон накардааст?

Тирпаронӣ дар он сӯи марз сокинони Фархорро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

XS
SM
MD
LG