Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон маркази Юмгони Бадахшонро тасарруф кардаанд


Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки вулусволии Юмгон ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Мақомот дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки вулусволии Юмгон ба тасарруфи Толибон даромадааст. Тӯли шаш моҳи ахир ин бори дувум аст, ки ин вулусволӣ ба ихтиёри Толибон мегузарад.

Мақомоти амниятии Бадахшон мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ аз маркази вулусволии Юмгон ва бозори ин вулусволӣ ақибнишинии тактикӣ кардаанд. Сахидод Ҳайдарӣ, фармондеҳи амнияти Бадахшон рӯзи 19 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар атрофи ин вулусволӣ ҷангҳо идома дорад ва амалиёти ҳавоӣ барои аз байн бурдани пойгоҳҳои Толибон бинобар номуносиб будани ваъзи боду ҳаво, оғоз нашудааст.

Ҳамлаи густурдаи Толибон ба вулусволии Юмгон субҳи рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуд. Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи гузашта ба ихтиёри Толибон гузаштани ки қисмате аз вулусволии Юмгон, ба шумули иморати фармондеҳии амният ва бахше аз маркази ин минтақа -- шаҳри Юмгонро таъйид карда буд. Волии навтаъини Бадахшон рӯзи 18 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамзамон таъйид кард, ки нерӯҳои амниятии афғон аз ин минтақа "ақибнишинии тактикӣ" кардаанд.

Вай афзуд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо, бист нафар афроди Толибон кушта шуданд. Ҳамчунин як зиреҳпӯши Толибони сарнагун шудааст, ки 6 нафари кушташуда дар дохили он ҷангиёни хориҷӣ будаанд. Волии Бадахшон ҳамчунин гуфт, ки чанд нафар аз нерӯҳои артиши миллӣ ва пулиси маҳаллӣ, аз ҷумла мудири амнияти вулусволии Юмгон кушта шудаанд. Ба гуфтаи Аҳмад Файсал Бекзод, дар вулусволиҳои Вардуҷ, дараи Хустаки Ҷирм ва Юмгон ҳудуди 250 ҷангии хориҷӣ, ба шумули ҷангҷӯён аз Осиёи Миёна дар канори Толибон қарор доранд ва алайҳи нерӯҳои Афғонистон меҷанганд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, ҳам гуфтааст, ки вулусволии Юмгонро Толибон субҳи чаҳоршанбе тасарруф кардаанд. Вай гуфтааст, ки бо тасарруфи ин вулусволӣ, миқдори зиёди аслиҳа ба даст овардаанд ва ба нерӯҳои давлатии афғон талафот ворид кардаанд.

Як мақоми вилояти Бадахшон ҳам, ки нахост аз вай ном гирифта шавад, рӯзи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вулусволии Юмгон аз як сол ба ин тараф дар муҳосираи Толибон қарор дошт ва саранҷом субҳи 18 ноябр Толибон муваффақ шуданд, ин вулусволиро тасарруф намоянд.

Роҳҳои иртибототии ин минтақа аз як сол ба ин тараф аз сӯи Толибон ба рӯи нақлиёт ва ба хусус нерӯҳои давлатӣ, баста мебошад ва интиқоли силоҳу муҳимот ва хӯрокворӣ ба нерӯҳои давлатӣ, аз тариқи ҳаво сурат мегирад. Ба иттилои мақомоти Бадахшон, дар ин даргириҳо дар канори Толибон шуморе аз ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Миёна, тундравон аз Узбакистон, Тоҷикистон, Покистон ва ҳамчунин арабҳо ва ӯйгурҳо алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд.

Ҷои ёддоварӣ аст, ки панҷ моҳ қабл Толибон ин вулусволиро тасарруф карда буданд ва барои чанд моҳ дар ихтиёр доштанд, аммо нерӯҳои давлатии афғон бо роҳандозии амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ, ин вулусволиро дубора тасарруф карданд. Бояд гуфт, ки беш аз як моҳ мешавад, ки Вардуҷ -- вулусволии дигари Бадахшон дар тасарруфи Толибон қарор дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG