Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Сарбозони пойгоҳи Русия мақоми дипломатӣ доранд”


Маст шудан ва бараҳна ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб баромадани ҳафт тан аз афсарони рус, боиси занозании онҳо бо иддае аз ҷавони маҳаллӣ шудааст.

Ин нуктаро як мақомдори ниҳодҳои қудратӣ дар минтақаи Кӯлоб дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки “муҷозоти авбошии аскарон чӣ хоҳад шуд?”, баён дошт. Ӯ гуфт, ки сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз мақоми дипломатӣ бархурдор буда, ҳар қонуншикание, ки содир мекунанд, аз ҷониби ниҳодҳои тафтишотии Русия таҳқиқ мешавад. Ин мақом афзуд, “дар робита ба авбошии шаби 28 июл, ҳаминро метавонам бигӯям, ки полиси Кӯлоб аз рӯи ин қазия парванда боз кардааст ва тамоми санадҳои ҷамъовардаро ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201 мефиристад”.

Задухӯрд миёни сарбозони пойгоҳи 201 Русия дар шарҳи Кӯлоб ва ҷавонони маҳаллӣ шоми 28 июл дар ҳоле шурӯъ шуд, ки гурӯҳе аз сарбозон, ки зоҳиран рӯзи таваллуди яке аз ҳамтоҳояшонро таҷлил мекарданд, мастомаст ва нимбараҳна ба кӯча баромаданд. Ин рафтори онҳо баъзе ҷавонҳои маҳаллиро ба хашм овард ва боиси задухӯрд дар байни ду гурӯҳ шуд. Полиси Кӯлоб ҳодисаи задухӯрдро тасдиқ кард ва гуфт, ки бо моддаи “авбошӣ” парванда боз шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ҳодиса ҳарду тараф низ захм бардоштанд. Ин манбаъ мегӯяд, вақте ки занозанӣ сар шуд, чандин аскари дигари пойгоҳ ба кӯмаки ҳамтоҳои худ шитофтанд ва агар ходимони пулис ба ҳодиса дахолат намекарданд, ҷанҷол метавонист густарда шавад. Ҳарчанд ин манбаъ шумораи ҷароҳатбардоштагонро эълон накард, аммо нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Талошҳои радиои Озодӣ барои гирифтани вокуниши ҷониби пойгоҳи 201 бенатиҷа анҷомид.

Ҷамшед, як ҷавони маҳаллӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои баъди 8 дишаб, вақте аз хиёбони Исмоили Сомонӣ мегузашт шоҳиди ин занозанӣ шуд: "Чандин афсари руси маст бо тагпӯш (трусиву майка дар тан) ба хиёбони марказии шаҳри Кӯлоб баромада, доду вой карданд. Онҳо ба самти бозори шаҳр раҳсипор ва бо ҷавонони маҳаллӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ҷавонҳо ба сарбозон гуфтанд, ки ба пойгоҳашон баргарданд ва бо ин ҳолати мастӣ ва нимбараҳна дар кӯчаву хиёбонҳои Кӯлоб нагарданд. Аммо онҳо ба ҳарфи ҷавонон гӯш накарданд ва хархаша карданд, ки дар натиҷа ба занозанӣ кашид. Ҳатто чанд тани дигар аз сарбозони пойгоҳи Русия низ ба кӯмаки ҳамтоёнашон омаданд. Пулис аз ин ҳодиса бохабар шуд ва омада онҳоро аз ҳам ҷудо кард”, - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Наимҷон, як сокини дигари Кӯлоб, ки шаб шоҳиди задухӯрди сарбозони маст бо ҷавонони маҳаллӣ буд, мегӯяд: «Бегоҳ буд. Мо нишаста будем, ки овози баланд ва дашномҳои онҳоро шунидем. Инҳо аз сари девори қисми низомӣ берун омаданд ва маълум буд, ки маст буданд. Азбаски шумораашон бисёр буд ва мо чор кас будем, гурехтем. Онҳо аз паси мо бо ханда садо баланд карданд. Дар ин ҳол ҷавонҳое, ки он шаб дар кӯча буданд, ин ҳолатро диданд, як-як ҷамъ шуданд ва аз сарбозони рус талаб карданд, ки масту аласт дар кӯчаҳо нагарданд ва ба қисми низомиашон баргарданд. Сарбозони рус рафтанд, аммо баъди чанд лаҳза беш аз 10 нафарро бо худ оварданд. Дар байни онҳо занозанӣ шуд. Ман ҳам аз ин задухӯрд зарар дидам. Баъди ин сарбозони рус тарбузҳои моро бо худ бурданд ва қисмеро ҳам зада кафонданд. Ҳоло пули зарари тарбузҳо барқарор шудааст», гуфт Наимҷон.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари рус дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Тоҷикистон ва Русия мӯҳлати ҳастии онро дар қаламрави Тоҷикистон то соли 2042 тамдид карданд.

Полки русии воқеъ дар Кӯлоб ҳанӯз дар солҳои 1930 таъсис шудааст. Ҳамчунин тамрингоҳи низомии Мӯмирак, ки дар марзи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шӯроободу Мӯъминобод воқеъ аст, бо фарогирии даҳҳо гектар замин низ ба полки пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб мансуб мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG