Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳои зидду нақиз аз вазъ дар Кундуз


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Расидани Толибон ба пушти дарвозаҳои шаҳри Кундуз, нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Раиси Шӯрои вилояти Қундуз мегӯяд, Толибон дар панҷкилометрии Қундуз қарор доранд.

Муҳаммадюсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилояти Қундуз рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бар Радиои Озодӣ гуфт, 65 дарсади хоки вилоят таҳти тасарруфи Толибон қарор дорад: "Дар ҳудуди 95 дарсади вулусволии Дашти Арчӣ, 90 дарсади Чаҳордара дар дасти Толибон аст. Дар панҷкилометрии маркази вилоят Толибон қарор доранд ва 75 дарсади вулусволии Имом Соҳиб дар контроли Толибон қарор дорад."

Минтақаи Гӯртеппа ду рӯз қабл дар як даргирии шадид ба тасарруфи Толибон даромада буд, аммо гуфта мешавад, ки то кунун коре барои бозпасгирии ин минтақа сурат нагирифтааст.

Аммо вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки ҳеҷ нигаронӣ дар вилояти Қундуз вуҷуд надорад ва нерӯҳои амниятӣ тақрибан тамоми нуқтаҳои ин вилоятро зери назорати худ доранд. Давлат Вазирӣ, муовини сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ вулусволии Кундуз дар маърази суқут қарор надорад. Вай гуфт, ки шаби душанбе дар Имом Соҳиб даргирӣ рух дод, аммо дар ҳоли ҳозир вазъият хуб аст.

"Дар Қундуз ҳолат оддӣ аст. Нерӯҳои артиш ва пулис ва амнияти миллӣ дар онҷо ҷамъ омадаанд. Фақат шаби гузашта дар вулусволии Имом Соҳиб ҷанг буд, ки дар натиҷаи он талафони зиёде ба мухолифон ворид кард шудааст. Дар ҳоли ҳози ба фазли Худованд нерӯҳои мо дар онҷо омодаи ҳамла ҳастанд. Онҳо дар ҳолати ҳамла ба Гӯртеппа ҳастанд ва нерӯҳои ҳавоӣ ҳам дар онҷо машғули амалиёт мебошанд. Гапе нест, ки қобили ташвиш бошад."

Дар ҷанги Кундуз як фармондеҳи Толибон кушта шудааст

Дар ҳоле, ки даргириҳо дар манотиқи мухталифи вилояти Кундуз идома доранд, вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, ки як фармондеҳи Толибон дар вулусволии ноороми Имом Соҳиб кушта шудааст. Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои амниятии афғон ва мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон дар вилояти Кундуз вориди чаҳорумин рӯзи худ шуд ва тибқи тозатарин хабарҳо, як фармондеҳи Толибон бо номи Мулло Мустафо дар вулусволии Имом Соҳиби ҳаммарз бо Тоҷикистон кушта шудааст.

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 28 апрел гуфт, ки Мулло Мустафо рӯзи гузашта ҳамроҳ бо 27 тан аз шариконаш ба ҳалокат расидааст. То кунун маълум нест, ки Мулло Мустафо як фармондеҳи афғон аст ё узви гурӯҳҳои ҳампаймони Толибон аз ҷумлаи ҷангиёни Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва ё "Ансоруллоҳ".

Амалиёти ҷангӣ дар Кундуз то кунун ба таври расмӣ оғоз нашудааст ва мақомоти баландпояи низомии Афғонистон ҳанӯз дар мавриди чигунагии амалиёти ҷангӣ баҳсу баррасиҳо доранд. Рӯзи гузашта раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай сафари худ ба Ҳиндро барои чанд соат ба таъхир андохт ва бо сарони нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва раҳбарони низомии Афғонистон, вазъи Кундузро баррасӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир муовини вазири умури дохилии Афғонистон Аюби Солангӣ ва муовини вазири дифои он кишвар Муродалӣ Мурод бо 2000 нерӯи иловагӣ ба Қундуз расидаанд ва аз Мазори Шариф ҳам қувваҳои иловагӣ вориди Қундуз шудаанд.

Ҷангҳо дар вилояти Қундуз дар ҳоле оғоз шуд, ки Толибон чанд рӯз пеш эълон карданд, ки амалиёти баҳории худро дар рӯзи ҷумъаи 24 апрел оғоз мекунанд. Ҳамакнун ба иловаи вилояти Қундуз, чанд вилояти дигар дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон, Форёб ва Сарипул дар нооромӣ ба сар мебаранд ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар ин минтақаҳо ҷангиёни хориҷӣ ҳузури густурда доранд.

Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, наздик ба 65 дарсади қаламрави вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон зери назорати Толибон даромадааст ва агар мақомоти Кобул чораҳои фаврӣ наандешанд, мумкин аст, ки маркази ин вилоят низ суқут кунад.

Раиси вилояти Кундуз Умар Сафӣ дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ ҳамлаи густардаи Толибони афғон ва шарикони хориҷии онҳоро ба ду минтақаи муҳими ин вилоят тасдиқ кард ва гуфт, нерӯҳои давлат дар ин ду мавзеъ -- Гӯртеппа ва Имом Соҳиб зери фишори шадиди наздик ба 3000 ҷангҷӯ ақибнишинӣ кардаанд. Вай меафзояд, дар байни шарикони хориҷии толибҳо 70 то 90 мусалаҳҳони чечен ва тоҷикистонӣ низ ҳастанд ва ҳадафи асосии онҳо аз ҷануб ба шимол кӯч додани даргириҳо ва сироят ба кишварҳои Осиёи Марказист.

Вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Дар ин минтақа гузаргоҳи байнимарзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон воқеъ шудааст, ки муҳимтарин гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ба шумор меравад ва рӯзона даҳҳо мошини борбар молу колои тоҷиронро аз Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

XS
SM
MD
LG