Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолобод: Хонаҳои сӯхтаи соли 2010 фоҷиаро ба хотир меоранд


Аз рӯйдодҳои хунини моҳи июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон панҷ сол гузашт. Дар он воқеаҳо танҳо дар Ҷалолобод зиёда аз 750 бино сӯхта буд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев, дар рӯзи ёдоварӣ аз муноқишаҳои қавмии панҷ соли пеши миёни қирғизҳо ва узбакҳо аз шаҳрвандони кишвараш хост, ваҳдат ва сулҳро пос доранд.

Рӯзи 10 июн Отамбоев дар изҳороте гуфт, “он ки хонаводаҳои қирғизе узбакҳоро наҷот доданд ва хонаводаҳои узбаке қирғизҳоро исбот мекунад, ки на мансубияти қавмӣ балки инсонгарӣ ва шарафи инсонӣ муҳиманд.”

Вай ҳамчунин гуфт, ки созмондиҳандагони ин нооромиҳо “дер ё зуд ба ҷазои худ мерасанд”.

Дар ин нооромиҳои қавмӣ дар шаҳрҳои Ушу Ҷалолободи ҷануби Қирғизистон дар моҳи июни соли 2010 бештар аз 400 нафар кушта шуданд ва ҳазорон нафар аз манзили худ маҳрум гаштанд. Даҳҳо нафари дигар то ҳанӯз бенишонанд.

Дар минтақаҳое, ки дастхуши низои байниқавмӣ шудаанд, бисёре аз биноҳои тахрибгашта бо пули давлат ва ёриҳои байнулмилалӣ бозсозӣ шуданд. Бо вуҷуди ин хонаҳое мондаанд, ки сокинонаш ба Қирғизистон барнагаштанд ё бо сабабҳои дигаре манзили худро тармим накардаанд.

Яке аз чунин нафарон Равшан Тилохоҷаев аст. Дар он рӯзи шум Равшан духтарашро ба шавҳар медод ва дар хонаи ӯ меҳмони зиёде ҷамъ омада буд. Тӯй ба мотам табдил ёфт. Дар натиҷаи низоъ хонаи ӯ ва мошини пур аз ҷиҳози арӯс сӯзонда шуданд. Дар панҷ соли гузашта вай натавонист, хонаашро тармим кунад ва дар паҳлуи он як кулбаи муваққат бино кард.

“Гузаштаҳо гузашт, чӣ лозим ба ёд овардани чизҳои бад? Ин ёдоварӣ хушие намеорад. Ҳоло вазъ ором аст, ба мо ёрмандӣ мекунанд. Ба мо масолеҳи бинокорӣ доданд. Акнун мо хешу табор шудем. Барои намуна, зани додари падарам қирғиз аст ва духтари амакам шавҳари қирғиз кард. Дигар чӣ даркор? Бигзор, оромию осудагӣ бошад,” -- мегӯяд Равшан Тилохоҷаев.

Дар ин байн дар шаҳри Уш хотираи қурбониёни рӯйдодҳои панҷ сол пешро гиромӣ доштанд.

​Қариб ҳама, бо вуҷуди мушкилиҳо, ба умеди нек зиндагӣ мекунад. Вале дидани лошаи биноҳои сӯхта рӯзҳои сиёҳро ба хотир меоранд. Бисёре аз онҳо соҳиб надоранд. Бархеро соҳибонашон тармим карда наметавонанд, зеро барои ин маблағ надоранд. Ҳамин тавр як хонаи дуқабата дар хиёбони Манаси Ҷалолобод ба пайкараи гузашта табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, соҳиби он ба Украина фирор кард ва то ҳанӯз ёфт нашудааст.

Дар панҷ соли гузашта қабати аввали маркази тиҷоратӣ тармим шуд, аммо ошёнаи болоии он бекор истодааст. Соҳиби ин марказ Азимҷон Ҳоҷикалонов мегӯяд, барои тармим пул надорад:

“Оилаи мо калон аст. Барои ҳамин ҳоли ҳозир пули зиёдатӣ надорем. Қабати якумро бо маблағҳое, ки ҳукумат дод, бозсозӣ кардем. Барои бақияаш пул намерасад. Дар ин ҷо авиакасса, қассобӣ, шӯъбаи бонк ва фурӯшгоҳ мавҷуд буд. Ҳоло ба соҳибкорон қарз медиҳанд, бо 14 дарсади баҳра, вале метарсам, ки чнуин қарзро баргардонида наметавонам ва барои ҳамин нагирифтам. Соли оянда тармими табақаи болоиро анҷом хоҳам дод,” – мегӯяд Азимҷон Ҳоҷикалонов.

Сардори шӯъбаи намояндагии ҳукумати марказӣ дар Ҷалолобод Ҳоҷимамад Исоев гуфт, то соҳибонашон барнагарданд, мақомот ҳаққи аз байн бурдани биноҳои сӯхтаро надоранд.

“Дар Ҷалолобод, ноҳияҳои Навкон, Сузок, Бозор-Коргон ва Ала-Бука ба сурати умум 757 биноро оташ зада буданд. Ба ҷои биноҳои кӯҳна, иморатҳои нави хиштӣ бунёд шуданд. Давлат ва созмонҳои байнулмилал мадади зиёд расонданд. Биноҳои сӯхтаи кӯчаи Ленин ҳанӯз барқарор карда нашудаанд. Девор ва панҷараҳоро бояд худи ҷабрдидаҳо барқарор кунанд. Мо то замоне ки соҳиби хонаҳои боқимондаро муайян накунем, онҳоро ба замин ҳамвор карда наметавонем, зеро инҳо моликияти шахсиянд,” – мегӯяд Ҳоҷимамад Исоев.

Зарари умумӣ баъд аз рӯйдодҳои панҷ сол пеш зиёда аз 12 миллион долларро ташкил дод. Барномаи рушди Созмони Милал ва ҳукумат барои аз нав сохтани манзилҳо сармоя доданд. Мутаносибан ба осеб ҳукумат ба соҳибкорон аз 800 то 1600 доллар ҷудо кард. Вале тақрибан ҳеч яке аз соҳибкорон натавонист бизнеси худро аз нав ба роҳ монад.

Муҳимтар аз ҳама, мегӯяд сокини ноҳияи Сузок Валихоҷа Токтоматов, дар минтақа сулҳ ва муносибатҳои дӯстонаи байни қавмҳо барқарор карда шуд: “Онҳое, ки боз мехоҳанд муноқиша ба роҳ андозанд, бояд дар бораи фарзандони худ фикр кунанд. Ҳеч кас, ба ғайр аз Худо намедонад, ки чӣ қадар умр дорад. Ба мо танҳо оромӣ даркор аст. Бигзор Оллоҳ онҳоеро қазоват кунад, ки аз ин муноқиша фоида бардоштанд. Ҳоло мо имкон дорем, чӣ коре, ки мехоҳем, кунем. Дигар ба мо чӣ даркор?”

ШАРҲИ ТАҲЛИЛГАР ВА ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Руслан Ташанов, таҳлилгар ва фаъоли ҳуқуқи башар дар шаҳри Уш мегӯяд, ширкати Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар маросими ёдбуд рамзи таваҷҷӯҳи ҷаҳонӣ ба рӯйдодҳои панҷ сол пеш ва роҳҳоим пешгирӣ аз онҳост. Вай бар ин аст, ки ҳам аҳолии маҳаллӣ аз узбактаборону қирғизтаборон ва ҳам мақомоти маҳаллӣ дар ин панҷ соли гузашта сабақ гирифтанд ва акнун медонанд, ки барои роҳ надодан ба чунин муноқишаҳо бояд чӣ кор кунанд.

Озодӣ: Мардум мегӯянд, ки харобиҳоро обод кардан мумкин, вале қалбҳои шикаста дер даво мешаванд. Оё уқдаҳое, ки он сол боиси задухӯрд шуд, аз қалбҳо зудуда шудааст ва ҳоло бовари қирғизҳову узбакҳо ба якдигар барқарор шудааст?

Руслан Ташанов
Руслан Ташанов

Ташанов: Барқарории бовар то андозае мушоҳида мешавад. Масалан, дар гузаштаҳо агар намояндагони як миллат ба ҷое мерафтанд, намояндагони тарафи дигар аз рафтан ба он ҷо худдорӣ мекарданд ва метарсиданд. Ҳоло чунин вазъ мушоҳида намешавад. Бо вуҷуди он раванди ҳамгароӣ бояд таҳким ёбад. Муноқишаҳои ошкор мушоҳида намешавад, вале ҳанӯз ҳам ҳар ду ҷониби муноқиша ба якдигар бовари комил надоранд. Барои ҳамин мақомоти маҳаллӣ барои ҳамгироии ду тараф бояд барномаҳои мушаххаси стратегӣ рӯи даст бигиранд.

Озодӣ: Оё ҳукумат барои барқарории харобиҳои ҷанг, масалан хонаҳову биноҳо ва муассисаҳои харобшуда, нақшаҳои мушаххас дошт?

Панҷумин солгарди фоҷиаи Уш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Ташанов: Авҷи корҳои барқарории харобиҳои муноқиша ба солҳои 2010-2011 дуруст меояд. Бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳукумат ҳамаи хонаву биноҳои харобшуда дар соли 2010 барқарор шуд, ба ҳар оилае, ки хонаи зисти худро аз даст дод, аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар соли 2010 аз 28 то 38 метри муккааб маҳалли зист сохта шуд. Дар давоми соли 2011 ин меъёр ба 100 метри муккааб расонда шуд. Ғайр аз ин ба ононе, ки наздикони худро қурбонӣ доданд, дар биноҳои баландошёна хона дода шуд. Ин раванд то соли 2013 давуом кард. Вале барқарории муассисаҳои харобшудаи давлатӣ дар соли 2012 ба поён расида буд. Ҳоло корҳои таъмир ва барқарорсозӣ мушоҳида намешавад, зеро корҳои аслӣ анҷом гирифтааст ва барои он зарурат боқӣ намондааст.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ин муноқишаҳо метавонанд замоне сар зананд, агар решаҳои он нобуд карда нашаванд?

Ташанов: Ба назари ман ҳамаи масъалаҳои калидие, ки сабаби ин муноқишаҳо шуда буд, то ба охир ҳал нашудааст. Сабабҳои аслӣ, яъне мушкилоти ҳамгароии миллӣ ё қавмӣ ҳамчунон боқӣ мондааст. Ҳукумати Қирғизистон барои ҳали ин мушкил ва барои ҳамгароии ақалиятҳои миллӣ дар ҷануби Қирғизистон бояд барномаи стратегӣ дошта бошад ва онро ба иҷро расонад.

XS
SM
MD
LG