Пайвандҳои дастрасӣ

ФИФА муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро эълон кард


Соли гузашта "Тӯби тиллоӣ" насиби Лионел Мессӣ гардида буд

Соли гузашта "Тӯби тиллоӣ" насиби Лионел Мессӣ гардида буд

ФИФА рӯйхати муддаиёни ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро барои беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2012 эълон намудааст.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар торнамои худ рӯйхати муддаиёни ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро барои беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2012-ум эълон кард.

Ба ин рӯйхат 23 нафар шомил шудаанд, ки инҳоянд:

Серхио Агуэро (Аргентина, "Манчестер Сити"),
Хаби Алонсо (Испания, "Реал"),
Марио Балотелли (Италия, "Манчестер Сити"),
Карим Бензема (Фаронса, "Реал"),
Ҷонлуиҷи Буффон (Италия, "Ювентус"),
Серхио Бускетс (Испания, "Барселона"),
Икер Касиляс (Испания, "Реал"),
Криштиану Роналду (Португалия, "Реал"),
Дидйе Дрогба (Кот-д'Ивуар, "Шанхай Шенхуа"),
Радамел Фалкао (Колумбия, "Атлетико"),
Златан Иброҳимович (Шветсия, "ПСЖ"),
Андрес Инйеста (Испания, "Барселона"),
Лионел Месси (Аргентина, "Барселона"),
Мануэл Нойер (Олмон, "Бавария"),
Неймар (Бразилия, "Сантос"),
Месут Озил (Олмон, "Реал"),
Херард Пике (Испания, "Барселона"),
Андреа Пирло (Италия, "Ювентус"),
Серхио Рамос (Испания, "Реал"),
Уэйн Руни (Инглистон, "Манчестер Юнайтед"),
Яя Туре (Кот-д'Ивуар, "Манчестер Сити"),
Робин ван Перси (Нидерланд, "Манчестер Юнайтед"),
Хави (Испания, "Барселона").

Инчунин ба рӯйхати муддаиёни ҷоиза барои беҳтарин мураббиёни соли 2012-ум инҳо шомил шудаанд: Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания), Роберто Ди Маттео («Челси»), Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»), Пеп Гвардиола (собиқ мураббии «Барселона»), Юпп Хайнкес («Бавария»), Юрген Клопп («Боруссия Дортмунд»), Йоахим Лев (мунтахаби Олмон), Роберто Манчини («Манчестер Сити»), Жозе Моуриню («Реал») ва Чезаре Пранделли (мунтахаби Италия).

Се нафар беҳтаринҳо аз рӯи ин номинатсияҳо, ки ба финал мебароянд, рӯзи 29-уми ноябр ва ғолибон рӯзи 7-уми январи соли 2013 дар Сюрих эълон мешаванд.

ФИФА, ҳамчунин, муддаиёни беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии футболи занонаро дар соли 2012-ум номбар кард. Номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоззан инҳоянд: Комил Абилӣ (Фаронса), Михо Фукумото (Ҷопон), Карли Ллойд (ИМА), Марта (Бразилия), Ая Мияма (Ҷопон), Алекс Морган (ИМА), Мэган Рапиноэ (ИМА), Сава Хомаре (Ҷопон), Кристин Синклэйр (Канада), Эбби Вамбах (ИМА).

Барои унвони беҳтарини мураббии футболи занона инҳо давталабанд: Брюно Бини (Фаронса), Ҷон Ҳердман (Канада), Патрис Лер («Лион», Фаронса), Марен Мейнерт (Олмон, то 20-сола), Силвия Нейд (Олмон), Хоуп Пауэлл (Инглистон), Норио Сасаки (Ҷопон), Пиа Сандхейҷ (ИМА), Стив Суонсон (ИМА, то 20-сола), Хироши Йошида (Ҷопон, то 20-сола ва то 17-сола).

Дар назархоҳӣ сармураббиён ва капитанҳои тимҳои миллӣ, инчунин, хабарнигорон беҳтарин футболбози солро муайян мекунанд.

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба Лионел Месси (ҷойи аввал), Криштиану Роналду (ҷойи дувум) ва Дидйе Дрогба (ҷойи севум) овоз додааст.

Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби кишвар, низ Лионел Мессиро дар ҷойи аввал гузоштааст. Вай ба Криштиану Роналду ҷойи дувум ва ба Хави Эрнандес ҷойи севумро муносиб донистааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG