Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ФИФА ва "таға"-бозӣ дар футболи тоҷик


Президенти ФИФА Йозеф Блаттер, ки рӯзи 25 март бо сафаре дурӯза вориди Тоҷикистон шуд, дар варзишгоҳи марказӣ бозии тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистонро низ тамошо хоҳад кард.

Мақомоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон мегӯянд, Йозеф Блаттер, президенти Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол – ФИФА – нимаи дувуми рӯзи 25 март вориди Душанбе шуд. Ба муҷарради расиданаш ба Душанбе Блаттер дар назар аст бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, сипас барои тамошои бозии тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе барои Шоҳҷоми Тоҷикистон ба варзишгоҳи марказии пойтахт хоҳад рафт. Ин бозӣ соати 17 -00 дар майдони нави варзишгоҳи марказӣ, ки тармимаш тоза анҷом ёфтааст, шурӯъ мешавад. Интизор меравад, дар анҷоми бозӣ Йозеф Блаттер худаш Ҷоми олиро ба тими ғолиб бисупорад.

Дар рӯзи дувум ва ниҳоии боздиди Блаттер аз Тоҷикистон – 26 март, қарор аст, ки президенти ФИФА бо ширкат дар як ҷашнвора футболи кӯдакон ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғози расмё диҳад. Ӯ дар ин рӯз дар расми ифтитоҳи майдони сунъӣ, ки дар канори варзишгоҳи марказӣ бо кумаки молии барномаи “Гол-2”-и ФИФА бунёд шудааст, ширкат варзида, бо як нишасти хабарӣ аз сафараш ба Тоҷикистон натиҷагирӣ хоҳад кард.

Боз як + дар номаи аъмоли Рустами Эмомалӣ?


Сафари расмии Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон, ба бовари созмондиҳандагонаш, бояд муассирияти кори Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва писари раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) нишон диҳад. Рустами Эмомалӣ дар моҳи январи соли 2012 ба ҷои фармондеҳи маъруфи даврони ҷанги шаҳрвндӣ генерал Сӯҳроб Қосимов президенти ФФТ интихоб шуд.
Платини дар Душанбе
Платини дар Душанбе
Дар моҳи октябри ҳамон сол президенти УЕФА - Иттиҳодияи футболи Аврупо - Мишел Платини аз Тоҷикистон боздид кард. Ва акнун Йозеф Блаттер бо даъвати Рустами Эмомалӣ аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Ба бовари шореҳон ва мухлисони футбол, як нуқтаи асосии сафари Блаттер ба Тоҷикистон ҳузури ӯ дар бозии байни тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе барои Суперҷоми Тоҷикистон хоҳад шуд. Мубориза барои ҷоизаҳои асосии футболи тоҷик тайи дастикам ду соли охир байни ҳамин ду даста мегузаранд.
Рустами Эмомалӣ, акс аз соли 2011
Рустами Эмомалӣ, акс аз соли 2011
Тайи ду соли охир унвони қаҳрамонӣ насиби “Равшан” мешавад Соли гузашта “Истиқлол” бохташ дар чемпионатро бо пирӯзӣ дар Ҷоми футбол ҷуброн кард. Вале азбаски “Равшан”-ро бо баҳонаи хурде аз ҳаққи ширкат дар Ҷом маҳрум карда буданд, пирӯзии “Истиқлол” дар мусобиқот барои Ҷом таассуроти зиддунақизе дар зеҳни мухлисон, бахусус мухлисони “Равшан” ба ҷо гузошт.

Мухлисони “Равшан” то ҳол мутмаинанд, ки азбаски “Истиқлол”-ро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ таъсис додааст, ФФТ бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо таъмини пуштибонии доварон ва бо ҳар баҳона сохтани мониаҳо дар роҳи рақибони асосии “Истиқлол”, бавижа “Равшан”, барои ин тими, ба ақидаи онҳо, “эрка” шароити пуримтиёзе фароҳам овардаанд. Мақомоти ФФТ ин иддаоро рад мекунанд.
Аз тарафи дигар, “Равшан” қабл аз оғози мавсими имсола дар шароити сахти молие қарор гирифт. Спонсори асосии даста – ширкати марбут ба наздикони яке аз домодҳои раисиҷумҳур – аз идомаи таъмини молии “Равшан” гӯё даст бардоштааст ва ин боис шуд, ки бозигарони даста ба мушкили гирифтани маош дучор шуда, пули кофие барои омодагӣ ба бозиҳои Ҷоми АФК – Иттиҳодияи футболи Осиё – пайдо накарданд. Ҳамин тавр, чанд тан аз бозигарони “ПРавшан” ба далели мушкилоти молӣ тарки ин тим карданд ва ҳатто ҳамлагари асосиаш Девид Мауто ба ҳайати рақиби асосии “Равшан” – “Истиқлол” – гузашт.

Мушкилоти молии тим низ як мояи дигари норозигии мухлисони “Равшан” шудааст, ки мегӯянд, ФФТ ба ин тими қаҳрамони футболи кишвар мисли як фарзанди ӯгай нигоҳ мекунад. Мухлисони “Равшан” ҳатто гуфтаанд, ки мехоҳанд рӯзи 25 март мушкилоти тими дӯстдоштаашонро бо президенти ФИФА Йозеф Блаттер дар миён гузоранд. Онҳо ҳамчунин умедворанд, ки доварони бозӣ дар ҳузури президенти ФИФА ба "таға"-бозӣ ҷуръат нахоҳанд кард.

Бо ин ҳол, бархе манобеи наздик ба "Равшан" мегӯянд, чанд футболисти дигари даста бо "Далерон" аз Истаравшан алакай қарордод бастаанд ва эҳтимоли фурӯпошии тими баъди бозии Суперҷом бештар мешавад.

Бозӣ байни қаҳрамон ва барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон барои Ҷоми олии футболи ин кишвар имсол барои бори панҷум доир хоҳад шуд. Се соли аввал Ҷоми олиро “Истиқлол”-и Душанбе ва соли гузашта “Равшан” ба даст оварданд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.

Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.

Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.

Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.

Соли 2014. Шаҳри Душанбе. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - ?:?
XS
SM
MD
LG