Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи байнулмилалии футбол ё ФИФА раиси нав меҷӯяд. Омодагиҳо ба интихоби шахсе, ки бояд ба курсии Зепп Блаттер нишинад, шурӯъ шудаанд. Аммо ин интихоб бо ҳамон низоме ҷараён хоҳад гирифт, ки дар гузашта мушкилот ба бор оварда буд.

Дар сабқат барои курсии нуҳумин раиси як федерасюни пурмоҷаро дар таърихи 111-солаи он, риски бузург ба тавонмандии раҳбар дар ҷалби зиёдтарин сармоя барои ин эътилоф ниҳон аст. Эътилофе, ки 209 узви он асосан кишварҳои хурданд ва ҳар кадом дар ин интихобот 1 овоз дорад.

Зепп Блаттер, ки гуфт, дигар номзад нахоҳад шуд, низоми моҳиронаеро сохта буд, ки дар он ваъдаи тақсими баробари пули федератсия дар байни аъзои он аксарияти раъйҳои Африқо, Осиё, Амрикои Лотин ва ҳавзаи Карибро барояш армуғон меовард.

Вай 133 раъй гирифт ва бо шикаст додани Шоҳзода Алӣ Бин ал-Ҳусайни урдунӣ рӯзи 29-уми май барои панҷумин бор раиси ФИФА шуд. Аммо баъд аз чаҳор рӯз зимни пажӯҳиши ҷиноие, ки ИМА ва Швейтсария бо иттиҳоми ришват, шустушӯи пул ва дигар аъмоли ҷиноӣ оғоз кардаанд, ба истеъфо рафт.

Охирин нишасти хабарии Блаттер ҳамчун раиси ФИФА

Охирин нишасти хабарии Блаттер ҳамчун раиси ФИФА

“Мушкил фақат Блаттер нест, худи ФИФА асли мушкил аст,” – мегӯяд Ҷемӣ Фуллер, раиси ширкати либоси варзишии SKINS ва аз тарафдорони ислоҳот дар федератсия, -- “ёздаҳ рӯз пеш аз се ду ҳиссаи аъзои он барои низоми пӯшидаи молиявӣ ва мудирият раъй доданд.” Вай меафзояд, ки ҳама гуна пешниҳоди ислоҳот дар ин ниҳод боиси ришханди масъулони он мешавад.

Ба ғайр аз поккории дохилии созмон, масъалаҳои калидие, ки дар баробари футбол қад кашидаанд -- сатҳи хеле сусти футболи ҳирфаӣ дар бисёре аз кишварҳо ва тиҷорати бозиҳо – гумон аст дар маркази интихоботи раиси нав қарор гиранд.

Шоҳзода Алӣ, раиси футболи Аврупо Мишел Платинӣ ва писари миллиардери соҳиби ширкати Hyundai дар Кореяи Ҷанубӣ Чун Мон-ҷун мумкин аст, номзад шаванд.

ФИФА рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки дар ҷаласаи фавқулодаи Кумитаи иҷроияи он дар моҳи июл рӯзи баргузории интихоботи раиси он эълон хоҳад шуд. Кумита аввал бояд номзадҳоро расмӣ кунад, ки мумкин аст, ба камияш 4 моҳ тӯл кашад. Ба ин тартиб, интихобот мумкин аст, охирҳои сол баргузор шавад.

Аммо раиси нав ҳам бо ҳамон қоидаҳои куҳнае интихоб хоҳад шуд, ки дар санадҳои ФИФА ба “ояҳои Қуръонӣ” табдил ёфтаанд. Ин қоидаҳоро танҳо анҷумани ФИФА иваз карда метавонад.

Раиси Иттиҳоди футболи Олмон Волфганг Нирсбах рӯзи чаҳоршанбе як барномаи 10-бандии ислоҳот дар ФИФА-ро эълом дошт. Вай пешниҳод кард, ки кишварҳои калонтар назар ба кишварҳои хурд раъйи бештар дошта бошанд. Ин андешаест, ки дар қораҳои дигари ҷаҳон бонги изтиробро баланд хоҳад кард.

“Ман умдатан тарафдори ин мушоракати демократӣ ҳастам, вале фикр мекунам, вазни муайяни ҳар раъй бояд бар пояи ҳаҷми он ва равобити варзишии иттиҳодияаш бо федератсия роҳи беҳтар ва дурусттареро боз мекунад,” – гуфт Нирсбах.

Шоҳзода Алӣ бин Алӣ ал-Ҳусейн

Шоҳзода Алӣ бин Алӣ ал-Ҳусейн

Раъйдиҳӣ дар ФИФА пинҳонист. Яъне иттиҳодияи миллӣ метавонад, ба як номзад ваъда диҳад, аммо дар асл аз номзади дигар тарафдорӣ намояд. Худи номзад ҳаргиз аз ин ҳақиқат огоҳ нахоҳад шуд.

Номзадҳо мумкин аст, додани ҳаққи мизбонии Ҷоми Ҷаҳониро ҳамчун абзори муомила истифода накунанд, вале агар Русия ва Қатар, ки ҳаққи мизбонии мусобиқаҳои соли 2018 ва 2022-ро ба даст овардаанд, ҳис кунанд, ки ин ҳақ аз онҳо гирифта мшавад, тамоми масъала ба як тиҷорат табдил хоҳад ёфт. Дафтари Федероли Пажӯҳиш ё FBI ва мақомоти Швейтсария гумони порагирии аъзои Кумитаи иҷроияи ФИФА-ро барои чунин ҳақ пажӯҳиш мекунанд.

Федератсия рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки озмунро барои мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 ба таъхир мегузорад.

Ҳар касе, ки орзуи раисии ФИФА-ро дорад, мумкин аст, мехоҳад, суханони ҳуҷумкунандаи пешини Португалия Луис Фигоро шунавад, ки низ дафъаи охир номзад буд, аммо як ҳафта пеш аз интихобот номзадияшро пас гирифт.

“Дар чанд моҳи гузашта ман на танҳо шоҳиди орзуҳои дигаргунӣ, балки шоҳиди мавридҳои пайдарҳаме дар саросари ҷаҳон шудам, ки мояи шарми ҳар нафаре буданд, мехоҳад, футбол озод, пок ва демократӣ бошад,” – гуфт Фиго.

“Ман бо чашмони худ дидам, ки раисони федератсияҳо, ки раҳбарони ФИФА-ро шайтон меномиданд ва як рӯз баъдаш ба саҳна баромада, ҳамон шахсро Исои Масеҳ хитоб карданд. Ин чизҳоро ҳеч кас ба ман нагуфтааст, балки ман бо чашмони худам дидам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG