Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдор ба муҳоҷирон -- 3 соли зиндон барои "фиктивный брак"


Парлумони Русия дар ҳоли баррасии тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ин кишвар аст, ки дар сурати тасвиб шуданаш шаҳрвандони хориҷиро барои издивоҷҳои қалбакӣ (фиктивный брак) то 3 сол аз озодӣ маҳрум мекунад.

Думаи давлатӣ ё парлумони Русия дар ҳоли баррасии тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ин кишвар аст, ки дар сурати тасвиб шуданаш шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро барои ташкили издивоҷҳои қалбакӣ (фиктивный брак) бо занону духтарони рус то 3 сол ба зиндон мефиристад.

Ин тарҳи иловаҳо аз сӯи намояндагони Думаи давлатӣ аз вилояти Калуга пешниҳод шуда, онҳо бовар доранд, ин қонун ба меъёрҳои байналмилалӣ муғойират нахоҳад дошт. Чун, ба гуфтаи онҳо, ин “меъёр” алакай дар Амрикову Олмон ва Белгияву Бритониё ҳам ҷорист.

Муаллифони тарҳ пешниҳод кардаанд, барои ташкили издивоҷҳои қалбакӣ ҷарима ба ҳисоби аз 100 то 300 ҳазор рубли русӣ ва ё се сол корҳои маҷбурӣ низ пешбинӣ шавад.

Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, мегӯяд, дар Русия никоҳҳои қалбакӣ ва он ҳам аз тарафи муҳоҷирони корӣ, ки ҳар кадомашон ташнаи дарёфти шаҳрвандии Русия ва ё будубоши қонунӣ ва бедарди сар ҳастанд, афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи ин нашрия, бештари никоҳҳои қалбакӣ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Арманистон марбут аст.

Муаллифони тарҳ аз вилояти Калуга ҳам мегӯянд, бар асоси оморе, ки онҳо дар даст доранд, танҳо дар тӯли солҳои 2010-2013 додситонии ин вилоят 32 издивоҷро бекор кардааст, ки на бар пояи муҳаббат, балки бар асоси қарордоди пулӣ ташкил ёфтаанд. Онҳо мегӯянд, ин издивоҷҳо аз тарафи муҳоҷирони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Украина ташкил гардида, қарордоди пулияш аз чанд ҳазор то чандсад ҳазор рубл аст.

Иззат Амон

Иззат Амон

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, ташкили издивоҷҳои қалбакӣ аз пеш ҳам ҷавобагрӣ дошт, аммо ба назари ӯ ҳоло сахттар хоҳад шуд. Вай гуфт, "ду соли охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон танҳо ба хотири "фиктивный брак" аз шаҳрвандии Русия маҳрум гаштанд."

Бархе аз аъзои кумитаҳои Думаи давлатӣ аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд ва Рафаэл Марданшин, яке аз онҳо, гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд дар хониши аввал ин тарҳ пазируфта хоҳад шуд.

Вячеслав Поставнин, раҳбари бунёди “Муҳоҷирати асри 21” ба нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, издивоҷҳои қалбакӣ ҳамчун “дастгоҳ”-и қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст. Вале ӯ пешниҳод кардааст, ба ҷои ин ки мақомот ҷавобгарӣ таъин кунанд, баръакс, бояд шумораи квотаҳо ба муҳоҷиронро афзоиш диҳанд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамагӣ се соли пеш ҳаққи шаҳрвандӣ дар Русияро пайдо кардааст, мегӯяд, ба “шарофат”-и як духтари рус ин кор барояш осон уфтода буд. Вале ҳоло ӯ аз паёмади ин кор зиёдтар меандешад ва мегӯяд, дар сурати пеш омадани мушкил намедонад илоҷи корро чӣ гуна хоҳад ёфт.

Вай ба далели он ки аз ӯ ном бурда нашавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, “чанд сол ба ҳайси мардикор кор кардам. Вале медонед, дар ин ҷо агар шаҳрванд набошӣ, ҳаққи баробар надорӣ. Аз бонк пул гирифта наметавонӣ. Маҷбур шудам, бо як духари рус қарордод кунам, ки ӯ ба ҳайси ҳамсар ман сабтином мешаваду баъд аз гирифтани ҳуҷҷати шаҳрвандӣ мо аз ҳам ҷудо мегардем ва ӯ дар иваз пул дарёфт мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, "таъини ҷазо барои издивоҷҳои қалбакӣ на танҳо ба муҳоҷироне, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро бигиранд дарди сар эҷод мекунад, балки барои онҳое, ки аз ин тариқ алакай шаҳрвандӣ гирифтаанд, низ мушкил эҷод хоҳад кард."

Бино ба иттилои расмӣ то 1 миллион ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагӣ дар Русияанд. Бештари ин афрод то кунун ҳаққи шаҳврандӣ дар ин кишварро низ ба даст овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG