Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ "Равшан"-ро қисман сарпарастӣ мекунад


Федератсияи футболи Тоҷикистон сарпарастии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро қисман ба ӯҳда гирифтааст.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, то пайдо шудани сарпарасти нав, Федератсиии футболи Тоҷикистон сафархарҷӣ ва маоши бозингарони дастаро пардохт хоҳад кард. Тими "Равшан" -ро то кунун ширкати "Ҳоҷӣ Шариф" сарпарастӣ кард ва муддати ду соли ахир чемпиони Тоҷикистон низ шуд.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи "Равшан" афзуд: "Ҳоло мо дигар ягон легионер надорем ва бо бачаҳои худ кор мекунем. Бовар дорем, ки онҳо футболисти хуб мешаванд, дар оянда. Сӯҳбатҳо ҳаст ва бовар дорем, ки дар ояндаҳои наздик соҳиби сарпараст ҳам мешавем, аммо ҳоло моро Федератсия сахт дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин вазъияти бесарпарстӣ аз ин дида дигар кӯмак намешавад."

Рустамов гуфт, онҳо аз масъулони «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» барои ду сол сарпарастӣ кардани даста минатдоранд. Ӯ мегӯяд, маҳз дар замони сарпарастии ин бозор дастаи «Равшан» рушд кард.

Дастаи футболи «Равшан» аз сермухлистарин даста буд, ки чанд моҳи ахир бинобар бе сарпараст мондан тақрибан дар ҳамаи бозиҳояш бо ҳисоби бузург шикаст мехӯрад. Ҳафтаи гузашта ин даста аз рақиби суннатии худ «Истиқлол»-и Душанбе, ки муассиси он Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон мебошад, бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст хӯрд.

Мухлисони “Равшан” ба ин назаранд, ки азбаски “Истиқлол”-ро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ таъсис додааст, ФФТ бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо таъмини пуштибонии доварон ва бо ҳар баҳона сохтани мониаҳо дар роҳи рақибони асосии “Истиқлол”, бавижа “Равшан”, барои ин тими, ба ақидаи онҳо, “эрка” шароити пуримтиёзе фароҳам овардаанд. Мақомоти ФФТ ин иддаоро рад мекунанд.

“Равшан” қабл аз оғози мавсими имсола дар шароити сахти молие қарор гирифт. Спонсори асосии даста – ширкати марбут ба наздикони яке аз домодҳои раисиҷумҳур – аз идомаи таъмини молии “Равшан” гӯё даст бардошт ва ин боис шуд, ки бозигарони даста ба мушкили гирифтани маош дучор шуда, пули кофие барои омодагӣ ба бозиҳои Ҷоми АФК – Иттиҳодияи футболи Осиё – пайдо накарданд. Ҳамин тавр, чанд тан аз бозигарони “Равшан” ба далели мушкилоти молӣ тарки ин тим карданд ва ҳатто ҳамлагари асосиаш Девид Маутоба ҳайати рақиби асосии “Равшан” – “Истиқлол” – гузашт.

Мушкилоти молии тим низ як мояи дигари норозигии мухлисони “Равшан” шуда буд, ки мегуфтанд, ФФТ ба ин тими қаҳрамони футболи кишвар мисли як фарзанди ӯгай нигоҳ мекунад. Бо вуҷуди мушкилот дастаи "Равшан" тавонист маблағ барои ширкат дар мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистонро пардохт намояд вале дар ҳоли ҳозир дар ҷадвали мусобиқот аз ҷойгоҳи хубе бархӯрдор нест.
XS
SM
MD
LG