Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав муҷассамаи Ислом Каримовро месозанд


Ислом Каримов ва Владимир Путин
Ислом Каримов ва Владимир Путин

Пайкараи президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримовро дар Маскав дар гулгаште хоҳанд сохт, ки аллакай ба номи вай гузошта шудааст. Ин қарор дар ҷаласаи комиссияи санъати пайкарасозии Думаи шаҳрии Маскав қабул шудааст.

Моҳи октябри соли ҷорӣ гулгаште дар минтақаи Якиманкаи пойтахти Русия ба номи Ислом Каримов гузошта шуд. Гулгашти мазкур дар наздикии консулгарӣ ва меҳмонхонаи Узбакистон ҷойгир аст.

Президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли ҷорӣ дар 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG