Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони шамшерзани Кӯлоб бо барномаи рақобатҳои олимпӣ


Бег Зуҳуров нахустин тими шамшерзанон дар Кӯлобро сарпарастӣ мекунад. Тамринҳои ин маҳфил дар Маҷмааи варзишии аз ҷониби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёдшуда пайваста ҷараён доранд.

Бег Зуҳуров нахустин тими шамшерзанон дар Кӯлобро сарпарастӣ мекунад. Тамринҳои ин маҳфил дар Маҷмааи варзишии аз ҷониби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёдшуда пайваста ҷараён доранд. Манижа Зардиева, мураббии дастаи шамшерзанони Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аввалин духтаре аз минтақа буд, ки шамшерзаниро омӯхт ва ба дараҷаи устодӣ расид. Ба гуфтаи Манижа, ҳоло дар тими шамшерзанони Кӯлоб 15 нафар машқ мекунанд ва 7 нафари онҳо духтаронанд. Синни аъзои ин даста аз 15 сола болост.

Манижа Зардиева умедвор аст, ки сафи духтарон дар дарсҳои омӯзиши ҳунари шамшерзанӣ дар минтақаи Кӯлоб бештар мешавад. Вай мегӯяд, дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки муддате пеш баргузор шуд, худи ӯ а чанд шогирдаш иштирок карда ҷойҳои намоён гирифтанд. Хонум Зардиева бовар дорад, ки таваҷҷӯҳи духтарҳои сокини Кӯлоб ба шамшерзанӣ бояд мешавад ва дар оянда шонси то ба мартабаи бозиҳои олимпӣ бардоштани шогирдон вуҷуд дорад.

Шамшербозони Кулоб барои пирӯзӣ камар бастаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Яке аз духтарони маҳаллӣ, ки ба шамшерзанӣ муҳаббат нишон додааст, Меҳронаи 15-сола аст аст. Модаркалони ӯ Бибисоро Холова мегӯяд, наберааш шаш моҳ қабл ба омӯхтани ҳунари шамшерзанӣ пардохт ва ҳоло, мисли ҳар варзишгари хостори пешрафту пирӯзӣ, талош дорад аз дигарон беҳтар бозӣ кунад. Ҳоло хонум Холова ҳам ба таблиғгарони ҳунари шамшерзанӣ табдил шуда, модарони дигарро ҳам дар атрофаш даъват мекунад, ки соатҳои холӣ фарзандонашонро бо варзиш машғул доранд.

Дарсҳои шамшерзанӣ дар Кӯлоб дар ҳоле ташкил шудаанд, ки ин навъи варзиш дар Тоҷикистон чандон маъруфу пуртарафдор нест. Иттилои сокинон ҳам дар бораи ин ҳунари варзишӣ маҳдуд аст. Азиз Насимов, мураббии дастаи писарони шамшерзани Кӯлоб ҳам мегӯяд, ки сабаб дар рушди камранги ин навъи варзиш дар Тоҷикистон аст. Ҷаноби Насимов ҳам мехоҳад, шумори писарони машғули ин ҳунари варзишӣ афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ин мураббӣ, ду моҳ қабл дастаи вай дар яке аз мусобиқаи байналмилалии шамшерзанон ширкат карда, мағлуб шуд. Бо ин ҳам, ба таъкиди мураббӣ, онҳо дилсард нестанд ва талош мекунанд камбудиҳои худро ислоҳ кунанд.

Маҳфили шамшерзанони шаҳри Кӯлоб ҳоло мехоҳад, ки фаъолияти худро то ноҳияҳои минтақа густариш бидиҳад, то ки шонси ҷалби ҷавонҳои боистеъдод бештар шавад.

XS
SM
MD
LG