Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол”-и Душанбе барои панҷумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол гардид.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метра кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Ҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода супурд.

Аъзои бошгоҳи “Истиқлол” бо медалҳои тилло ва дастаи “Регар-ТадАЗ” бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Инчунин бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт.

Ҷоми Тоҷикистон-2015. Финал

«ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 2:2. Аз рӯи пеналтӣ — 6:5

Голҳо: Дилшод Восиев, 96 (1:0). Фирӯз Қараев, 104 (1:1). Нуриддин Давронов, 112 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 114 (2:2).

Силсилаи пеналтӣ: Нозим Бобоҷонов – 0:1. Аҳтам Назаров – 0:1 (дарозабон). Фирӯз Қараев – 0:1 (хато зад). Парвизҷон Умарбоев – 1:1. Комрон Турсунов – 1:2. Фатҳулло Фатҳуллоев – 2:2. Фаридун Шарифов – 2:3. Нуриддин Давронов – 3:3. Фарҳод Холбеков – 3:4. Хосе Баллестер – 4:4. Ойбек Абдуғаффоров – 4:5. Бледа Родригес – 5:5. Бахтиёр Азимов – 5:5 (дарвозабон). Дилшод Восиев – 6:5.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Хосе Баллестер, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Аҳтам Назаров, 79), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 91), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Зиёвуддин Фузайлов, Парвизҷон Умарбоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов (капитан), Далерҷон Тухтасунов (Фаррух Чориев, 115), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Фарҳод Холбеков, 84), Расул Файзов, Фаридун Шарифов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Зиёвуддин Фузайлов, Нуриддин Давронов, Бледа Родригес («Истиқлол»), Акбар Бобомуродов, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Нозири доварон: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

28 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошогар.

Дарвоқеъ, «Истиқлол» ба ҳайси қаҳрамони нави Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 роҳ ёфтааст. Роҳхати дувум ба мусобиқаи бошгоҳии қитъавӣ аз Тоҷикистон насиби дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар, гардид.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ширкат карданд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор “Регар-ТадАЗ” (солҳои 2011, 2012) ва се бор “Истиқлол” (солҳои 2013, 2014, 2015) ғолиб шудаанд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 24-ум барпо гардид. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор барандагони Ҷом шудаанд.

Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ 6:5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG