Пайвандҳои дастрасӣ

Фабрикаи террор ва ё назаре ба ҷанги FBI бо даҳшатафканӣ


Дар пайи ҳамла ба шаҳрҳои мухталифи Амрико дар 11-уми сентябри соли 2001, Хадамоти федералии тафтишоти ИМА (FBI) борҳо дар бораи хунсо намудани нақшаҳои ҳамлаҳои даҳшатбор гузориш дода аст.

Вале рӯзноманигори муҳаққиқ Тревор Аронсон баъди омӯзиши ҳазорҳо саҳифаи санадҳои додгоҳ ба хулоса омадааст, ки агар худи Хадамоти федералии тафтишот дар таҳияи ин ҳамлаҳо саҳм намедошт, афроди муҷозотшуда ҳеҷ гоҳ ба раҳандозии ин ҳамлаҳо муваффақ намешуданд.

Рӯзноманигори муҳаққиқ Тревор Аронсон мегӯяд, FBI ё худ Хадамоти федералии тафтишоти ИМА дар ҷустуҷӯи ба истилоҳ “гургҳои танҳои террорист” аст, ки бо меҳру муҳаббат ба созмони террористии Ал-Қоида дар хонаашон нишаста, орзу доранд, ки як ҳамлаи даҳшатбор ташкил кунанд.

Аронсон меафзояд, FBI тавассути амалиёти ғафлатандозӣ афсарони махфӣ ва ё кӯмакрасонҳои пинҳонии худро ба назди чунин афрод фиристода, онҳоро ба дом меандозад: яъне Хадамоти федералии тафтишот ба довталабони ҳамлаи террористӣ маводи таркандаву дигар ашёи заруриро дастрас мекунад, вале қабл аз баргузории амалиёт ин гуна довталабҳои терроризмро боздошт мекунанд.

Афсарони FBI аз ҷои будубоши Файсал Шаҳзод маводи дарёфтшударо берун мебаранд.

Афсарони FBI аз ҷои будубоши Файсал Шаҳзод маводи дарёфтшударо берун мебаранд.

Аронсон мегӯяд, тавассути ҳамин қабил амалиёт тахминан 150 нафар боздошт ва муҷозот шуданд, вале аз ин байн фақат чанд тан, аз ҷумла Файсал Шаҳзод ва Наҷибулло Зазиро метавон ном бурд, ки на фақат дар фикри ҳамлаҳои даҳшатбор, балки воқеан дар пайи иҷрои ин нақшаҳои хунин дар шаҳри Ню- Йорк будаанд.

Муаллифи китоби “Фабрикаи террор ва ё назаре ба ҷанг бо даҳшатафкании FBI “ мегӯяд, ки хадамоти федералии тафтишоти ИМА тахминан 15 ҳазор нафарро ҳамчун хабаррасонҳои махфӣ истифода бурда, бар пояи аҳамияти хабари расондаашон ва даҳшатафкани эҳтимолиии пайдо намудаашон ба онҳо ҳазорҳо доллар ҷоиза медиҳад. Ба гуфти Аронсон дар байни ин хабаррасонҳо баъзан ҷинояткорон низ ба чашм мехӯранд, ки дар орзуи гирифтани ҷоизаи ҳангуфт, худ ба масҷид рафта, ягон бемор ва ё камбағалро ба ин дом меандозанд.

Дар идомаи китоби худ Аронсон навиштааст, ки гоҳе Хадамоти федералии тафтишот муҳоҷирон, ба хусус муҳоҷирони мусулмонро, бо таҳдиди ихроҷ аз Амрико ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ водор мекунанд.

Дар посух ба ин китоби Аронсон собиқ афсари хадамоти федералии тафтишоти ИМА Алӣ Суфон дар рӯзномани Вол стрит Ҷорнэл (“Wall Street Journal”) навишт, ки маҳз ба шарофати ҳамин гуна амалиёти домгузорӣ ҳамлаи террористии Файсал Шаҳзод дар майдони марказии Нюйорк ва ҳамлаи террористии Наҷибулло Зазӣ дар метрои Нюйорк хунсо шуда ҳаёти садҳо нафар наҷот дода ёфтаанд.

Тревор Аронсон, муаллифи китоб

Тревор Аронсон, муаллифи китоб

Сухангӯи бахши амнияти миллии вазорати адлияи ИМА Дин Бойд бошад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳанӯз китоби Тревор Аронсонро нахондааст ва аз ин рӯ, дар бораи ин китоб ва хулосаҳоим муаллифи он чизе гуфта наметавонад. Дар айни замон ин масабдори вазорати адлияи ИМА мегӯяд:

Аввалан, амалиёти ниҳодҳои амниятӣ бо истифодаи афсарону хабаррасонҳои махфӣ барои кашфу безарар намудани масъулони ҳамлу нақли маводи мухаддир, фасод, фаҳшо дар нисбати кӯдакону наврасон, қочоқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин даҳҳо сол инҷониб истифода мешаванд.

Сониян, барои хунсо намудани нақшаҳои хушунатбор истифодаи амалиёти домгузорӣ фақат яке аз василаҳо ба шумор меравад. Дар мавриди истифодаи афроди гумонбар бошад, мансабдори амрикоӣ гуфт, ки ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои амниятӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ин афрод ба хотири коҳиши муҷозот худашон ба ҳамкорӣ ҳастанд."

Ба қавли Бойд дар қазияҳои марбут бо мухолифат ба терроризм мақомот аз эҳтиёт кор мегиранд. Билохира, ин мансабдор иброз дошт, ки вақте як нафар нияти бад дораду мехоҳад ҳамла раҳандаозӣ кунад, ниҳодҳои амниятӣ бояд роҳи ӯро гиранд: “Ин на интихоб, балки вазифа аст”.
XS
SM
MD
LG