Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FBI: Тирандозии Калифорния "ҳамлаи террористӣ" буд


Пулиси федеролии Амрико ё FBI, рӯзи ҷумъа эълон кард, ки тирандозии рӯзи 2-юми декабр дар Калифорния, ки боиси кушта шудани 14 нафар шуд, як "иқдоми террористӣ" будааст.

Пулиси федеролии Амрико тирандозии рӯзи 2 -юми декабр дар Калифорнияро, ки боиси кушта шудани 14 нафар шуд, як "амали террористӣ" донист. Саид Ризвон Форуқ, як масъули ресторанҳо дар созмони тандурустии бахши шаҳраки Сан Бернардинйо, воқеъ дар шарқи Лос-Анҷелес ва ҳамсараш Ташфин Малик рӯзи чаҳоршанбе ба як ҷашн дар макони кор бо афроди маъюб, ҳамла карданд.

Тибқи гузоришҳо, ҳамкорони Саид Ризвон Форуқ дар ин маҳфил ширкат доштаанд. Аксари кушташудаҳо дар ин ҳамла кормандони иҷтимоӣ буданд, ки дар дохили як маҷлисгоҳ қарор доштанд. Тибқи гузоришҳо, ин зану шавҳар ба сӯи ҳозирон 75 тир андохтаанд. Дар ин ҳамла 14 нафар кушта ва 21 нафар захмӣ шуданд. Баъд аз тирандозӣ ба тарафи мардум, ҳамлагарон савори мошин шуда, фирор кардаанд. Вале пулисе, ки ба таъқиби онҳо пардохт, ду нафар аз ҳамлагаронро ба қатл расонд.

Хабаргузории Ройтерза аз қавли ёвари раҳбари пулис дар иёлати Калифорния рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки "бар асоси маълумот ва далелҳое, ки мо дар даст дорем, акнун дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин амали ваҳшатнок ба унвони як иқдоми террористӣ ҳастем." Ин мақоми пулис таъйид кардааст, ки Ташфин Малик дар шабакаи иҷтимоӣ бо Абубакр Ал-Бағдодӣ -- раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" байъат кардааст.

Ба гузориши CNN, чанд лаҳза пас аз ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе, Ташфин Малик дар паёме дар Фейсбук, бо раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" баъйати худро эълон кард. Аммо Фейсбук ин паёмро чанд лаҳза баъд ҳазф карда буд.

Пулиси Амрико гуфтааст, ки Ризвон Форуқ ва ҳамсараш Ташфин Малик ҳини даргирӣ бо пулис телефонҳои худро аз байн бурда буданд. Ҳоло талошҳо барои барқарор кардани ҳофиза ё системаи ҳифзкунандаи телефон ва компютерҳои ин зану шавҳар идома дорад.

Ба гузориши CNN, пулис дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқи бештар дар бораи гузаштаи Ташфин Малик аст. Тибқи ин гузориш, Ташфин Малик то наздик ба панҷ соли пеш, ки ба Покистон бозгашта буд, дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекардааст. Ташфин Малик соли 2014 аз тариқи интернет бо Ризвон Форуқ ошно шуда ва аз тариқи визаи "номзадӣ", вориди Амрико шудааст.

Ба гузориши CNN, Ташфин Малик рӯйбанд доштааст ва камтар касе дар Амрико чеҳраи ӯро дидааст. Вай дар Амрико зиндагӣ намекардааст. Як коршиноси умури амниятӣ ба CNN гуфтааст, ки эҳтимол дорад Ташфин Малик, Ризвон Форуқро ба ин ҳамла тарғиб карда бошад.

XS
SM
MD
LG