Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI: иртиботи миёни мушовирони Трамп ва мақомҳои Русия таҳқиқ мешавад


Раиси Бюрои федеролии тафтишот тасдиқ кард, ки мавзӯи иртиботи миёни мақомоти Русия ва мушовирони президент Доналд Трамп таҳқиқ мешавад. Ҷеймс Комӣ дар изҳороташ дар Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагон гуфт, ки яке аз таҳқиқоти ҷараёндоштаи Конгресс ба амалкарди Русия дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016-и ИМА рабт дорад.

Дар ҷараёни ду моҳи баъди шурӯи салоҳиятҳои президентии Доналд Трамп дар Кохи Сафед ӯ дар робита бо гузоришҳо оид ба мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи президентӣ ва даст доштани зердастонаш дар ин маъракаҳо борҳо посух додааст. Ҷеймс Комӣ дар нахустин суханрониаш дар Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард, ки воқеан ҳам ҳоло чунин як таҳқиқот ҷараён дорад. Комӣ дар ин суханрониаш аз иддаои Трамп дар бораи он ки гӯё президенти собиқ Барак Обама ба гӯш кардани телефону дигар васоили марбут ба Трамп амр додааст ё на, ёд накард.

Раиси кумита Дейвин Нунси ҷумҳурихоҳ дар ҳамовозӣ бо ҳамкори демократаш Адам Шифф гуфт, ки дар дохили дафтари кории Трамп “ҳеҷ дастгоҳи пинҳонии сабт гузошта нашудааст”. Вале Нунс гуфт, ки эҳтимолан дастгоҳҳои дигари сабт вуҷуд доштанд.

Рӯзи 20 март дар Кумитаи маҷлиси намояндагон дар Вашингтон инчунин раиси Оҷонсии амнияти миллӣ Майк Роҷерс ҳам баёнот дод. Ҷаласае, ки рӯзи 20 март дар Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифт, барои аввалин бор масъалаи дахолати Русия ба маъракаи интихоботи президентии ИМА-ро баррасӣ кард.

Моҳи январ оҷонсиҳои истихбороти Амрико гузорише нашр карда гуфтанд, ки Владимир Путин, президенти Русия шахсан барои “дахолат ба маъракаи интихоботӣ” амр додааст ва ҳадаф рахнасозии компютерҳо, пахши матолиби таблиғотӣ ва ҳам дигар методҳое буд, ки ҳадафаш ба ҳам задани низоми интихоботи президентии ИМА ва заиф кардани мавқеи намояндаи демократҳо Ҳилларӣ Клинтон будааст. Дар ин гузориш гуфта шуд, ки Русия ба таври возеҳ пуштибониаш аз Трампро ба намоиш гузошт.

Русия ҳама гуна талошаш барои дахолат ба интихоботи президентии Амрико ва худи Трамп ҳам вуҷуди иртиботи ғайри қобили қабули зердастонаш бо мақомоти русро рад кардаанд.

Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер рӯзи 20 март навишт, ки “демократҳо, ки як маъракаи интихоботии бадеро ба роҳ монданд, аз роҳи эҷоди қиссаи дахолати Русия хостанд заъфи худро пинҳон кунанд”. Вай гуфт, “воқеият ин аст, ки Конгресс, Бюрои федеролии тафтишот ва дигарҳо бояд ба берун рафтани маълумоти сиррӣ таваҷҷӯҳ мекарданд. Ҳоло бояд нафаре, ки ин асрорро берун бурдааст, пайдо шавад”.

Фриннро дар гирифтани пул аз мақомоти Русия гунаҳгор карданд
Фриннро дар гирифтани пул аз мақомоти Русия гунаҳгор карданд

Трамп Майкл Флиннро маҷбур кард, ки моҳи феврал аз мақоми мушовири амнияти миллӣ канор равад. Он замон ошкор шуд, ки Флинн дар бораи сӯҳбатҳои моҳи декабриаш бо сафири Русия дар ИМА ба муовини президент Майк Пенс ва мақомоти дигари Кохи Сафед иттилои нодуруст додааст. Аз ин пеш додситони кулл Ҷеф Сешшн ба сенаторҳо гуфт, ки ӯ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ бо мақомоти рус мулоқот накардааст. Вале баъдан ӯ эътироф кард, ки бо сафири ин кишвар дар Русия ҳадди аққал ду бор дидор карда бо ҳамин худро аз ширкат дар тафтишот канор гирифт.

Дар як изҳороташ дар шабакаи Твиттер рӯзи 4 март Трамп гуфт, ки Обама ба гӯш кардани гуфтугӯҳои Трамп дар дафтарҳои кории ӯ дар Ню-Йорк амр дода буд.

Ҷеймс Клаппер, мақоми аршади иттилоотии Обама гуфт, ки ҳамаи ин иддаоҳо дурӯғ аст. Баъди ин Кохи Сафед хост, ки иттиҳомотро каме тағйир бидиҳад ва гуфт, ки манзури Трамп аз гӯш кардани гуфтугӯҳои ӯ умумӣ гуфта шуд. ​

XS
SM
MD
LG