Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пианинонавози турк ба таҳқири арзишҳои мазҳабӣ муттаҳам шуд


Додгоҳи Анкара Фозил Сайро дар таҳқири арзишҳои мазҳабӣ ба ҳангоми мукотибааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер муттаҳам мекунад.

Ин пианинонавози маъруфи турк рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи Анкара ҳозир шуд, то барои бадгӯӣ дар ҳақи дини Ислом ба ҳангоми мукотибааш дар шабакаи Twitter посух диҳад. сарнавишти ӯ боиси нигарониҳо аз поймолшавии озодии баён дар туркия шудааст.

Фозил Сай, ҳунарманди маъруфи турк аст, ки дар Филармонияи Ню-Йорк, Оркестри симфонии Берлин ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин ба сифати сафири фарҳангии Иттиҳоди Аврупо фаъолият кардааст. Фозил Сай солиёни дароз ҳамчун як шахсияти обруманди Туркия муаррифӣ мешуд.

Аммо ҳоло Сай на ҳайси як нобиғаи ҳунарӣ, балки барои баъзе назарҳояш дар масоили мазҳабӣ мавриди таваҷҷӯҳи мақомот қарор гирифтааст.

Пианинонавози 42-сола рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи Истанбул ҳозир шуд ва акнун бояд ба иттиҳомоти марбут ба “таҳқири арзишҳои мазҳабӣ дар баробари омма” ва “ангезиши бадбиниву хусумат” посух диҳад. Дар сурати собит шудани гуноҳҳои Сай дар додгоҳ, ӯ метавонад ба мӯҳлати то 18 моҳ зиндонӣ шавад. Сай дар мурофиаи ахир иттиҳомоти зидди худро рад кард ва талаб ба миён гузошт, ки бегуноҳ эълон шавад. Вале мурофиа то 14 феврал ба ҳарду ҷониб фурсат дод, ки омодагии беҳтар бинанд. Сай мегӯяд, ки яке аз иттиҳомоти зидди ӯ нақли латифае дар ҳақи муаззини масҷид аст. Сай гуфт, вақте садои муаззин дар оғози намоз баланд шуду танҳо 22 сония идома кард, на чанд дақиқае, ки бояд тӯл кашад, Сай дар шабакаи Твиттер навиштааст, ки “Чаро зуд анҷом ёфт? Ё шояд маъшуқа ё ракӣ интизори ту аст?”. Ракӣ як навъ машруботи алкоҳолӣ аст, ки дар Туркия таҳия мешавад.

Ба андешаи Сай ва ҳам як сиёсатмадори олмонии туркнажод, парвандаи ҷиноии зидди ҳунарманд мухолифи меъёрҳои озодии баён аст. Севим Дағделен барои ҳимоят аз Сай ба Туркия рафтааст.

Вақтҳои охир дар додгоҳҳои Туркия шумори хеле зиёди рӯшанфикрон муҳокима мешаванд. Рӯшантарин қазия марбут ба нависандаи барандаи ҷоизаи Нобел Орҳан Памук аст, ки соли 2005 барои матлабе, ки мегуфт, “туркҳо 30 ҳазор курд ва як миллион арманиро куштаанд”, дар таҳқири туркҳо айбдор шуд. баъдан парвандаи Памук бо сабабҳои фанӣ лағв шуд. Вале нависандаву журналисту фаъолони зиёди ҳуқуқи башар пайваста барои изҳори танқидии андешаашон роҷеъ ба таъриху мазҳабу терроризм муҳокима мешаванд.

Энтони Миллз, муовини раҳбари Пажӯҳишгоҳи матбуоти байналмилӣ дар шаҳри Вена мегӯяд, ки дар Туркия бояд ислоҳоти низоми додгустарӣ анҷом шавад.

Вай гуфт, ҳоло дар зиндонҳои Туркия 70 журналист аз рӯи иттиҳоми терроризм ба сар мебаранд, вале аксари ин ҳукмҳо дар натиҷаи ташреҳи нодурусти қонунҳо содир шудаанд.
XS
SM
MD
LG