Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо модари танҳо шикоят доранд, ки шавҳаронашон баъд аз талоқ аз пардохти нафақаи фарзандони худ сарпечӣ мекунанд ва ҳукми додгоҳ низ ин вазъро тағйир намедиҳад.

Бар пояи хабарҳои расмӣ, соли равон дар вилояти Хатлон беш аз ҳазор оила аз ҳам пошида, ҳудуди 1300 кӯдак зери сарпарастии модарон монданд. Аксари ин модарон таҳсил накардаанд ва ҷойи кору манбаи даромад надоранд. Ин дар ҳолест, ки низоми босуботи рӯёнидани нафақаи бачаҳо ва ё алимент тақрибан кор намекунад ва занҳои танҳо ба мушкилоти моливу равонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Кам иттифоқ меафтад, ки талоши онҳо ба рӯёнидани кӯмаки пулӣ аз падарҳо натиҷа диҳад ва аксари чунин парвандаҳо нотамом боқӣ мемонанд.

Соли равон Додгоҳи вилояти Хатлон панҷ падарро, ки аз кӯмаки молӣ ба бачаҳояшон саркашӣ мекарданд, муҷозот кард, аммо бо ин ҳам интизор намеравад, ки онҳо ба таври муназзам ба хонаводаҳои собиқашон ёрӣ расонанд. Зеро бархе аз онҳо аллакай дубора издивоҷ карда, соҳиби кӯдак шудаанд ва ё ҷойи кори собит надоранд.

Саодат Сироҷова, сардори раёсати сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мушкили асосии ин аст, ки ҳамаи мардҳо ҷои кор надоранд, ки аз қисме аз маоши онҳо ба фоидаи зану фарзандон тарҳ карда шавад. Боз аксарияти онҳо дар муҳоҷират ҳастанд ва додгоҳҳо дар пайдо кардани ин падарон, ки бояд алимент супоранд, мушкил доранд.”

Мавлуда Муродова, сокини ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, як писар дар даст ва як кӯдак дар батн 10 сол пеш, дар сисолагиаш аз хонаи шавҳараш дар ноҳияи Рашт ронда шуд. Вай мегӯяд, ки шавҳараш дар ҷое кор намекард, хеле асабонӣ буд ва бисёр вақт заҳрашро бар сари ӯ холӣ мекард. Шаҳараш ӯро талоқ дод ва ӯ иҷборан ба хонаи падараш баргашт. Мавлуда мегӯяд, номусаш чандин сол иҷозат надод аз шавҳараш, ки дилашро ранҷонда буд, кӯмаки молӣ пурсад. Аммо мегӯяд ӯ, “ҳоло бачаҳо бузург шудаанд, бештар мехӯранду либоси бештар талаб мекунанд.”

Ҳоло шавҳараш барои барои ҳар як кӯдак ба Мавлуда 60 сомонӣ медиҳад, яъне 120 сомонӣ, наздики 23 доллар. Ба ин маблағ Мавлуда метавонад моҳе як халта орди камсифат бигирад. Боқӣ мушкили худаш ҳаст, ки ду кӯдакро чи тавр бузург кунад.

“Барои фарзандонам, ки яктоаш дар синфи 9 ва дигаре дар синфи 5 мехонад, 120 сомонӣ мегирам, ки барои яктоаш сару либос намешавад, нарх дар бозор қимат аст. Худам, ки маълумоти олӣ надорам, наметавонам, ки кор пайдо кунам. Мехоҳам, ки алиментамро зиёд кунам, вале барои навиштани як ариза барои адвокат бояд 150 сомонӣ диҳам, ки имконашро надорам,”-- мегӯяд Мавлуда Муродова.

Ба иттилои додгоҳи вилояти Хатлон, падароне, ки ҷойи кори хуб доранд, барои як кӯдак аз 80 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд.

“Барои зане, ки ҷое таҳсил накардааст рӯёндани алимент кори осон нест. Наздики 6 моҳ ба додгоҳи ноҳияи Вахш, ки шавҳарам он ҷо зиндагӣ мекунад, рафта омадаам. Аммо мардҳо на барои фарзандҳо пул медиҳанд на тарбияи онҳоро ба гардан мегиранд. Ҳафт моҳ шудааст, ки ман алименти фарзандамро нагирифтаам. На аз шавҳарам хабар аст на аз алимент.”-- Мегӯяд Санавбар Иброҳимова, муаллимаи яке аз мактабҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ки даводаву коғазбозии кӯмакпулии шаҳарро худаш таҷриба кардааст. Санавбар Иброҳимова, ки 32 сол дорад, мегӯяд, ки оилаи ӯ бино бар рашки аз ҳад беши шавҳараш ва дахолати модаршӯяш ба умури хонавода аз ҳам пошид.

Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо мегӯяд агар мард се моҳ дар пардохти кумакпулӣ таъхир кунад ва баргаи пардохти алимент аз бонк ба додгоҳ наравад, ходимони додгоҳ ӯро бар пояи банди 177 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарпечӣ аз пардохти кӯмакпулӣ муттаҳам мекунанд. Банди мазкур ҷазоҳои гуногуне аз 180 соат кори маҷбурӣ гирифта, то ду соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Аммо садҳо зани хатлонӣ, ки аризаҳояшон дар додгоҳ беҳракат хобидаанд, мушкилро дар кори сусти суд-иҷрочиҳо медонанд, ки наметавонанд, бандҳои ҳалномаи додгоҳро иҷро кунанд.

Чанд сол пеш Ваклоатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон пешниҳод карда буд, дар фурудгоҳҳҳо номгӯйи афроди аз алимент қарздор таҳия шавад ва ба онҳое, ки аз нафақаи фарзандони худ қарздоранд, иҷозаи парвоз дода нашавад. Вале ин пешниҳод ҷомаи амал напӯшид ва вазъ тағйире накардааст.

Барои бисёре аз аҳли ҷомеа суоломез аст, ки чаро падарон аз пардохти нафақаи фарзандони худ саркашӣ мекунанд, дар ҳоле ки ин маблағ барои ба воя расидани фарзандони онҳо сарф мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки аксари падарон фикр мекунанд, фарзандони як замон тарккардаи онҳо рӯзе ба суроғашон хоҳанд омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG