Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷӯрабой Бобоев як қадам ба адолат наздик шуд


Ҷурабой Бобоев ва вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов

Ҷурабой Бобоев ва вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов

Додгоҳ дар иртибот ба шикояти Ҷурабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки гуфта мешавад дар натиҷаи шиканҷаи маъмурони пулис даргузаштааст, қарори додситониро бекор кард.

Додгоҳ қарор кард, ки парванда дубора мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад. Додситонии вилоят бозҷӯии пешакии парванди марги Исмонбой Бобоев дар маҳбасро ду соли пеш қатъ карда буд.

Дар пайи саҳлангории мақомоти додситонии Суғд, муддати ду соли ахир барои баррасии ин парванда, Ҷурабой Бобоев, падари марҳум Исмонбой Бобоев бо кӯмаки Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят бурд ва талаб кард, ки ба фаъолияти ин ниҳод баҳои ҳуқуқӣ дода шуда ва расидагӣ ба қазия дубора аз сар гирифта шавад.




Бахши тафтишоти додситонии вилояти Суғд моҳи марти соли 2010 дар нисбати марги Исмонбой Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ҳатто дар иртикоб ба ин ҷиноят Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони РУБОП ё Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд гумонбор дониста шуданд. Аммо Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи парвандии ҷиноӣ ба сабаби бемории афроди гумонбар дар таърихи 25 июни соли 2010, қатъ карда шуд.

Вакили мудофеъ гуфт, баррасӣ дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки Ҷурабой Бобоев, борҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита шикоят бурд. Марҳум Исмонбой Бобоев

Марҳум Исмонбой Бобоев

Мақомоти додситонии вилояти Суғд тафтишоти парвандаро дар моҳи октябюри соли 2012 дубора аз сар гирифт. Аммо боз ҳам додситонӣ баррасии парвандаро ба сабаби бемории Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акабров, кормандони РУБОП ва ҳамзамон афроди гумонбар дар ин қазия дуввумбора қатъ кард.

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, «ҳамакнун Ҷурабой Бобоев мехоҳад, то додгоҳ амали додситониро мӯшикофона баррасӣ кунад ва ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ гуфт, ки «пас аз муроҷиатҳои мо ба бемористонҳое, ки ба Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров санади тибӣ додаанд, маълум шуд, ки танҳо як нафари онҳо бемор будааст ва он ҳам грипп ё сармохурдагӣ, ки ин гуна муносибати додситонӣ ба қазия, мантиқӣ нест.»

Ба ин тартиб Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев афзуд, ки «мақсади ман ҳамин ки додгоҳ бо қарори худаш додситониро водор кунад, ки ин кор ғайриқонунӣ аст.»

Исмонбой Бобоеви 30-сола, сокини шаҳри Хуҷанд пас аз баргашт аз муҳоҷират аз Русия дар таърихи 19 февралои соли 2010, аз сӯи Фирдас Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, маъмурони РУБОП ё Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд боздошт гардид. Исмонбой Бобоев, пас аз бозпурсии маъмурони РУБОП фавтидааст, ки ба иддаои Ҷурабой Бобоев, марги писараш дар пайи шиканҷаи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров рух додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG