Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Фарзонаи Хуршедро ба хок супурданд


Хуршед Рабиев - шавҳари Сурайёи Қосим ва падари Фарзонаи Хуршедро рӯзи 30 сентябр дар Кӯлоб ба хок супурдаанд.

Маросими намози ҷанозаи Хуршед Рабиев зӯҳри 30 сентябр дар масҷиди маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки бо номи "масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо" маъруф аст, доир шуд ва сипас ӯро дар оромогоҳи воқеъ дар самти Гулбоғ ба хок супурдаанд. Дар ин маросим шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ва мақомоти дигари ин минтақа ҳузур доштаанд.

Хуршед Рабиев, шавҳари Сурайёи Қосим ва падари Фарзонаи Хуршед шоми якшанбе дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ҳангоми сафари хидматӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯи сардори муассисаи нақлиётии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб буд, ба хотири таҳияи шароити сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг эъзом шуда буд.

Подполковник Хуршед Рабиев соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Дӯстону наздикон аз вай ба унвони марди шуҷову далер ва меҳрубону ғамхор ёд мекунанд.

Сурайёи Қосим
Сурайёи Қосим
Хуршед Рабиев шавҳари Сурайёи Қосим ва падари Фарзонаи Хуршед, овозхонони саршинос, писари Ҳабибулло Рабиев, собиқ раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар даврони Шӯравӣ ва раиси собиқи кумитаи дини Тоҷикистон мебошад.
Ӯ, ба гуфтаи афроди огоҳ, ҳанӯз дар овони донишҷӯияш ба Сурайёи Қосим дил баста, бо онки аз нигоҳи синну сол аз ӯ хурд буд, алорағми суннатҳои роиҷ дар ҷомиаи Тоҷикистон бо ин овозхони шинохта издивоҷ кард. Фарзонаи Хуршед ва ду писари дигар меваҳои ҳамин издивоҷанд.

Фарзонаи Хуршед, ки ба дунболи хоҳарбузургаш Шабнами Сурайё бо як ғулғула вориди майдони ҳунар шуд, дар авоили соли 2011 бо ҷурми кумак ба фирори дӯстписараш аз зиндон худ ба 2 соли маҳбас маҳкум шуд. Баъди раҳоӣ аз маҳбас Фарзона дубора ба саҳна баргашт ва ҳоло дар радифи ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG