Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии падари "Алии Бедакӣ" ва 1200 маҳбуси дигар дар рӯзи дуюми афв


"Алии Бедакӣ". Акс аз бойгонӣ
"Алии Бедакӣ". Акс аз бойгонӣ

Дар рӯзи дуюми иҷрои қонуни афв беш аз 1200 маҳбуси дигар, бо шумули Музаффар Давлатов, падари 78-солаи "Алии Бедакӣ", аз маҳбасҳои Тоҷикистон раҳо ёфтаанд. Ҷамъи афвшудагон дар 2 рӯзи аввал аз 2000 гузашт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзи дувуми иҷрои татбиқи қонуни афв боз 1200 нафари дигар аз зиндонҳо раҳо ёфта, ҷамъи онҳое, ки бо шарофати афв ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон озод шуданд, дар зарфи ду рӯзи аввал аз 2000 гузашт.

Дар байни онҳое, ки мавриди афв қарор гирифтанд, як идда аз маҳбусону боздоштшудаҳои маъруф ҳам ҳаст. Аз ҷумла бино ба хабарҳои дарёфтӣ, бар асоси қонуни афв, Музаффар Давлатов, падари 78-солаи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба “Алии Бедакӣ”, низ аз маҳбас раҳо ёфтааст.

Музаффар Давлатов дар моҳи январи соли 2011, дар пайи қатли “Алии Бедакӣ” дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадасти ӯву Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дастгир ва бо ҷурми “хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди содиршавии ҷиноят” ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Бародари “Алии Бедакӣ” – Ҳусниддин Давлатов, ки дар маҷлиси ноҳияи Рашт вакили ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ буд, низ дар соли 2011 бо иттиҳоми таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт боздошт ва ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё афви ахир Ҳусниддин Давлатов ва ҳудуди 50 тани дигар аз сокинони Раштро, ки бо ҷурми ҳамдастӣ дар ошӯби “Алии Бедакӣ” ва Мулло Абдуллоҳ ба зиндон андохта шуданд, фаро мегирад ё на.

Муаттара Ҷӯраева
Муаттара Ҷӯраева

Мақомот дар ҳамин ҳол, эҳтимоли афв шудани Далер Нақибов, корманди раёсати консулии вазорати умури хориҷаро, ки дар моҳи сентябр бо гумони ришвагирӣ дастгир шуда буд, тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки моҳе пеш бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шудааст, танҳо дар сурати ҷуброни зиёне, ки ба мардум расондааст, метавонад ба афв умед бандад.

Мақомоти идораи зиндонҳои вазорати адлия мегӯянд, рӯзи 4 ноябр боз беш аз 1200 маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо ёфта, ҷамъи онҳое, ки тайи ҳамагӣ 2 рӯзи аввали афв ба озодӣ расиданд, бо иловаи беш аз 800 хушбахти рӯзи аввал аз марзи 2000 нафар мегузарад.

Дар нимаи дуюми рӯзи 4 ноябр аз ҷумла гурӯҳи кории раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия аз муассисаи махсуси рақами 3/7, ки дар онҷо асосан кормандони собиқи мақомоти қудратӣ нигоҳдорӣ мешаванд, 30 маҳбусро озод карданд. Дафтари матуботи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо ходимони собиқи вазорати корҳои дохила, мақомоти додситонию додгоҳҳо ва раёсати марзбонию дигар ниҳодҳои интизомӣ мебошанд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба муддати мухталиф маҳкум шуда буданд.

Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 4 ноябр аз зиндони “Ғаровутӣ”, воқеъ дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон 513 маҳбус ва аз маҳбаси рақами 4, воқеъ дар маҳалаи “1-уми Совет”-и шаҳри Душанбе 321 зиндонӣ тибқи қонуни афв раҳо ёфтаанд.

Раҳоии маҳбусон аз яке аз зиндонҳои Душанбе. 3 ноябр
Раҳоии маҳбусон аз яке аз зиндонҳои Душанбе. 3 ноябр

Субҳи 4 ноябр раёсати маҳбасҳои вазорати адлия хабар дод, ки аз зиндони Ёвон, воқеъ дар 50-километрии ҷануби пойтахти кишвар 325 маҳбусро, ки бо ҷиноятҳои сабук маҳкум шуда буданд, раҳо кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи ҳамагӣ 2 рӯзи аввали татбиқи қонуни афв аз маҳбаси Ёвон 80 дарсади зиндониҳоро ҷавоб додаанд.

Рӯзи 3 ноябр аз зиндони занонаи Норак, маҳбаси ноболиғон дар Душанбе ва аз боздоштгоҳҳову зиндонҳои дигари кишвар беш аз 800 маҳбус, аз ҷумла Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи вазири собиқи саноат Зайд Саидов озод шуданд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 13 000 маҳбус адои ҳукм мекунанд. Тибқи қонуни афве, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба шарафи солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосӣ қабул кард, интизор меравад, то 10 000 нафар аз маҳбусон ва афроди таҳти таъқибу тафтиш ба озодӣ бирасанд. Ин 16-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG