Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падаре, ки 12 сол дар орзуи писар буд, бо дасти худ ин писарро қурбон кард.

Вай шаш духтар дошт ва ғамгин буд, ки ҳамсараш яке паси дигар духтар таваллуд мекунад.

Хоҳари ин мард, ки намехоҳад исми хонавода фош шавад, дар бораи ҳодисае, ки ду моҳи пеш дар яке аз рустоҳои канори Душанбе рух дод, чунин нақл кард:

- Ҳама духтарҳояш зебову дастёр. Тамоми корҳои хоҷагӣ ба дӯши онҳову модарашон гузошта шуда буд. Аммо дидани ин духтаракони дӯстрӯ ба дили падар шодӣ намеовард ва ҳастии онҳо барои падар беарзиш буд. Ҳамеша ҳамсарашро маломат мекард, ки барояш тавони писар зоиданро надорад.

Мард ҳамеша таъкид мекард, ки ҳатман бояд писардор шавад, вале бо ҳар таваллуди духтар фазои хонавода тиратар мегашт. Вале ин бор бо истифода аз пешрафти илму фан хост, ҷинси фарзанди ояндаашро аз пеш муайян кунад. Вақте ҷанин панҷмоҳа шуд, ӯ ҳамсарашро ба ташхисгоҳи ултрасадоӣ бурд ва пизишкон барояш гуфтанд, ки соҳиби духтар хоҳад шуд.

Натиҷаи ташхиси дуввумбора низ дар миёнаҳои моҳи май умедворкунанда набуд. Падари бахашмомада қарор кард, ки оҷилан ҳамсарашро дар наздиктарин таввалудхонаи ноҳия бистарӣ карда, аз ҷанин раҳо шавад. Духтурҳо монеъ шуданд, ки ҷанини қариб шашмоҳа шудааст ва сақти он дар чунин син як кори ҷиноист. Сипас мард бо машварати яке аз табибон ба зан доруе дод, ки сабаби таваллуди зуд шуд. Тифлаки шашмоҳа бо роҳи сунъӣ ва азобҳои ҷонкоҳи зан зинда таваллуд шуд ва маълум гашт, ки ӯ духтар не, писар будааст. Вале умраш дер напоид. Баъд аз соате кӯдак ҷон дод.

Падаре, ки 12 сол дар орзуи писар буд, қариб аз ақл бегона мешуд, зеро ӯ бо ташаббуси худ фарзандеро аз ҳаққи зиндагӣ маҳрум кард, ки солҳо интизораш буд. Ҳоло ба гуфти наздиконашон зиндагӣ маънии худро барои ин зану шавҳар гум кардааст ва онҳо намедонанд сари худро ба куҷо зананд.

Аммо, бино ба нақли ҳасмӯҳбати мо, тифле, ки фиканда шуд, агар духтар мебуд, падар аз амали хеш изҳори пушаймонӣ намекард.
Шумори занҳое, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳомиладор мешаванд то ба 215 ҳазор нафар мерасанд.

Шамсиддин Қурбонов – раҳбари пажӯҳишгоҳи илмии акушери гинекологии кишвар мегӯяд, дар 20 соли охир аборт ё сақти ҷанин дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш аст. Агар дар аввали солҳои 1990-ум то 48 ҳазор зан исқоти ҳамл мекард, феълан ин омор дар як сол то ба 15 ҳазор ҳодиса коҳиш ёфтааст. Коҳиши мизони фигона ба барномаҳои мухталифи пешгирӣ аз ҳомиладории номатлуб ва тақсими маводи контрасептивӣ рабт дода мешавад.

Наздик ба 70 дарсади занон дар давраи аввали бордорӣ, яъне то 12 ҳафта даст ба ин амал мезананд, мегӯяд Шамсиддин Қурбонов:

- Мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда, сари масъалаи исқоти ҳамл гуфта шудааст, ки зан ҳаққи интихоби модар шудан ё нашуданро дорад. Шумори фарзанд ва фосилаи тавалуд - ин ҳама аз ихтиёри зан вобаста аст. Аммо тибқи тартиботи муайяншуда то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ зан озодона метавонад аз ҷанин озод шавад. Аммо баъд аз 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ онҳо бояд барои аз ҷанин озод шудан сабаб дошта бошанд. Барои ин 11 нишондоди иҷтимоӣ муайян шудааст. Инҳо бисёрфарзандӣ, шароити бади зиндагӣ, бекорӣ, синну солу саломатии зан, маоши ночиз ва амсоли инҳо далел шуда метавонанд.

Аммо, мегӯяд ҷаноби Қурбонов, фигона ба иллати ҷинс дар Тоҷикистон манъ аст ва ҷазои қонунӣ дорад. Банди 124-и қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ба сақти ҷанин маҷбур кардани зан ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Ба гуфтаи пизишкон, фигона ба иллати ҷинс дар кишвар зиёд рӯй медиҳад, вале волидон ин корро ба яке аз 11 сабаби иҷтимоӣ рабт дода, ҳама гуна пайвандро бо ҷинси ҷанин рад мекунанд.

Гулрухсор, як сокини пойтахт қисса кард, ки ҳамсояшон соҳиби се духтар буд ва шавҳараш ҳамеша ӯро барои духтарзоияш сарзаниш мекард. Билохира ҳамсоязан ду писар ҳам таваллуд кард, вале танҳо баъд аз се фигона, ки ҳамагӣ духтар буданд. Аз қазо, фарзандони ин хонавода ҳама дар як рӯз, дар садамаи тайёрае, ки аз Бадахшон парвоз мекард, ҳалок шуданд. Гулрухсор гуфт, танҳо баъд аз ин фоҷиа падар дарк кард, ки фарзанд ҳамааш фарзанд аст, чи писар ва чи духтар.


Ҷомеашинос Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, бартарӣ додан ба ҷинси фарзанд нишони камхирадист. Ӯ мегӯяд, аз оне ки кӯдак дар оянда обрӯйи волидонашро ҳифз мекунад ё на, аз тарбия вобаста аст ва кам нестанд писароне, ки зиндагии волидон ва наздиконашонро талху торик кардаанд ва зиёданд духтароне, ки бартар аз мардҳо доди мардӣ додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG