Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмурод Одинаев падари маҳбус Сунатулло Ризоев ба нишони ҳимоят аз ҳуқуқҳои фарзандаш дар маҳбаси Хуҷанд барои баргузор кардани пикет ба Вазорати адлияи Тоҷикистон ариза пешниҳод кард.

Маҳмурод Одинаев падари маҳбус Сунатулло Ризоев рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин рӯз ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаи баргузории як пикетро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай дар ин маърака ба қатъи таҳқиру табъизи писараш дар маҳбаси Хуҷанд даъват хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, писараш дар зиндон бо ҳар баҳона аз тарафи кормандони маҳбаси Хуҷанд мавриди таъқиб ва лату кӯб қарор мегирад ва зуд-зуд ӯро барои чанд рӯз дар камераи ҷаримавии маҳбас нигоҳ медоранд.

Намояндаи Шӯъбаи умумии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки имрӯз аризаи сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмурод Одинаевро ба қайд гирифта, барои баррасӣ ба раёсати дахлдор фиристодаанд. Вай гуфт, ки дар ариза зикр шудааст, ки пикет бо ширкати 70 нафар баргузор хоҳад шуд. Аммо аризадиҳанда рӯзи мушаххаси баргузории пикетро зикр накарда, ин амрро дар ихтиёи Вазорати адлияи Тоҷикистон гузоштааст.

Ҷаноби Одинаев дар гузашта низ аз поймол шудани ҳуқуқи писараш дар маҳбаси Хуҷанд шикоят кардааст, вале масъулони маҳбас ва ҳам Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамеша ин иддаои Одинаевро рад кардаанд.

​Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри соли гузашта маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардуруӯғ ва таҳрикомез мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ, корманди додситонии вилояти Суғд, Иброҳим Саидов, дар мурофиаи рӯзи 9-уми октябр аз додгоҳ хост, то Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ба паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои номураттаб кардани фаъолияти маҳбас гунаҳкор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 10 соли зиндон маҳкум кунанд.

Дар ин навор чанд маҳбус бо нишон додани осори зарбулат дар бадани худ аз он шикоят карданд, ки нозирони маҳбаси Хуҷанд ба маҳзи расидани онҳо аз маҳбаси Душанбе дар баробарашон аз зулму шиканҷа истифода кардаанд. Ин маҳбусон, ки мегуфтанд, шоҳиди марги Ҳамза Икромзода буданд ва барои ҳамин ба Хуҷанд интиқол дода шуданд. Вале дертар Садриддин Тошев гуфта буд, ки ин видео саҳнасозӣ шудааст.

Падари Садриддин Тошев, ки ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм дар нисбати фарзанди вай ноодилона аст ва ҳамроҳи вакили дифоъ ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд. Садриддин Тошев, собиқ фармондеҳи мухолифин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми Додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд Тошев боз 10 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд.

Маҳмурод Одинаев -- падари Сунатулло Ризоев мегӯяд, ки то поёни муҳлати ҷазои писараш каме бештар аз 2 сол боқӣ монда буд. Қаблан Сунатулло Ризоев бо қарори Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карда буд, акнун акнун бо иловаи 9 соли ҳукми нав зиёда аз 11 соли дигар дар зиндон хоҳад монд. Одинаев, ки акнун дархости баргузории як пикетро кардааст, қаблан аз Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG