Пайвандҳои дастрасӣ

ВИДЕО: 4 хоҳаракон будем... Аннаву Лилия, Мадинаву Заррагул


Заррагул дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Заррагул дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Чор кӯдаке ки ахиран аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, дар Парваришгоҳи якуми Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Хабарнигорони Озодӣ ба аёдати ин тифлони маъсум рафтанд.

Чаҳор тифлак – Аннаву Лилия ва Мадинаву Заррагул, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳафтаи гузашта ба Душанбе оварда шуданд, ҳоло намедонанд, ки модаронашон аз онҳо даст кашидаанд.

Лилия ва Анна талош мекарданд, то ба по рост шаванд, аммо Мадина дар даст бозичае бо худ хандида, бозӣ мекард ва Заррагул ба ҷуз дасту по задану табассум кори дигаре ҳанӯз карда наметавонист.

Дар утоқе дар Парваришгоҳи рақами 1-и Душанбе, ки ин чаҳор кӯдак нигоҳдорӣ мешаванд, ҳамаи “ҳамсоягон”-и онҳо низ кӯдакони ширмаканд. Ҳарчанд бештари онҳо ба эҳтимоли зиёд боре ҳам аз пистони модар шир нахӯрдаанд.

Лилия дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Лилия дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Аз миёни ин “чаҳоргонаи маскавӣ” Заррагул хурдтарин аст, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ дорад. Бузургтарини онҳо – Анна 10-моҳа аст. Лилия ва Мадина, яке наздик ба 8 моҳ ва дигаре шаш моҳ доранд. Ин тифлонро парасторон дар Русия ҳангоми пур кардани шаҳодатномаи таваллуд ҳамин гуна ба сари худ ном гузоштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, модари се тан аз ин тифлакон расман дархост навишта, аз фарзандони худ ва ҳуқуқи модарӣ даст кашидаанд. Аммо Заррагулро модараш партофта рафтааст.

Нигора Расулова

Нигора Расулова

Нигора Расулова, мудири бахш оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзи 30-юми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд занҳои тоҷик дар шароити гуногун аз фарзанди худ даст мекашанд, бештари онҳо тифлонеро намепазиранд, ки бе никоҳ ё издивоҷи расмӣ ба дунё овардаанд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, фарзанд ёфтанашон дар Русияро аз хешу таборашон пинҳон кунанд. Ҳамчунин фарзанди он идда аз занҳое, ки зиндонӣ шудаанд ва тавони парастории тифлро надоранд, дар кӯча мемонанд

Хонум Расулова афзуд, “новобаста ба он ки ин кӯдакон дар хориҷ аз кишвар таваллуд шудаанд, аммо бо сабаби шаҳрванди Тоҷикистон будани модаронашон мақомоти Русия онҳоро ба мо бармегардонад. Онҳо зери ҳимояи ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамчунин вақте ин кӯдакон ба Тоҷикистон оварда мешаванд, дар сурати солим будан ва пайдо нашудани хешу таборашон барои фарзандхонӣ ба дигарон тавсия дода мешаванд.”

Анна дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Анна дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Ин масъули ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар шаҳрдории Душанбе ба унвони мисол гуфт, чанд моҳ қабл се кӯдаки дигар аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, ки модари якеаш маҳбус буда, модари якеи дигарро ихроҷ кардаанд ва ӯ имкони бо худ овардани тифлашро надоштааст. Ба гуфтаи Нигора Расулова, падари зане, ки зиндонӣ шудааст, изҳор дошт, ки парастории набераашро бар дӯш мегирад.

Ба ин далел, мақомоти Тоҷикистон кӯдаконеро, ки аз Русия оварда мешаванд, то мӯҳлати муайяне ниго медорад ва ба касе барои фарзандхонӣ намедиҳад. Зеро ба гуфтаи мақомот, гоҳо хешу табори зан ё худи ӯ мехоҳанд, худ парастори кӯдаке шаванд, ки зери фишори шароит аз он даст кашидаанд ё натавонистаанд, дар вақташ парасторӣ кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 7 тифли хурдсол оварда шуда, қарор аст, чанди онҳоро ба пайвандонашон бидиҳанд. Дар хонаи кӯдаконе, ки Анна, Лилия, Мадина ва Заррагул парасторӣ мешаванд, боз 86 кӯдаки дигар низ ҳаст, ки синнашон то 4-сола мебошад. Кӯдаконе ки ҳама муштоқи меҳру навозиши падару модаранд, вале бо амри тақдир аз ин неъмати бебаҳо маҳрум мондаанд. Шумори зиёде аз кӯдакони ин парваришгоҳ зиндаятиманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG