Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили ширу шакари тоҷикӣ дар Бишкек


Сароянда Амриддини Кабир ва шоир Сиёвуш
Сароянда Амриддини Кабир ва шоир Сиёвуш

Дар шаҳри Бишкек бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва Созмони тоҷикони Қирғизистон як маҳфили ширу шакар баргузор шуд.

Ин маҳфил ба эҷодиёти шоири тоҷики муқими Бишкек Сиёвуш ва овозхони шоистаи Тоҷикистон Амриддини Кабир бахшида шуд.

Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, гуфт, дар толор аксарият онҳое ҳастанд, ки ба забони ноби форси тоҷикӣ ҳарф мезананд. Аз ин лиҳоз кормандони сафорати Тоҷикистон ва фаъолони Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ талош ба харҷ доданд, ки ин маҳфилро баргузор кунанд ва ду шаби шеъри Сиёвуш ва ҳунари овозхон Амриддинро баргузор намоянд.

Сиёвуш ва Амриддини Кабир бо ашъори тозаву гуворо ва сурудҳои дилангез ба дили ҳазорон сокини Қирғизистон роҳ ёфтаанд ...
Ба гуфтаи ҷаноби сафир, ҳам Сиёвуш ва ҳам Амриддини Кабирро аз сардори давлати Тоҷикистон сар карда то мардуми оддӣ хеле хуб мешиносанд ва ба қадри истеъдоду ҳунари фавқулодддаи онҳо мерасанд. Асомиддин Саидов гуфт, дар муддате, ки шоир Сиёвуш ва ҳунарманд Амриддини Кабир дар сарзамини Қирғизистон ба сар мебаранд, эҷоди худро беш аз пеш ривоҷу равнақ додаанд ва бо ашъори тозаву гуворо ва сурудҳои дилангез дар дили ҳазорон нафар сокини ин сарзамин низ роҳ ёфтаанд, ки боиси ифтихори тоҷикон аст.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ изҳор кард, ки роҳандозии ин маҳфил дар тарғиби шеъри ноби форсӣ ва суруду оҳангҳои мумтози тоҷикӣ дар ин кишвар нақши муассире хоҳад бозид. Ба гуфтаи ҷаноби Мурувват охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта адиби мумтози тоҷик Муъмин Қаноъат ба шоир Сиёвуш ва шоира Фарзона баҳои сазовор дода буд ва таъкид кард, ки онҳо ба арсаи адабиёт бо қадамҳои устувор ворид мешаванд.

Дар ҷараёни маҳфили ширу шакар аз ашъори Сиёвуш намунаҳои зиёд қироат гардид. Ҳамчунин суруду оҳангҳои дилангези Амриддини Кабир ба иштирокчиёни маҳфил шодиву сурур бахшид.
XS
SM
MD
LG