Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозхони попи тоҷик Фарзонаи Хуршед мегӯяд, исми фарзанди дуюм ва писари аввали худро Муҳаммад Хуршед гузоштааст. Ҳоло тифли ӯ якмоҳа аст, вале дар баробари тарбияи ду фарзанд, Фарзона мегӯяд, кори эҷодиро фаромӯш намекунад. Вай гуфт, гоҳо ба ҳангоми аллахонӣ дар сари фарзандаш, оҳангҳои нав эҷод мешавад ва фарзанддорӣ барояш дар таҷрибаи оҳангсозӣ хеле мусоидат кард.

Фарзонаи Хуршед дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 19 сентябр гуфт, ки дар сурати имконияти муносиб ният дорад дар давоми то ним соли оянда консерти нави худро барпо кунад ва ин аввалин консерти ҳунарии ӯ баъди таваллуди писараш Муҳаммад мешавад. Фарзона гуфт, оҳангҳои эҷодкардаи худро ҳанӯз ба оҳангсозону мусиқишиносони касбӣ нишон надодааст. Пеш аз ҳама, гуфт ӯ, модараш корҳои ӯро арзёбӣ хоҳад кард.

Фарзона бо ҳамсараш Фаридун ва духтари навзодаш Закия

Фарзона бо ҳамсараш Фаридун ва духтари навзодаш Закия

Модари Фарзонаи Хуршед – Сурайё Қосимова аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст. Моҳи маи соли ҷорӣ матбуот дар бораи бад шудани вазъи сиҳҳатии ӯ хабар пахш кард ва дар посух худи ин овозхони 59-сола рӯзи 30 май аз шӯъбаи бемориҳои ҷигару меъдаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳолаташ мӯътадил аст ва ҷои нигаронӣ нест. Баъди ин овозхонро фарзандонаш ба Ҳинд барои муолиҷа бурданд.

Дар сӯҳбати рӯзи 19 сентябр Фарзонаи Хуршед гуфт, ки рӯзҳои наздик бояд модарро дубора ба Ҳинд барои гузаштан аз зери назари табибон баранд. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи диагноз ва мушаххасоти бемории овозхон, Фарзона гуфт, баъди даргузашти падар модар афсурда буд ва ҳамин асабоният ба сиҳҳатии ӯ таъсир гузошт. Дар натиҷа, гуфт ӯ, таъйиноти дорувори муайян ба ҷигари ӯ таъсири манфӣ гузошт ва аҳли оила ба хулоса омад, ки бояд модарро дар беруни кишвар зери назари табибони ҳиндӣ муолиҷа кунанд. Ҳоло, мегӯяд Фарзона, вазъи сиҳҳатии модараш хеле беҳтар шудааст, ӯ кору зиндагии ҳамарӯзаи худро идома медиҳад ва фаъолона дар тарбияи ду фарзанди хурдсоли ӯ – Закия ва Муҳаммад иштирок мекунад.

Фарзонаи Хуршед 28 сол дошта, духтари хурдии Сурайё Қосимова ва хоҳари ситораи ҳунари тоҷик Шабнами Сурайё аст. Карйераи овозхониашро 11 соли пеш шурӯъ карда, дар соли 2015 дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple MusicAwards 2015” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон унвон шуд. Ҳамсараш ҳам овозхони поп Фаридуни Хуршед аст. Соли ҷорӣ Фарзона Тоҷикистонро дар маросими ҷоизасупории Big Apple Music Awards дар шаҳри Ню-Йорк муаррифӣ мекунад.

Видео аз бойгонӣ:

XS
SM
MD
LG