Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷирони "Фаровон" мегӯянд, раҳбарияти ин бозор тасмим дорад, ки нархи иҷораи дӯконҳоро то 80% боло барад. Вале бо дахолати мақомоти маҳаллӣ иҷрои ин тасмим то се моҳ ба таъхир афтодааст.

Дар пайи шикояти гурӯҳе аз тоҷирони бозори "Фаровон" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳукумати Суғд, раҳбарияти ин бозор боло бурдани нархи иҷораи дӯконҳоро то 3 моҳ ба таъхир гузоштааст. Ба иттилои масъулони шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Суғд, ин мувофиқа дар мулоқоти муовини раиси вилоят ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гурӯҳи тоҷирону фурӯшандагони "Фаровон" ва масъулони ин бозор ба даст омадааст. ​

Шарифулло Абдуллоев, сардори идораи иқтисод ва савдои ҳукумати Суғд, рӯзи 4 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "соҳибкорони ин бозор бо нархи пештара фаъолияти худро пеш мебаранд. Баъд дар сурати боло бурдани арзиши иҷора ин кор тавассути шартномаи дутарафа анҷом хоҳад гирифт."

Дар ин робита Мирзобаҳодур Умаров, сардори шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз он ки бозори "Фаровон" хусусӣ аст, мақомоти расмӣ ҳаққи дахолати бевосита ба сиёсати таъини нархи иҷораи онро надоранд. Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи вай, масъулони бозор ваъда додаанд, то ҳадди имкон нархи иҷораи дӯконҳоро паст нигоҳ хоҳанд дошт.

Дар охири ҳафтаи гузашта ҳудуди 50 тоҷири бозори "Фаровон"-и Бобоҷон Ғафуров, дӯконҳои худро баставу ба назди бинои ҳукумати Суғд рафта, аз мақомот хоста буданд ба 80 дарсад боло бурдани нархи иҷораи дӯконҳояшон аз ҷониби раҳбарияти ин бозор раҳ надиҳанд. Зеро пардохти ин маблағ барои онҳо миёншикан аст ва савдояшон бо шикаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бозори “Фаровон” аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои вилояти Суғд, дар шаҳраки Ғафуров, рӯ ба рӯи истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ҷойгир аст. То охири солҳои 90-уми асри гузашта, ки аз ин вокзал қаторҳои зиёди мусофирбар ба самти Русия ва водии Фарғона дар ҳаракат буд, бозори “Фаровон” низ аз ҳисоби сафаркунандагон харидорони бешумор дошт. Солҳои охир аз ин роҳ танҳо чанд қатораи мусофирбари Тоҷикистон ба Душанбеву Русия равуо дорад ва муштариёни бозори “Фаровон” ҳам ба андозаи қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Рӯзи 4 апрел дар ин бозор дари ҳама дӯконҳо боз буд ва савдо ба таври муқаррарӣ идома дошт. Гулсуной Шерғозиева, фурӯшандаи молҳои ғизоӣ дар як дӯкони бозори “Фаровон” гуфт, "барои ҳамин дӯкони хурд ҳар моҳ 565 сомонӣ ҳаққи иҷора медиҳам. Онро аз ҳамин моҳ то 80 фоиз, яъне аз ҳазор сомонӣ боло бурданӣ шуданд. Барои ҳамин, мо норозӣ шуда, ба ҳукумат рафтем."

Мисли Гулсуной даҳҳо зану мард болои фарши сементии дӯконҳои бозори "Фаровон" рост истода, савдо мекунанд. Як фурӯшандаи дигари бозор, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар як дӯкони тахминан 15 метри мураббаъ молҳои рӯзгор савдо мекунад. Ӯ гуфт, барои ин дӯкон моҳе ҳудуди 450 сомонӣ пули иҷора пардохт мекардааст. Ба қавли ин мусоҳиби мо, бо таъсири буҳрони иқтисодӣ шумораи харидорон кам шуда, дар як рӯз ба 250 – 300 сомонӣ мол мефурӯшанд. "Аммо аз ин пул аз 30 то 50 сомониаш даромади холиси худам. Намедонам онро ба чӣ сарф кунам - ба аҳли оилаам хӯрок харам ё ба таъмири дӯкон сарф кунам?" - суол гузошт ӯ.

Раиси бозори "Фаровон", ки ба гуфтаи худаш, моҳе қабл сари вазифа омадааст, дар суҳбати бидуни микрофон 3 моҳ мутаваққиф шудани таъини нархи нави иҷораи дӯконҳои бозорашро тасдиқ кард, аммо аз идомаи суҳбат худдорӣ варзид. Ба қавли ӯ, бозори “Фаровон” ба ширкати бузурги "Сомон Суғд" тааллуқ дорад, ки 20 корхонаи бузурги минтақа, аз ҷумла "Корхонаи орди Қайроққум" ва "Корхонаи спирти Исфара"-ро дар ихтиёр дорад.

Дар Тоҷикистон, ки қисмати умдаи сокинони қобили меҳнаташ бо ҷойҳои корӣ тамъин нестанд, бозорҳо як ҷойи аслии фароҳамкунандаи кор ва ба даст овардани рӯзии сокинон маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, тоҷирону фурӯшандагони бозорҳо боло бурдани нархи иҷораи дӯконҳову андозҳо ва дигар пардохтҳоро бо дард қабул мекунанд, ки нони аз даромади савдо ба даст овардаи онҳоро ним хоҳад кард. Тоҷирони бозори "Фаровон" ҳам мегӯянд, умед доранд, ки баъд аз 3 моҳи дигар роҳбарияти бозорашон агар ҳам арзиши иҷораро боло мебарад, то 80 дарсад ва бидуни машварат бо фурӯшандагон нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG