Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаромуз аз ҳаққи берун рафтан аз Тоҷикистон маҳрум шуд (ВИДЕО)


Фаромуз Саидов

Фаромуз Саидов

Фаромуз Саидов, писари 23-солаи Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Фаромуз феълан дар бемористон қарор дорад ва зери варақаи аз кишвар берун нарафтан имзо гузоштааст."

Фаромуз баъди ин сонеҳа дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуд ва ба гуфтаи наздиконаш то ҳол табобат мегирад.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки тафтишоти садамаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва зери назорати Додситонии кулл ҷараён дорад. Ба қавли ӯ, "то ҳол ташхиси тиббӣ анҷом шуда ва ташхиси техникиро мутахассисони Вазорати адлия идома медиҳанд. Яъне, мутахассисон ҳолати техникии автомошинаи Фаромузро ба ҳангоми садама муайян хоҳанд кард."

Шаби 10 сентябри имсол дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидов рух дод, ки бар асари он ду нафар - Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи роҳсозӣ) - ҳалок шуданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, дар робита ба ин садама парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқ муайян хоҳад кард, ки ҳодиса бо айби кӣ рух додааст.

Навори видео инҷост:

Фаромуз баъди ин сонеҳа дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуд ва ба гуфтаи наздиконаш то ҳол табобат мегирад. Рӯзи 16 сентябр модари Фаромуз Саидов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳангоми садама аз сар зарбаи шадид хӯрдааст ва сарусадо дар бораи гӯиё сархуш будани писарашро беасос донист.

Модари Фаромуз гуфт, бо вуҷуди он ки садамаи писараш тасодуфӣ буд, вале онҳо омода ҳастанд, ба хонаводаи қурбониёни ин садама кумак кунанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, "наздикони Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб (корманди Идораи роҳсозии ноҳияи Сино), яке аз қурбониёни садама ба назди мо омада буданд. Мо гуфтем, омодаем, ба онҳо кумак расонем ва аз расонидани ёрӣ ҳеҷ вақт руй намегардонем."

Наздикони Рустам Сатторов, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, ки дар манзили зисти онҳо сурат гирифт, гуфтанд, "наздикони Фаромуз Саидов дар рӯзи бахоксупории Рустам низ омада буданд ва гуфтанд, ки кумак мекунанд." Давлат Сатторов, падари Рустам Сатторов, гуфт, "насиби фарзандамон ҳамин будааст ва намехоҳем боз як нафари дигар муҷозот шавад. Кормандони умури дохилӣ омада ва пурсиданд. Мо гуфтем, ки ҳеҷ даъво надорем".

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик рух дода, пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар се соли пеш буд. Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохта, аммо мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд мошин муталлиқи Расули Амонуллоҳ буд, вале дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG