Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: Садамаи Фаромуз Саидов аз рӯи моддаи 212 таҳқиқ мешавад


Акси Фаромуз Саидов аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Акси Фаромуз Саидов аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Дар робита бо садамаи автомобилии Фаромӯз Саидов аз рӯи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоили нақлия” аз ҷониби Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон парванда боз шудааст. Ин моддаи КҶ Тоҷикистон дар сурати таъйиди ҷиноят дар додгоҳ, аз пардохти ҷарима то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр бо зикри ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин парванда аз ҷониби раёсати тафтишоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боз шудааст. Дар шарҳи қазия ӯ гуфт, ки баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ, ин аснод ба додситонии кулл, ҳамчун органи назоратӣ пешниҳод шудааст ва онҳо бояд “дурустии қарори ВКД-ро баррасӣ кунад”. Хабарҳо дар бораи ин ки гӯё додситонии кулли Тоҷикистон аз рӯи қазияи сонеҳаи автомобилии шаби 10 сентябр дар шаҳри Душанбе парванда боз кардааст, ба ҳақиқат наздик нест, гуфт У. Эмомалӣ.

Шаби 10 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод ва масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари он ду нафар ҳалок шудааст. Фаромуз Саидов писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов аст ва баъди ин сонеҳа дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуд.

Рӯзи 16 сентябр модари Фаромуз Саидов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш ҳангоми садама аз сар зарбаи шадид хӯрдааст ва ҳоло таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Вай иддао кард, ки мошини таҳти идораи писараш ба ӯ тааллуқ дошт ва ду ҳафта қабл харидори шуд.

Модари Фаромуз, инчунин, хабари расонаҳоро дар бораи садамаи фарзандаш воҳима донист ва гуфт, ки сарусадо дар бораи гӯиё сархуш будани писараш поя надорад. Вай афзуд, "ин тавр нест. Сабаби аслии ин садама мушкили чанбараки мошин, яъне ба иллати фаннӣ рух додааст. Вақте мехостааст, ба самти дигар ҳаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархӯрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам."

Модари Фаромуз гуфт, бо вуҷуди он ки садамаи писараш тасодуфӣ буд, вале онҳо омода ҳастанд, ки ба хонаводаи қурбониёни ин садама кумак кунанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, "субҳи ҷумъа наздикони Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб (корманди Идораи роҳсозии ноҳияи Сино), яке аз қурбониёни садама ба назди мо омада буданд. Мо гуфтем, омодаем, ки ба онҳо кумак расонем ва аз расонидани ёрӣ ҳеҷ вақт руй намегардонем."

Наздикони Рустам Сатторов, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, ки дар манзили зисти онҳо сурат гирифт, гуфтанд, "наздикони Фаромуз Саидов дар рӯзи бахоксупории Рустам низ омада буданд ва гуфтанд, ки кумак мекунанд." Давлат Сатторов, падари Рустам Сатторов, гуфт, "насиби фарзандамон ҳамин будааст ва намехоҳем боз як нафари дигар муҷозот шавад. Кормандони умури дохилӣ омада ва пурсиданд. Мо гуфтем, ки ҳеҷ даъво надорем".

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки садама бо иштироки Фаромуз Саидов – писари Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазири кишварро баррасӣ мекунанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи ин садама Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи роҳсозӣ) ҷон дода ва худи Фаромуз Саидов маҷруҳ шудааст.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик рух дода, пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар се соли пеш буд. Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохта, аммо мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд мошин муталлиқи Расули Амонуллоҳ буд, вале дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG