Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархуна, духтаре, ки тӯдаи мардҳо ӯро моҳи марти соли 2015 ба таври ваҳшиёна дар Кобул кобул ба қатл расониданд, бо хонаводааш аз Афғонистон ба Тоҷикистон кӯчид.

Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархунда, як духтари афғон, ки моҳи марти соли равон аз ҷониби тӯдаи мардҳо дар Кобул ба таври ваҳшиёна ба қатл расид, рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба думболи ин ҳодиса як фармондеҳи амниятии Кобул ба ӯ гуфт, ки духтарашро аз ақл бегона эълон кунад ва аз шаҳр берун биравад, зеро касе амнияти ӯ ва оилаашро замонат намедиҳад. Маликзода ҳоло бо хонаводааш ба Тоҷикистон омадаас вале мегӯяд, ки сарнавишти духтари ӯ ва даҳҳо зани дигар бояд дар ҳама қиршрҳои Афғонистон баҳсу баррасӣ шавад.

Фирор ба Кописо ва Тоҷикистон

Куштори даҳшатбори Фархундаи 27-сола дар Афғонистон ва берун аз он вокуниши зиёд ба бор овард. Созмонҳои шаҳрвандӣ бо тақозои муҷозоти масъулони ҳамла ба Фархунда раҳпаймоиҳо ташкил карданд. Моҳи март издиҳоми мардҳо дар Кобул Фархундаро бо иттиҳомоти дурӯғ, ки гӯиё китоби Қуръонро ба оташ андохтааст, бераҳмона латукӯб карда кушта ва сипас ҷасадашро оташ задаанд.

​Мақомоти Афғонистон дар маҷмуъ 49 нафарро бо шумули афсарони нерӯҳои амниятӣ ва полиси ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашиданд. Аз ин байн додгоҳ 4 нафарро ба марг маҳкум кард ва 18 нафар бинобар собит нашудани ҷурмашон аз толори додгоҳ раҳо шуданд. Гурӯҳи боқимонда ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуд.

Аммо модари Фархунда бар ин бовар аст, ки таҳқиқу муҷозоти омилини ин ҷиноят такмил нашудааст.

Садо дар бораи беадолатӣ дар нисбати занон

Ба ақидаи хонум Маликзода куштори бераҳмонаи духтараш як намунаи рӯшани поймолшавии ҳуқуқи занон аст, ки бояд дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи афғон мавриди баҳсу баррасӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ баъди ин ҳодиса дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон камаш 35 зан аз дасти мардон кушта шуданд.

Дар поёни моҳи октябр дар Интернет як навори дудақиқаӣ нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи мардон духтареро сангсор мекунанд ва гурӯҳе дигар ин саҳнаро бо телефонҳои мобил навор мегиранд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, кормандони полис гумонбареро дар даст доштан дар сангсори Рухшона дар вилояти Ғур боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона ва дилдодааш Муҳаммад Гул хонаводаҳои худро тарк намуда, мехостанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Муҳаммад Гули 23-соларо дар маҳзари ом ҳалқовез карданд.

Волидайн ва хоҳарони Рухшона ба хотири амнияташон аз Фирозкӯҳ ба як мавзеи амн интиқол ёфтаанд.

Саҳнаи шаллоқзании Аҳмад ва Зармина, ки рӯзи 30 август дар вилояти Ғӯр иттифоқ афтодааст, нахуст дар телевизиони давлатии Афғонистон ва баъдан дар расонаҳои дигар ҳам намоиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG