Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси замин сокинони Фархорро ба Душанбе овард


Гурӯҳи сокинони ноҳияи Фархор дар Дафтари РО дар Душанбе.
Гурӯҳи сокинони ноҳияи Фархор дар Дафтари РО дар Душанбе.

Як гурӯҳи сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мегӯянд, мақомоти ин ноҳия заминҳоеро, ки се сол пеш ба онҳо дода буданд, бозпас мегиранд.

Нӯҳ нафар аз сокинони ноҳияи Фархор, ки дар ҷамоати деҳоти "Ватан" ва "Сафармад" зиндагӣ мекунанд, пас аз навиштани аризаи шикоятӣ ба унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба радиои Озодӣ омаданд.

Онҳо мегӯянд, ки дар оғози соли 2009 дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор мақомот ба сокинони деҳоти "Ватан" ва "Сафармад" 14,76 ҳектар заминро барои бунёди манзил тақсим карда доданд. Аммо ҳоло мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин қитъаҳои замин ғайриқонунӣ тақсим шудааст ва бунёди манзил дар онҳо мумкин нест. Ба иддаои онҳо, сухан дар бораи сарнавишти 154 сокини ин деҳаҳо меравад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Тағойгул Алиева, яке аз даъвогарон, ки ба Озодӣ муроҷиат кард, гуфт, соли 2010 бинобар танг будани манзили истиқоматиаш, “гову молашро фурӯхта, пули аз муҳоҷират фиристодаи фарзандонашро ба он илова кард ва ҷамъан 1800 доллари амрикоиро” ба масъулин дод, то ки ба ӯ 16 сотих қитъаи замин ҷудо кунанд.

Т.Алиева мегӯяд, ки дар ҷараёни “ҷудо кардани ҳамин қитъаи замин раиси собиқи ноҳия Шариф Ғаффоров, раҳбари кумитаи заминсозии ноҳия Сарҳад Назиров ва муовини раиси ноҳия Қувватов Илҳом ширкат доштанд. Дар ҳузури онҳо харитаи заминро ба мо нишон доданд ва истифодаи ин заминро барои бунёди манзил қоидавӣ гуфта, ба мо ҷудо карда доданд.»

Т.Алиева гуфт, барояш санадҳои тасдиқкунандаи инро, ки қитъаҳои замин ба ӯ тааллуқ доранд, супурда шуд. Аммо, ба гуфтаи хонум Алиева, бо иваз шудани роҳбарони ноҳия дар соли 2010-2011, бунёди манзил дар ин қитъаҳои ҷудошуда “ғайриқонунӣ” эълон шуданд ва ниҳоли дарахтоне, ки дар ин қитъаҳо шинонда шуданд, решакан гардиданд.

Айни чунин шикоятҳоро боз ҳашт сокини дигари ноҳияи Фархор, ки ҳамроҳ бо хонум Алиева ба радиои Озодӣ омада буданд, изҳор карданд. Аз рӯи иддаои онҳо, ҳар як хонавода се сол пеш “аз ду то се ҳазор доллари амрикоиро” барои гирифтани порчаи замин дода буданд, аммо ҳоло сарсону саргардонанд. Онҳо мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ ба онҳо иҷозаи сохтмонро намедиҳанд ва айни замон, касе дар бораи бозгардони пулҳо чизе намегӯяд. “Ё иҷозат диҳанд, ки хона созем ва ё пулҳои моро баргардонанд”, мегӯянд даъвогарон.

Бегихон Собиров, як сокини дигари ин ноҳия, ки аз вазъи баамаломада нороҳат аст, мегӯяд, соли 2010 барои гирифтани қитъаи замин 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт карда буд ва бар ивази ин маблағаш ба ӯ “10 сотих замин” ваъда дода буданд. Баъдан масъулон “аз ҳар як порча замин дусотихӣ ихтисор карда боз ба 17 нафари дигар замин фурӯхтанд”, мегӯяд вай. Собиров мегӯяд, ӯ розӣ буд, ки бо ҳамин 8 сотих замин ҳам қаноат кунад, аммо ҳоло аз ҳамин порчаи замин ҳам маҳрум шудааст.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, радиои Озодӣ бо Қурбон Каримов, раиси кунунии ҳукумати ноҳияи Фархор телефонӣ тамос гирифт. Қ.Каримов рӯзи 22-уюми январ ба Озодӣ вуҷуди чунин масъаларо тасдиқ кард ва гуфт, ки қабл аз таъйин шудани ӯ ба ин мақом, “воқеан ҳам, Чорӣ Одинаев - роҳбари хоҷагии деҳқонӣ 14 гектар замини корами обиро дар маҳаллаи Шаҳртеппа, ки барои бунёди манзил мумкин нест, ба таври ғайриқонунӣ ба сокинон фурӯхтааст”.

Раиси ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, ки «бо қарорҳои қалбакии раиси ин хоҷагии деҳқонӣ ва раиси ҷамоат, ин қитъаҳои замин ба мурдум тақсим карда дода шудааст. Ҳол он, ки аз соли 2008 инҷониб қитъаи замин бо қарори раиси ноҳия ва ё шаҳрак ҷудо карда мешавад. Ин замини тақсимшуда бошад, замини обии кишоварзӣ аст ва барои тақсими он барои бунёди манзил қарори Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст.»

Ҷаноби Каримов гуфт, ки ҳамчун раиси ноҳия гурӯҳи шаҳрвандони даъвогарро ба ҳузур пазируфт ва ба онҳо шарҳ дод, ки раиси хоҷагии деҳқонӣ бо роҳи қаллобӣ аз онҳо пул ситонида барои ҷудо кардани қитъаи замин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ додааст.

Аз рӯи иттилои радиои Озодӣ, қазияи мазкур дар дасти баррасии додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад. Абдусамеъ Дадобоев, сардори раёсати равобити байналмилалии додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, воқеан ҳам чанд нафар сокинони ноҳияи Фархор чанд рӯз пеш ба онҳо бо мактубе муроҷиат карданд. А.Дадобоев гуфт, ки “аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералӣ барои баррасӣ кардани арзу шикояти сокинон гурӯҳи махсус ташкил шудааст, ки ин қазияро баррасӣ мекунад. Баъд аз ду ё се ҳафта, мо дар бораи ҷузъиёти ин қазия маълумот хоҳем дод.»

Ба ин тартиб ҳоло маълум нест, ки сокинони ноҳияи Фархор пулҳои аз дастдодаи худро бозпас мегиранд ё не? Ҳамчунин кафолате вуҷуд надорад, ки ин нафарҳо баъди санҷиши қазия дубора соҳиби порчаи замин шаванд.

Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат буда, мувофиқи қонун он ба сокинони эҳтиёҷманд ройгон дода мешавад. Вале мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи кишвар аз салоҳияти худ истифода карда қитъаҳои заминро дар ивази пул ба мардум медиҳанд ва хариду фурӯши ғайриқонуни замин дар Тоҷикистон солҳои охир ба як мушкили умда табдил ёфтааст. Бояд гуфт дар 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор ҳектар замини обии ҳосилхез ба аҳолӣ ба таври ғайриқонунӣ тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG