Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Фархор барои 154 сокини ин ноҳия билохира 6 ҳектор заминро барои бунёди манзили зист ҷудо кардаанд.

Сокинони аз замин маҳрум шуда гуфта буданд, ки дар сурати сафари президент ба Фархор шикояти худро мустақиман ба Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд расонд. Зоҳиран ҳамин нукта мақомоти ноҳияро ба ҳалли ҳарчӣ зудтари ин қазия таҳрик додааст.

Қурбон Каримов, раиси ноҳияи Фархор 17-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо қарори ҳукумати ноҳия барои 154 занони Фархорӣ, ки сокинони ҷамоати «Ватан» ва «Сафармад» ҳастанд, 6 ҳектор замин дар ҷамоати «Ватан» ҷудо карда шудааст. Қарор аст, ин заминҳоро рӯзи 18-уми октябр тақсим кунанд.

Ҳанӯз ду сол пеш 154 сокини ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор то ба назди қасри раёсатҷумҳури Тоҷикистон омада аз мақомоти маҳаллӣ дар ин бора шикоят карда буданд.



Мақомоти ноҳияи Фархор дар соли 2009 14,76 ҳектар заминро дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ҳамин ноҳия барои бунёди манзил ба сокинон тақсим карда буд. Аммо баъдан мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ хонда, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва идомаи сохтмони манзил дар ин заминҳоро манъ карданд.

Сокинони аз заминҳои худ маҳрумшуда ба идороти мухталиф ва ҳатто то президент шикоят бурданд, вале баҳси ин қазия 4 сол тӯл кашид. Акнун дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мақомоти ноҳияи Фархор бо ҷудо кардани 6 ҳектор замин зоҳиран мехоҳанд ба ин баҳс дар ниҳоят нуқтаи таммат гузоранд.

Ба қавли Қурбон Каримов, интизор меравад, рӯзи ҷумъа муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба ноҳияи Фархор биояд ва дар ҳузури ӯ ин порчаҳои замин ба занони ниёзманд тақсим карда мешавад. Каримов гуфт, «баҳси замин чанд сол қабл хеста буд ва хеле печида шудааст. Ҳоло бо тақсими замин ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.»

Гурӯҳе аз занони норозӣ ахиран дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ шуданд ва изҳор доштанд, ки дар ҷараёни боздиди президент ба ноҳияи Фархор дар рӯзҳои наздиктарин шикояти худро «чашм ба чашм» ба Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд расонид.

Тавре Моҳлиқо Каримова, сокини ҷамоати «Ватан» ва яке аз сокинони аз замин маҳрумшуда, гуфт, раиси ноҳия Қурбон Каримов онҳоро ба ҳузур пазируфт ва дар масъалаи замин ва роҳҳои ҳалли он сӯҳбат кардааст.
Моҳлиқо Каримова гуфт, ба онҳо ваъда кардаанд, ки рӯзи дигар дар ҳузури Муродалӣ Алимардон заминҳои онҳоро тақсим мекунанд.

Занони фархорӣ борҳо барои додхоҳӣ ба Кохи раёсати ҷумҳур ба додситонии кулл омаданд, вале талошҳояшон то кунун натиҷае надода буд. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ будааст. Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд. Онҳо мегуфтанд, баҳои иштибоҳи мақомотро набояд мардум бипардозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG