Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Восиев дар “Волгар”-и Астрахан бозӣ мекунад


Фарҳод Восиев
Фарҳод Восиев

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар бошгоҳи «Шинник»-и Ярославл бозӣ мекард, бо бошгоҳи “Волгар”-и Астрахан шартнома баст.

Дастаи “Волгар” дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекунад. Ин даста дар мусобиқаи мавсими солҳои 2012/2013 алъон миёни 17 даста дар ҷойи пешазохирин – 16-ум ҷойгир шудааст.

Фарҳод Восиев дар сомонаи бошгоҳи “Волгар” гуфтааст, "хеле шодам, ки дар ин бошгоҳ бозӣ мекунам. Кӯшиш мекунам тамоми имкониятамро барои аз вазъияти кунунии душвор баровардани даста сарф намоям, то ин ки “Волгар” минбаъд барои ҷойҳои баланд мубориза барад."

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан буд. Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст. Соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник» буд.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG