Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Восиев дигар дар “Шинник” бозӣ намекунад


Фарҳод Восиев
Фарҳод Восиев

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, дар ҳайати бошгоҳи «Шинник»-и Ярославл дар давраи баҳории мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи миллии футболи Русия ширкат нахоҳад кард.

Дар ин бора Александр Побегалов, сармураббии “Шинник”, ба оҷонсии «Р-Спорт» хабар додааст. Вай гуфтааст, «Восиев дар дигар бошгоҳ бозӣ хоҳад кард, вале дар кадом даста ҳанӯз маълум нест, ҳарчанд ӯ пешниҳод дорад.”

Бошгоҳи «Шинник» дар доираи омодагиҳо ба давраи баҳории мусобиқа дар айни ҳол дар Ярославл ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, ки то 22-юми январ идома хоҳад кард.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан буд. Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст. Соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник» буд.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ( 2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG