Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи "Фарҳод" аз Тоҷикистон аст ё Узбакистон?


Обанбори "Фарҳод"
Обанбори "Фарҳод"

Нерӯгоҳи барқи обии "Фарҳод"-и Узбакистон, воқеъ дар поёни обанбори ҳамном дар шимоли Тоҷикистон, дар саҳифаҳои "Википедия"-и русӣ мӯҷиби баҳсҳои мармуз шудааст.

Аз рӯзи 14-уми апрел то ба ҳол дар Википедияи русӣ чаҳор таҳрир сари аз кӣ будани ин нерӯгоҳ ворид шудааст. Бино ба фарзияи 14-уми апрел ин нерӯгоҳ дар рудхонаи Сирдарё, наздики шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Узбакистон нишон дода мешавад. Аммо дар фарзияи 18-уми апрел суроғаи ин нерӯгоҳ "рӯи рудхонаи Сирдарё, наздики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Тоҷикистон" омадааст.

Умеди Ҷайҳонӣ
Умеди Ҷайҳонӣ
Умед Ҷайҳонӣ, яке аз муаллифони "Википедия" инро идомаи "ҷангҳои виртуалӣ (маҷозӣ)-и Тоҷикистону Узбакистом" унвон мекунад, ки дар ҳар яке бидуни мадрак нерӯгоҳ ва сарбанди "Фарҳод" вобастаи ё "Узбекэнегро" ё "Барқи тоҷик", яъне моликияти як ҷониб дониста мешавад. Ӯ афзуд, "ба суроғи Энсиклопедияи бузурги Шӯравӣ рафтам ва он ҷо навишта шудааст, ки нерӯгоҳ аз Узбакистон ва сарбанд аз Тоҷикистон аст. Ин таърифи дуруст аст. Яъне он чӣ дар Википедия дида мешавад, як ҷанги виртуалист. Аммо хусусияти Википедия чунин аст, ки ҳар касе ҳар чӣ хост, менависад. Онро ҳар кас ҳам намехонад ва мадраки боэътимод ҳам маҳсуб намешавад."

Баҳси нерӯгоҳи "Фарҳод" дар Википедия дуруст замоне роҳандозӣ шудааст, ки Узбакистон теъдоди назарраси нерӯҳои низомиашро дар ин минтақаи марзӣ ҷойгир карда буд ва ниҳодҳои марзбонии ду кишвар музокирот анҷом медоданд. Расман мавзӯи ин музокиротро содда кардани равуои шаҳрвандони ду кишвар тариқи гузаргоҳҳои марзӣ унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол, сар задани ҳамчунин баҳсҳоро иддае аз коршиносон бесабаб намедонанд, зеро нерӯгоҳи "Фарҳод" аз иншооти беназирест, ки як қисм, яъне сарбандаш дар Тоҷикистон ва қисмати дигараш, иншооти тавлиди барқ дар Узбакистон аст. Ба қавли онҳо, бояд миёни ду кишвар созишномае ба тасвиб расад ва ба тамоми баҳсҳо сари нерӯгоҳ ва обанбору сарбанд хотима гузорад.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, аз Кумитаи саноат ва энержии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол истифодаи обанбори "Фарҳод" бар асоси созишномаи истифодаи оби Сирдарё дар соли 1991 танзим мешавад. "Созишнома дар бораи истифодаи оби Сирдарё танҳо вуҷуд дорад, ки миёни се кишвар - Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон вуҷуд дорад. Дигар сарбандҳое ҳастанд, ба монанди Қайроққум, ки барои обёрӣ истифода мешаванд ва ин аҳамиятро надоранд",-афзуд Шабдолов.

Иддае дигар аз коршиносон таҳрир шудани матни нерӯгоҳи Фарҳод дар Википедияро бозгӯии хоҳишҳои пинҳону ошкори шаҳрвандон ва ё худ хадамоти вижаи ду кишвар унвон мекунанд, ки як гуна расидан ба асабҳои якдигарро мемонад.
Бобоҷон Икромов, таҳлилгари минтақавӣ мегӯяд, дар оянда шояд аз ин бадтар таҳрирҳое дар сафҳаҳои интернету берун аз он пеш хоҳанд омад. Вай мегӯяд, гоҳо ин гуна баҳсҳо хеле хандаовар ва нафратовар мешаванд: "То элитаи сиёсии ду кишвар ба ҳам наояду сари мизи музокирот нанишинад, ин баҳсҳои хурду реза идома хоҳанд кард. Ҳоло ҳарду тараф бар инанд, ки бояд сарони кишвар ба ҳам оянд. Дар акси ҳол коре нахоҳад шуд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим


Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳам баҳс дар Википедияро равған рехтан ба оташи мухолифатҳои ду кишвар сари масоили марзӣ унвон кард ва гуфт, баҳсе бар сари нерӯгоҳи Фарҳод миёни ду кишвар вуҷуд надорад. Аммо дар гузашта расонаҳои давлативу мустақил сарбанду обанбори "Фарҳод"-ро муҳимтарин баҳси миёни ду кишвар унвон карда, навишта буданд, ки Узбакистон аз Тоҷикистон хостори ба ихтиёраш гузоштани ҳам сарбанд ва ҳам обанбори "Фарҳод" аст. Обанбори "Фарҳод", ки ҷараёни обро ба вилояти Тошканд ва корхонаҳои саноатии пойтахти Узбакистон танзим мекунад, яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои обии Тоҷикистон ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG