Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯзи Маскав: Дар Лужники ва Rock House (ВИДЕО)


Консерти Баҳроми Ғафурӣ дар Rock House-и Маска. Акс аз хабаргузории TajInfo

Консерти Баҳроми Ғафурӣ дар Rock House-и Маска. Акс аз хабаргузории TajInfo

Рӯзи 22 март дар минтақаи Лужникии Маскав Наврӯзи муштараки миллатҳои муқими пойтахти Русия ва дар толори Rock House-и Маскав консерти овозхони маъруфи тоҷик Баҳроми Ғафурӣ доир шуд.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Маскавро имсол ситораҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик Ҳасани Ҳайдар, Ноҳиди Зайналпур ва Баҳроми Ғафурӣ зиннат додаанд.

Таҷлили байналмилалии Наврӯз таҳти пуштибонии шаҳрдории Маскав ва бо ширкати намояндагони миллатҳое, ки Наврӯзро иди миллии худ мешуморанд, рӯзи 22 март дар толори бузурги Кохи киною-консертии "Россия", воқеъ дар минтақаи Лужникии Маскав доир шудааст.Чунин таҷлили муштараки Наврӯз дар Маскав соли севум аст, ки баргузор мешавад.

Имсол дар ин ҷашн ба намояндагӣ аз Тоҷикистон овозхони шинохта Ҳасани Ҳайдар ширкат кардааст. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба Озодӣ хабар дод, ки сафорат дар ҷашни Наврӯз дар Лужники намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва санъати гулдӯзӣ, аз ҷумла, сӯзаниҳои манотиқи гуногуни Тоҷикистон, китобу мусавварахо ва дигар офаридаҳои ҳунармандони мардумиро ташкил дода буд ва меҳмони ҷашн ҳамчунин аз шириниҳову таомҳои тоҷикӣ лаззат бурданд.

Шоми 22 март ҳамчунин дар толори мӯҳташами Rock House-и Маскав консерти овозхони маъруфи тоҷик Баҳроми Ғафурӣ доир шуд. Ин корсерт бо ибтикори продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров ва хабаргузории TajInfo ташкил шуда, бино ба гузориши масъули ин хабаргузорӣ Ғуфрон Ваҳҳобов, дар як фазои хеле идонаи наврӯзӣ гузашт. Овозхони дигари тоҷик Ҳофиз Зокиров дар ин консерт Баҳроми Ғафуриро ҳамроҳӣ кардааст.

TajInfo менависад, консерти овозхонҳои тоҷик ҳолу ҳавои Наврӯзи Тоҷикистонро дар зеҳни муҳоҷирони тоҷики муштоқи Ватан бедор кард. Ба гуфтаи шоҳидон, аҳли толор аз Баҳроми Ғафурӣ ҳар сари чарнд вақт такроран хондани таронаи маъруфи "Ай муҳоҷирбачаи саргардони тоҷик..."-ро, ки ба як гими муҳоҷирон табдил ёфтааст, дархост мекарданд.

Таронаи "Муҳоҷирбача"-ро, ки зимнан бояд гуфт, матн ва мусиқиашро хабарнигори Радиои Озодӣ Фарҳоди Милод эҷод кардааст, метавонед дар Ютюб дар ин нишонӣ тамошо кунед:

https://www.youtube.com/watch?v=qKjMZHkja2o




Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, тантанаҳои наврӯзии тоҷикон дар манотиқи дигари Русия, аз ҷумла дар вилоятҳои Иваново, Твер, Новгород, кишвари Краснодар ва Ҷумҳурии Тотористон низ доир шуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 23 март овозхони шӯҳратёр Далер Назаров ва гурӯҳи "Шамс"-и Нобовар Чаноров дар минтақаи Измайловои пойтахти Русия барои тоҷикони муқими Маскав маҳфили хоси наврӯзӣ меороянд.

Медиаҳолдинги TajInfo ва ширкати продюсерии TopMedia-и Беҳрӯз Зеваров тафовуқ кардаанд, ки дар оянда ҳам консертҳои овозхонҳои маъруфи тоҷикро дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик ташкил кунанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар Русия то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар тӯли муддате ки дар Русия ба сар мебаранд, аз ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон комилан канда мешаванд ва ба ҷуз аз ангуштшумор консертҳое, ки он ҳам асосан дар чанд шаҳри бузургтарини Русия барпо карда мешаванд ва шумори маъдуди муҳоҷирон имкони тамошояшро доранд, ҳаёти боқӣ мардикорони тоҷик дар тамоми муддати кору зиндагиашон дар Русия маъмулан бор схемаи хеле одии "хона - кор- хона" маҳдуд мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG